Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Марде аз табори Абуҳанифа

Марде аз табори Абуҳанифа

Ба муносибати зодрӯзи Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Ӯро ҳама ба унвони мавлавӣ мешиносанд. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммадро атрофиёнаш  ба ҳамин ном садо мезананд. Ин унвонро беҳуда ба ӯ надодаанд. Ӯ яке аз шогирдони муваффақи Мавлавии Ҳиндустонӣ шинохта мешавад ва яке аз донандагони хуби илми фиқҳи исломӣ мебошад. Ӯро метавон фақеҳе гӯфт, ки метавонист масоилро мутобиқи шароити замону маконаш баррасӣ ва ҳал намояд. Инсони ҳалим ва шарифест, ки беш аз 5 сол мешавад дар зиндон аст.

Ӯ дар кишвар ҳам шогирдони зиёде дораду инсонҳои зиёде аз илмаш баҳраманд шудаанд. Маҳз ба хотири ҳамин илму донишаш ва барои тарбиятгариаш имрӯз пушти милаҳои зиндон рафтааст.

Барои шинохтани беҳтари ӯ фикр мекунам хондани ин мусоҳибааш дар арафаи 40 солагии наҳзат аз ҳама беҳтар бошад.

Мусоҳиба бо раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

«Албатта, ҳар ҳизб мехоҳад, аъзои зиёд дошта бошад, аммо агар мо тамоми ҳаводорону ҷонибдорони худро расман аъзои Наҳзат кунем, дигарон хело ташвиш мешаванд».

Муҳаммадалии Файзмуҳаммад соли 1959 дар деҳаи Сурхои ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб (Хатлон) дар оилаи диндор ба дунё омадааст. Баъди чанде оилаи онҳо ба ноҳияи Панҷ мекӯчад ва ӯ соли 1977 мактаби миёнаро дар ҳамин ноҳия хатм мекунад. Маълумоти диниро нахуст дар назди амаки худ Домулло Мир ва сипас дар назди мулло Саидраҳмони хурдӣ меомӯзад. Ҳамчунин барояш муяссар мегардад, то ба назди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ рафта, муддате дар назди эшон таълим гирад.

Соли 1990 дар масҷиди ҷомеъи ноҳияи Панҷ имомхатиб таъин мешавад ва аз соли 1992 ба кишвари Афғонистон ҳиҷрат мекунад. Дар Афғонистон ба ҳаракати Наҳзат мепайвандад ва сараввал ба ҳайси раиси Кумитаи муҳоҷирин, сипас раиси Кумитаи иршод ва даъват хидмат мекунад. Соли 1997 ба мақоми Қозии ИНОТ таъйин мешавад ва аз ҳамон рӯз ба лақаби “Қозӣ” маъруф аст. Баъди аз нав ба қайд гирифтани ҲНИТ дар соли 1999 ба узвияти он шомил мегардад ва то ин дам дар бахшҳои мухталифи ин

созмони сиёсӣ фаъолият дорад. Соли 1994 ба факултаи Илоҳиёти Донишгоҳи ба номи Абдуллоҳ ибни Масъуди вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ хуб ҳарф мезанад. Аз соли 1997 узви КОМ шуда, дар зеркомиссияи муҳоҷирин фаъолият кардааст. Барои хизматҳои арзандааш дар барқарории сулҳу оштии миллӣ бо ордени “Дустӣ” сарфароз гардонида шуд.

Феълан эшон узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва раиси Комиссияи тафтишотии ин ҳизб мебошад.

Оиладор ва соҳиби 11 фарзанд аст.

– Мо чун дар арафи ҷашни 40солагии ҲНИТ қарор дорем, қаблан иҷозат диҳед шуморо ба ин муносибат табрик намоем. Шояд Шумо ҳам ба ин муносибат кадом гуфтание доред?

