Баъзе вақтҳо инсон дӯстоне пайдо мекунад, ки дар як муддати кӯтоҳ бо ҳам ончунон самимӣ мешавед, ки фикр мекунед аз хурдӣ ҳамдигарро мешиносед. Соли 2004 буд, ки бо Қиёмиддин ошно шудам. Аммо ин шиносоӣ дар як муддати кӯтоҳ ба дӯстӣ ва бародарӣ табдил ёфт.
Вақте хостам дар бораи ӯ чизу бинависам пеш аз ҳама лабханди зебову либосҳои ҳамеша мураттабу дарзмолкардааш пеши назарам омад. Ӯ либосҳои гаронбаҳо намехарид, аммо либосҳояш ҳамеша хеле шинаму мураттаб буд. Мошинаш ҳам ҳамеша тозаву озода буд.
Ёд дорам боре вақте мошинашро мешуст ҳаво хуб буд. Ӯ бо шухӣ гуфт ман ҳар вақт мошинамро инҷо мешӯям баъдаш борон меборад ва бо ҳам шухӣ кардему хандидем. Мошинашро шуст ва каме пас борон шуруъ ба боридан кард ва ман гӯфтам “акаи Қиёмиддин худат авлиё будаӣ, ҳаминро медонистӣ чаро онро шустӣ?”
Ӯ дар кишвари Либия забони арабӣ хонда буд. Улуми шаръиро низ хуб медонаду мефаҳмад. Ҳофизи қуръон аст. Муболиға нест агар бигӯям яке аз хушахлоқтарин инсонҳоест, ки ман дидаам. Бо хурду калон муносибати яксон дошт ва касеро аз худаш ранҷондан намехост.
Касеро надидаам, ки ӯро бишносад ва аз ӯ нороҳатие дошта бошад.
Аммо ӯро бо туҳмат ба зиндон фиристоданд ва ин 6 умин зодрӯзаш ҳаст, ки дар зиндони зулму ҷаҳолат ҷашн мегирад. Хонавода ва дӯстонаш бошад фақат аз ӯ ёд мекунанду зодрӯзашро ба ҳамдигар табрик мегӯянд.
Қиёмиддин 24 уми Июни 1973 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст.
Таҳсилот:
1980 – 1990 Мактаби миёнаи №20-и ноҳияи Вахш.
1996 – 1997 Омӯзишгоҳи исломии Ҷумҳурии Либия.
1998 – 2002 Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Либия дар
риштаи забон ва адабиёти араб.
2003 – 2008 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дар
факултаи иқтисод ва идора (САИ).
2009 – 2010 Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, факултаи
шарқшиносӣ, магистер дар риштаи забон ва
адабиёти араб.
Собиқаи корӣ:
2001 – 2002 Раиси Иттињоди донишҷӯёни тоҷик дар
Ҷумҳурии Либия.
2003 – 2005 Масъули бойгонии дафтари раиси Ҳизби
наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ).
2006 – 2007 Ёвари раиси Дастгоҳи иҷроияи ҲНИТ.
2008 – 2012 Раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ.
2012 – 2013 Муовини раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри
Душанбе.
2014 – то ҳол Раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе.
Сафарҳои омӯзишӣ – таҷрибавӣ:
Ҳиндустон, Туркия, Ирон, Америка.
Забонҳо: Форсӣ, арабӣ, русӣ, англисӣ.
Ҳолат: Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Ӯро бо иттиҳомоти сохтагӣ дар соли 2015 ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Ҳукме, ки бо ягон меъёри ҳуқуқиву инсонӣ дуруст намеояд ва аксарияти созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Камиссияи Ҳуқуқи Башари СММ онро мардуд дониста, озодии Қиёмиддин ва ҳамроҳонашро аз ҳукумат талаб кардааст.
Зодрӯзат муборак Қиёмиддини азиз!
Бо орзуи озодии ҳарчи зудтари ҳамаи зиндониёни сиёсӣ!