Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
М. Кабирӣ: Ман барои курсӣ не, барои ҳукумат талош карда истодаам...(видео)

М. Кабирӣ: Ман барои курсӣ не, барои ҳукумат талош карда истодаам...(видео)

Раҳбари  Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки шоми дирӯз бо пахши мустақим бо мардум сӯҳбат кард, ба суолҳои зиёди бинандагон низ посух гуфт, ки қисмате аз он суолу посухҳоро мо ҷамъоварӣ кардем.

Гуфтанист мавзӯъи сӯҳбати дирӯзи раҳбари мухолифин худкушии зиёди сокинони кишвар буд. Кабирӣ дар сӯҳбаташ омори мақомотро зери суол бурд ва аз мардум даъват кард ҷои он ки даст ба худкушӣ зананд, ба мубориза барои ҳуқуқҳояшон иқдом кунанд.

Инак қисмате аз суолҳое, ки ба раҳбари мухолифин дода шуд ва посухи онҳо:

Суол: Мо мебинем, ки мухолифини тоҷик парокандаанд, аммо дар масоили асосӣ ҳамфикр мебошанд. Ин дуруст аст ё мо хато мекунем?

Посух: Бале, мухолифин аз лиҳози сохторӣ муттаҳид нестанд, аммо дар ҳадаф ва масоили асосӣ, аз ҷумла ин ки Тоҷикистон бояд як кишвари демократии ҳуқуқбунёд бошад, миллати тоҷик сарбаланд бошад, фасод вуҷуд надошта бошад, интихоботҳо шаффофу демократӣ бошанд, ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ муттаҳиданд.

Суоле аз муҳоҷири тоҷик дар Русия  дар бораи ин ки ӯ чӣ хидмате ба мухолифин карда метавонад.

Посух: Ҳамин, ки шумо менависед ва ҳамраъйӣ мекунед, ин худаш хидмати бузург аст. Аммо шумо метавонед як хидмати дигар ба миллату ватан кунед. Шумо ҳоло ба гуфтаи худатон фаҳмидед, ки мо террористу хоин нестем ва ҷои мо дар ватан аст. Фаҳмидед, ки тӯҳмат карданд ва бояд дар Тоҷикистон як тағйирот шавад. Агар шумо ҳамин фикри худатонро ба 5-10 ҷавони дигар чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷӣ Тоҷикистон бо як услуби ҳамида, бо равиши хуб, ҳамон тавре, ки Парвардгор дар ояи муборака мефармояд “бо роҳи Парвардгорат бо ҳикмат ва мавъизаи ҳасана даъват кун” бирасонед, бузургтарин хидмати шумо мешавад.

Пешниҳод дар бораи ифтитоҳи канали телевизионӣ дар Тоҷикистон.

Посух: Бале, ифтитоҳи канали телевизионӣ кори саҳл ва арзон нест. Замоне имконият доштем, мо талошҳо кардем ва то ҷое ҳам рафт, аммо алъон ҳамин инернет, ҳамин ютубу фейсбук хеле мардумро бедор мекунад ва ин аст, ки ҳукумат даст ба амалҳои фитнагароёна мезанад. Аммо мутмаъин бошед, мо дар фикри телевизион ҳастем ва ҳамин ки кор ба ҷое расид, мо ҳатман ба шумо муроҷиъат хоҳем кард, ки кӯмак кунед. Чунки мо намехоҳем барои телевизиони мардумӣ аз ягон каси бегона пул гирем. Мехоҳем ин моли миллат, барои миллат, дар хидмати миллат ва аз пули миллат бошад.

Суол дар бораи гуфтугӯи ҳамагир сари як миз ва сафар ба Русия.