– Қабл аз ҳама ман роҳбарияти ин ҳизб ва алалхусус раҳбари он доктор Муҳиддин Кабириро ба муносибати ин ҷашни фархунда, ҷашни 40солагии таъсисёбии ин ҳаракати илоҳӣ, ки ба хотири эълои калиматуллоҳ таъсис ёфтааст, табрику муборакбод мегӯям. Ҳамчунин тамоми аъзои ҲНИТ ва соири мусалмононро ба ин санаи саодат табрику муборакбод мегӯям. Ман аз Худованди маннон орзу дорам, ки ин ҳаракати худоӣ ва ин чароғи нурониро, ки ба хотири партавфишонии нури илоҳӣ ва нури Қуръон ва интишори маърифати динӣ ва шаръӣ таъсис шудааст, комилу мукаммалтар гардонад. Умед дорам, ки саодатмандию некбахтиро барои тамоми пайравон, мухлисон ва некхоҳони он рӯзӣ гардонида бошад. Ин

ҳаракат воқеан ҳаракати худоӣ будани худро дар давоми 40 сол исбот кардааст ва он идомаи ҳамон ҳаракати Муҳаммадист (с). Чунончи Паёмбар ва ёронаш баҳри дарёфти ризои Худо ва ба хотири мубориза алайҳи зулму фасод ва ба хотири шикастани бутҳои берунӣ ва дарунӣ заҳмат кашидаанд, иншоаллоҳ, Наҳзат ҳам бо пайравӣ аз эшон дар ин роҳ талош хоҳад кард. Наҳзат талош мекунад шуур ва виҷдони мардумро бедор кунад, то аз шарри нафсу шайтон раҳо ёбанд ва аз онҳо инсонҳое бисозад, ки ҷони худро фидои дину оин, миллату Ватан намоянд.

– Ҳазрати мавлавӣ! Шумо замоне имомхатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Панҷ будед ва бо уламои исломӣ нишастҳо доштед. Дар ин нишастҳо атрофи Наҳзат чӣ суҳбатҳо ва баҳсҳо мешуд?

– Ман аз солҳои 90 имомхатиби масҷиди ҷомеъ будам ва суҳбатҳову мавъизаҳои аксари имомони он замон сирф суҳбатҳои маърифатӣ буданд, мақсад эълои калиматуллоҳ буд ва ман ҳамеша дуо мекардам, ки Ислом сарбаланд шавад ва пешбарандаи зиндагии мардум гардад, то дар зери парчами он осуда зиндагӣ кунанд.

Марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки он вақт бо номи Мулло Абдуллоҳ машҳур буд, ба ноҳияи мо рафту омад дошт. Эшонро ба ҷамъомадҳо ва маросимҳо даъват мекардем. Собиқ раиси колхози мо Кабуд Сайфуддин ба муносибати ба синни 63солагӣ расиданаш мавлуд кард ва аз устод Нурӣ даъват ба амал овард. Устод ҳамроҳи махдуми Кароматуллоҳ ва Қорӣ Муҳаммадҷон омаданд, он шаб сӯҳбатҳои ҷолиб карданд. Банда ба ҳайси хатиби ноҳия ҳамроҳ бо муовинам махдуми Садриддин барандаи маҳфил будем. Бо Устод дар ҳамон вақт шинос шудем.

Дар он айём бархе аз мулоҳо ва эшонҳо нисбати Устод ва ҷавонони наҳзатӣ суханони носазо мегуфтанд. Мардум, ки нисбат ба ҳукумати давр нафрат доштанд, ба хотири бадномкунии эшон онҳоро муллоҳои ҳукуматӣ мегуфтанд. Аз забони баъзе муллоҳо бисёр мешунидем, ки ин гурӯҳ бо ҳукумат кор мекунанд ва аз онҳо эҳтиёт кунед. Бо махдуми Кароматуллоҳ ва Домулло Айёмуддин шиноси наздик будем ва бештар ахбори бародаронро аз эшон мегирифтам. Вақте дар Қӯрғонтеппа дар назди Домулло Сайидраҳмони хурдӣ мехондам, махдуми Кароматуллоҳ барои ҷалби ман ба Наҳзат кӯшиши зиёд мекард, вале аз тарафи дигар дар ҷамъомадҳо дар ҳаққи онҳо ҳар гуна суханон мешунидам. Агарчи ба он суханон боварам намеомад ва яқин доштам, ки онҳо одамони ҳукумат нестанд, балки ин ҷавонон воқеъан барои Ислом хидмат мекунанд, аммо ба онҳо дар он замон напайвастам.

– Дар боло ишора кардед, ки хатиби масҷид будед ва дар маҳфиле, ки устод Нурӣ ва Қорӣ Муҳаммадҷон суханронӣ доштанд, баранда будед. Чаро имрӯз хатибон дар маҳфилҳо барандагиро ба ӯҳда намегиранд?

