Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Маҳкум шудани Муҳиддин Кабирӣ ба ҳабси абад?

Маҳкум шудани Муҳиддин Кабирӣ ба ҳабси абад?

Як манбаи мӯътамади сомонаи "Ахбор” хабар дод, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2 октябр дар як мурофиаи пушти дарҳои баста Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар ин кишвар феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро дар ғайбаш ба ҳабси умрбод маҳкум кардааст.

Ба нақл аз Ахбор, ба гуфтаи ин манбаи наздик ба мақомоти додгоҳӣ, Додгоҳи олӣ Кабириро бар асоси 15 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла моддаҳои 305, 306, 307, 308, 313, 179, 187 гунаҳкор шинохт. Додгоҳи олӣ ин ҳукмро расман ҳанӯз эълон накардааст. Масъулони ҲНИТ ва худи Кабирӣ низ то ҳол ба ин ҳукми Додгоҳи олӣ вокунише накардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукмаш нисбат ба парвандаи пурсарусадои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар ин кишвар феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро рӯзи 2 октябр пушти дарҳои баста эълон кард. Дар мурофиа ҳангоми эълони ҳукми Кабирӣ танҳо додрасҳо, айбдоркунанда, котиб ва як гуруҳи кормандони худи Додгоҳи олӣ ҳузур доштаанд.

Ба гуфтаи манбаи сомонаи "Ахбор”, "Додгоҳи олӣ дар маҷмӯъ Муҳиддин Кабириро дар ғайбаш бар асоси 15 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305, 306, 307, 308, 313, 179, 187 гунаҳкор шинохт. Азбаски ду сол пеш ду муовини Кабирӣ – Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит – ба ҳабси умрбод маҳкум шуданд, маълум буд, ки ба Кабирӣ ҷазои сабуктар, яъне маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати муайян таъйин намекарданд.”

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Кабириро то ҳол расман эълон накардаанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар масъулони ҲНИТ низ дар бораи ин ҳукм ҳанӯз изҳори назар накардаанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 1 феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки Додгоҳи олӣ ба муҳокимаи парвандаи Муҳиддин Кабирӣ шурӯъ кардааст. Шоҳиён гуфт, азбаски ин парванда махфӣ аст, муҳокимааш дар Додгоҳи олӣ ба таври махфӣ ва пушти дарҳои баста мегузарад: "Дар мавриди раиси ҲНИТ, ки бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ қатъ ва созмони террористӣ эътироф шудааст, гуфтаниам: нисбат ба ӯ парвандаи парвандаи ҷиноӣ аст ва дар баррасии Суди олӣ қарор дорад. Ба таври махфӣ баррасӣ мешавад.”

Маҳкум шудани Муҳиддин Кабирӣ ба ҳабси абад?
Як манбаи мӯътамади сомонаи