Посух: Мо борҳо ба гуфугӯ даъват кардаем ва ҳоло ҳам ин корро мекунем. Аммо дӯстон то ҳол даъвати моро иҷобат накардаанд, ки шояд айб дар худи мо бошад, мо ки малак нестем. Бинобар ин мо ҳоло ин масъалаҳоро каме канор гузоштем ва ба ин натиҷа расидем, ки шарики мо дар мубориза танҳо миллат аст. Албатта мо аз даъват ба ҳамкорӣ дастбардор нестем, аммо намешавад, ки аввал ҳамаро ҷамъ куниву баъд ба мубориза бархезӣ.

Ман замони вакилӣ беш аз 18 маротиба ба Русия сафар кардам, аз Калининград то Владивосток ҳама шаҳрҳояшро гаштаму бо муҳоҷирон мулоқот кардам ва орзуи ман аст, ки боз ба онҷо раваму бо шумо муҳоҷирон мулоқот намоям. Аммо мутаассифона наметавонам, чун имкон дорад боздошт кунанд. Ҳамон гурӯҳе, ки Шарофиддин Гадоевро дуздиданд Аврупо омоаду буданд ва ба ман пешниҳоди мулоқот дар сатҳи олӣ дар Русия карданд. Хулоса, замоне ки ҳукумати Русия аз ҳамкорӣ бо диктаторҳо даст бардорад, мо ҳатман ба онҷо сафар хоҳем кард.

Суол: Чаро замоне, ки дар Тоҷикистон будеду вакил ҳам будед, дар бораи фасод намегуфтед?

Посух: Ҳамин рӯз бачаҳои Паймон навореро аз баромади ман дар парлумон фиристоданд, ки ман онҷо дар бораи фасод дар ҳукумати кишвар мегуям. Мо ҳамин ҳарфҳоро, ки ҳоло гуфта истодаем, дар дохили кишвар ҳам мегуфтем, танҳо фарқ дар ин аст, ки ҳоло каме тундтар мегӯем. Шумо метавонед суроғи интернет ва архивҳо биравед ва он наворҳоро тамошо кунед. Агар ман дар бораи фасод намегуфтам, Раҳмонов ҳизби моро намебаст, молу амволамро намегирифт ва кӯшиши нобудии моро намекард, падари пирамро азият намедод.

Суол: ту ҳам барои курсӣ ҳаракат карда истодаӣ, агар не барои миллат ягон хизмат кун.

Посух: Ман барои курсӣ не, барои ҳокимият ҳаракат карда истодаам. Ва ин ҳеҷ ҷои айбе надорад. Мо мухолифин, муҳоҷирин, миллат бояд барои ҳокимият мубориза барем ва онро ба даст орем. Барои як гурӯҳ, ки сӣ сол аст бо дурӯғу зулму фиреб ҳокимиятро нигоҳ дошта истодаст айб набудасту барои дигарон айб будаст.

Аммо мо барои чӣ ҳакимиятро мехоҳем? Барои шумо ва миллат. Мо мехоҳем, ки шумо ва миллат ба озодӣ бирасад ва ҳеҷ кас ҳуқуқҳояшро поймол накунад. Ва ҳеҷ кас ҳақи интихоб шудан беш аз ду маротибаро надошта бошад. Мо мехоҳем ҳокимиятро бигирем ва бо ду дасти адаб ба онҳое диҳем, дар интихобот пирӯз шуданд.

Барои шахси худам чизе намехоҳам. Ман ҳама чизро дидам, миллионер ҳам будам, мансаб ҳам доштам. Ҳарчӣ мехоҳам бари миллат аст.

Ман дар 5000 километр аз ватан қарор дорам, ба мардум чӣ хидмат кунам? Хизмати мна ҳамин аст, ки бо шумо сӯҳбат кунам, ба мардум роҳи муборизаро фаҳмонам ва миллатро аз ин асорату бардагӣ наҷот диҳем. Шумо агар дар ҳукумат кор мекунед, надуздед, мешавад хизмат ба миллат, агар журналист ҳастед, ҳақиқатро нависед, мешавад хизмат ба миллат.