– Он мавлудро раиси колхоз, ки худ намояндаи ҳукумат буд, ба хотири 63солагии худ баргузор намуд. ӯ бо ман маслиҳат кард, ки мехоҳад мавлуд карда мулло Абдуллоҳро даъват кунад ва иқдоми ӯро дастгирӣ кардем. Даъватро ӯ ба ӯҳда гирифт ва идораи ҷамъомадро мо. Он вақт овозаҳо паҳн шуда буд, ки ин гурӯҳ садақоту хайротро манъ мекунанд ва моро ҳаромхӯр мегӯянд. Он вақт ҳукумат қудрат дошт ва муллоҳову масоҷидро заиф мепиндошт. Ҳоло тарсу ҳарос аз мулло ва масҷид ба хотири заъфи ҳукумат аст.

– Чунончи маълум аст, Наҳзат аз ибтидо фаъолияти худро бо барномаҳои нави таълимӣ шуруъ намуд. Метавонед бигӯед, ки ин барномаҳо аз барномаи маъмулии он давра чӣ тафовут дошт?

– Воқеъан барномаҳои маъмулӣ, ба гуфти худи устодони онвақта, ҳамон барномаи мадрасаҳои Бухоро ва ё барномаи мактаби кӯҳнае буд, ки Садриддин Айнӣ онро дар асараш зикр намудааст. Вале равияеро, ки Марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҷавонони дастандаркори ин харакат роҳандозӣ карданд, барои мо муллоҳо ва устодон хело маъқул шуда буд. Барои мисол мадрасаеро, ки Зубайдуллоҳи Розиқ таъсис дода буд, яке аз мадрасаҳои ҳамин ҷавонон буд ва мо гоҳгоҳ барои намозхонӣ ба он масҷид медаромадем ва медидем, ки тартиби дарсхонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Маҳз дар ҳамин мадрасаҳо ҷавонон бо шавқу завқ таълим мегирифтанд ва низоми ин мадорис хело ҷолиб ва диққатҷалбкунанда буд. Илова бар низоми дуруст ва мураттаб ҳалқаҳои дарсӣ ба монанди занҷира буданд. Шогирд ҳатман бояд шогирд медошт ва шогирдонаш ҳам бояд шогирд мегирифтанд. Дар ҳамон замон барои ҳар ҳалқа масъуле вобаста буд. Ман, агарчи дар ҳиҷрат ба ин ҳаракат пайвастам, вале дар баъзе ҳалқаҳои онҳо пеш аз ҳиҷрат аҳёнан ширкат мекардам ва аз он лаззат мебурдам.

– Шумо яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ будед, оё он кас оиди сиёсати Ислом, ё умуман масоили сиёсӣ суҳбат мекарданд?

– Аслан ҳазрати мавлавӣ Муҳаммадҷон (р) шахсияти бузургу арзанда ва хидмати дину шариатро анҷом медоданд ва дар айни ҳол бисёр мулоҳизакор

буданд. Эшон дар масоили сиёсӣ ҳамеша шогирдони худро насиҳат медоданд, ки бисёр эҳтиёткор бошанд. Он кас аз дасти ҳукуматдорони Шуравӣ чандин сол зиндонӣ шуда ва азобу машаққатҳои зиёд кашида буданд. Аммо ҳазрати Мавлавӣ аз масоили сиёсӣ ва макру ҳилаҳои қудратмандон огоҳии хуб дошт, пайваста радио гӯш мекард, рӯзномаю маҷаллаҳо, хусусан газетаи «Правда»ро мутолиа мекард. Ман як вақт пурсидам, ки ҳазрати Мавлавӣ, чаро Шумо бачаҳоро эҳтиёт кунед, мегӯед ва таъкид мекунед, ки бо ҷавононе, ки ба ваҳҳобият нисбат дода шудаанд напайванданд, вале хуб медонед, ки онҳо дар воқеъ дар хидмати дину имонанд? Дар ҷавоб гуфтанд: «Ман ин ҷавононро хуб мешиносам ва аз аҳдофи онҳо бохабарам, шумо бо онҳо бошед, вале дар назди оммаи мардум маҷбурам чунин бигӯям». Устоди мо ҳазрати Мавлавӣ яке аз ҷоннисорони ҳамин роҳ буд ва яке аз шахсиятҳое буд, ки ҷони худашро дар хатар монда, садҳо нафар шогирд тайёр мекарданд. Албатта, манзури эшон ин буд, ки агар гурӯҳе даст ба сиёсат зананд, бояд гурӯҳи дигар масъулиятҳои дигарро ба дӯш гиранд ва таълиму тарбияро масъулияти ҳатмӣ ва аввалиндараҷа медонистанд. Дар Тоҷикистон олиме нест, ки аз насими илму маърифат ва аз файзу дониши ҳазрати Мавлавӣ баҳра нагирифта бошад.

