Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Маҳмадалӣ Ҳаит

Маҳмадалӣ Ҳаит

Маҳмадалӣ Ҳаит

Маҳмадалӣ Ҳаит (Ҳайитов Маҳмадалӣ Раҳмонович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини раиси ҲНИТ, собиқ афсари Гурӯҳи кашфи Шуравӣ, собиқ фаъоли созмони “Растохез” ва соҳиби нишони “Ситораи сурх” (Шуравӣ) аст.

Ӯ узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ мебошад.

Ӯ 20-уми октябри соли 1957 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Вай рӯзи 16-уми сентябри 2015 дар хонааш аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шуд.

Таҳсилот

Ҳаит соли 1974 мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рудакиро хатм карда, ҳамон сол ба факултети шарқшиносии ДДТ ба номи Ленини Душанбе дохил мешавад. Сипас, ӯ соли 1976 таҳсили худро дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт Петербурги кунунӣ) идома дода, соли 1980 онро хатм кард.

Фаъолияти низомӣ ва журналистӣ

Маҳмадалӣ Ҳаит пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси тарҷумони низомӣ дар Русия ва сипас дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ соли 1983 дар авҷи ҷанги нерӯҳои Шуравӣ дар Афғонистон ба унвони лейтенанти калон ва афсари Хадамоти кашфи Шуравӣ ба Афғонистон эъзом шуд.

Ӯ масъулияти афсари ҳамоҳангсоз миёни мақомоти артиши Шуравӣ ва муҷоҳидини Афғонистон, ба вижа Аҳмадшоҳ Масъудро ба уҳда дошт ва дар барқарории оташбас миёни ду тарафи мазкур дар соли 1984 саҳми арзанда дорад.

Пас аз фаъолиятҳои низомӣ, дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ва аз соли 1990 то 1992 ба ҳайси муҳаррири нашрияи “Растохез” анҷоми вазифа кард. Вай соли 1992 дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба симати муовинати раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мансуб шуд.

Фаъолияти сиёсӣ

Маҳмадалӣ Ҳаит яке аз фаъолони сиёсӣ ва зиёиёни саршиноси даҳаи ахири 80-ум ва авоили 90-ум ва узви Растохез буд. То воқеъаҳои феврали соли 1990 дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон кор мекард ва ба далели нашри ахбори ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз кор ронда шуд.

Вай соли 1992 ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст ва аз он замон то кунун аз масъулини аршад ва пурталоши ин ҳизб ба шумор рафта, дар миёни ҷомеъа ва зиёиёни тоҷик аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор аст.

Нақши ӯ дар барқарории сулҳ

Нақши ӯ дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори суботу оромиши кишвар зиёд аст. Ҳаит узви гурӯҳи кории татбиқи созишномаи Хустдеҳ буд, ки он аввалин қадам ба сӯи сулҳи тоҷикон ба шумор меравад ва сипас дар гурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ ифои вазифа кард.

Маҳмадалӣ Ҳаит барои интиқодҳояш аз ҳукумат мавриди латукуби афроди ношинос дар моҳи апрели 2013 қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуд, ки асарҳои он то кунун дар ӯ боқӣ монданд.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Ҳаит донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва англисӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.