Махсуми Саттор Каримов
Махсуми Саттор (Каримов Саттор Самадович), фаъоли сиёсӣ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ аст.
Вай соли 1959 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Махсуми Саттор рӯзи 16-уми сентябр аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш дар Душанбе боздошт шуд.
Таҳсил
Махсуми Саттор соҳиби маълумоти олӣ аст.
Фаъолияти сиёсӣ
Вай аз собиқадорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар анҷумани соли 2011 ба унвони узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб шуд.
Боздошт
Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Махсуми Саттор донандаи забони русӣ ва оиладор мебошад.