– Ба унвони узви зеркомиссияи КОМ оид ба муҳоҷирин, аз нақши ҲНИТ дар баргардонидани муҳоҷирин чӣ гуфта метавонед?

– Вақте мо ба Афғонистон ҳиҷрат намудем, мардуми муҳоҷири тоҷик пароканда ва ҳар кас дар фикри худ буд. Бо ташаббуси устод Нурӣ сарварони Наҳзат, домуллоҳо ва шахсиятҳои бонуфуз ҷамъ шуда, ҷаласа оростанд ва ҳаракати Наҳзатро таъсис доданд, яъне ҳизб ба ҳаракат табдил ёфт ва дар ҷаласаи на

хустин Устодро роҳбари ҳаракат интихоб карданд. Зеро ӯ ягона шахсияте буд, ки дар он вазъи азҳамрехтагии нерӯҳо ва парокандагии муҳоҷирон тавони ба танзим овардан ва идора карданро дошт. Мо тавонистем дар хориҷ ҳукумати хурдакаке ташкил диҳем, ки яке аз шохаҳои онро Шӯрои ҷиҳодӣ ташкил медод ва 40 нафар узв дошт. Ҳамчунин ба хотири бесавод намондани фарзандони муҳоҷирон Кумитаи илм, Иршод ва фарҳанг таъсис дода шуд. Воқеан, агар Наҳзат намебуд, касе дар он вазъият наметавонист созмон таъсис диҳад ва мардуми овораро сарпарастӣ намояд. Инчунин дар обрӯмандона баргардондани муҳоҷирин Наҳзат нақши калидӣ дорад, мардум ба ҷуз Наҳзат ба ягон нерӯи дигар эътимод ва боварӣ надоштанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ мардум омода буданд, то бо дастури роҳбарияти ИНОТ ба Ватан баргарданд ва бо фармони роҳбари он силоҳҳои худро ба замин бигузоранд ва ба ҳаёти осоишта бозгарданд. Бархе аз афрод мардумро аз баргаштан ба Ватан метарсонданд, ки баргаштан кушта шудан аст ба монанди хешу табори кушташудаатон. Онҳо роҳбарияти ИНОТро айб мегирифтанд ва гоҳо хоин ҳам меномиданд ва мегуфтанд, ки сулҳ, ин дом аст.

– Ҳама медонанд, ки Наҳзат дар ҳиҷрат даст ба муборизаи мусаллаҳона зад, вале аксари мардум намедонанд, ки чаро ин корро кард ва бо кадом ҳадаф?

– Ба ростӣ, то замони тарки ватан Наҳзати исломӣ ва мардуми бечораи тоҷик на силоҳи кофӣ доштанд ва на мутааллиқ ба ягон қудрати хориҷӣ буданд ва ҳар муқобилияте нишон медоданд, ба хотири дифоъ аз дину ҷону моли хеш анҷом медоданд. Табиъист, ки нияти таҷовуз ба ҳарими касеро надо

штанд ва бо касе кинаву адоват дар дил намепарвариданд ва бо ҳама гуна ҷангу хунрезӣ мухолиф буданд. Мардуме, ки дар даст силоҳ надошт ва барои ҷанг омода набуд мавриди зулму ситам қарор гирифтанд ва роҳи ягонаи халоси ёфтани худро дар ҳиҷрат диданд. Чун ба Афғонистон рафтанд, ягона роҳи баргашт ба Ватан ва бозгардондани молу мулк ва хонаву дари хешро дар муқовамати мусаллаҳона диданд, зеро бо зӯргӯ танҳо бо забони зӯр сӯҳбат карда метавон, на бо нармию мулоиматӣ. Пас аз он шӯрои ҷиҳодиро ташкил доданд ва силоҳи кӯҳнаро аз афғонҳо харида, муборизаро оғоз намуданд. Ба таври хулоса гӯем, ҳиҷрати мо барои дифоъ аз ҷон буд ва муқовамати мусаллаҳонаи мо барои баргаштан ба ватан ва гирифтани ҳуқуқҳои аздастрафта.

– Аз таҷлили 30солагии ҲНИТ то кунун дар фаъолияти ҳизб ба ҳайси раиси КТ чӣ камбудиҳоро мушоҳида намудед?

– Аслан дар дохили ҳизб ман камбудиро ба мафҳуми куллияш мушоҳида накардаам. Бале, вале шояд хато ва иштибоҳ бошад ва он дар ҳама созмону ҷамъиятҳо вуҷуд дорад. Алҳамдулиллоҳ, бо вуҷуди ин ҳама фишорҳои мақомот алайҳи Наҳзат ва нигоҳи тангназарона ба аъзо ва масъулини Наҳзат фаъолиятҳои хуберо ба роҳ мондаанд, ки воқеан, агар ба фазои имрӯзаи кишвар қиёс кунем, қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад. Дар шуъба ва бахшҳои минтақавӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ба фишорҳои рӯзафзун нигоҳ накарда пешравиҳо мушоҳида мешавад. Бале, ҳарҷое, ки пешравӣ ҳаст, ҳатман камбудӣ дида мешавад. Ман ҳамчун раиси Комиссияи тафтишот, мебинам, фаъолиятҳои хубе барои ҷалби ҷавонон ба роҳ монда шудааст ва ҷавонон ин ҳизбро хуб пазируфтаанд. Якта нимта касоне, ки ҳизбро тарк мекунанд, аз роҳ

барият иҷозат мегиранд, то зоҳиран дар масҷидҳо ва дигар муассисаҳои ҳукуматӣ кор кунанд ва қалбан бо мо бошанд. Замоне шиори мо бештар аъзо гирифтан буд ва он вақт зарурат ва ниёз ба он эҳсос мешуд, вале имрӯз ҳамин миқдор аъзо барои Наҳзат кофист ва бигзор боқӣ тарафдор ва ҳаводор боқӣ бимонанд. Албатта, ҳар ҳизб мехоҳад, аъзои зиёд дошта бошад, аммо агар мо тамоми ҳаводорону ҷонибдорони худро расман аъзои Наҳзат кунем, дигарон хело ташвиш мешаванд.

– Аз диди Шумо, оё Наҳзат масири дурустро пеш гирифтааст?

– Ман ба ҳайси раиси Комиссияи тафтишот орзу дорам, ки то охири умр ҳамчун хизматгузор дар ҲНИТ боқӣ бимонам ва ин худ баёнгари он аст, ки ман ин роҳро роҳи дуруст меҳисобам. Ин роҳ роҳи ислом аст ва ҳар кӣ ба ин корвон ҳамроҳ мешавад, дар ибодат қарор дорад. Масиреро ки устод Нурӣ тай намуда ва масиреро, ки доктор Муҳиддин Кабирӣ идома медиҳад ва дигар аъзо ва масъулини Наҳзат ба он мераванд, беҳтарин масир медонам.

– Агар қарорҳои дусе соли охир қабулкардаи РО ва ШСро дар мизони Оинномаи ҳизб гузоред, иштибоҳеро метавонед дид?

– Тибқи Оинномаи ҳизб қабули қарор тартиботи муайяни худро дорад. Вақте ҷаласаи ШС ё РО баргузор мегардад, бояд ба камаш аз се ду ҳиссаи аъзои он ҳузур дошта бошанд ва ҳар қарор бо гирифтани 50+1 қабул карда мешавад. Пеш аз қабули ҳар қарор атрофи он баҳсу мунозираҳо сурат мегирад ва ҳар узви Раёсат озодона фикру андешаҳои худро перомуни ин ё он масъала матраҳ мекунад, сипас ба хулоса меоем, баъд аз он қарор ба овоз монда меша

вад. Яъне бидуни санҷидан ба мизони Оиннома ҳеҷ қароре ба овоз монда намешавад.

– Баъд аз омадани Кабирӣ чӣ тағйироте дар ҳизб ба вуқуъ омад?

– Чуноне мегӯянд аз берун хубтар дидан мумкин аст. Мо дар дохили ҳизб ҳастем ва воқеияти ҳизбро хуб дарк мекунем ва тағйиротро камтар эҳсос мекунем. Ба фикри ман баъд аз омадани Кабирӣ сафи аъзо аз ҳисоби ҷавонон бештар шуд ва ҷавонони зиёде ба хусус донишҷӯён ба Наҳзат аҳамияти бештар доданд. Яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи ҲНИТ дар даврони Кабирӣ ҷавонгароӣ буд, ки бомуваффақият анҷом меёбад. Алҳамдулиллоҳ, ман ҳеҷ сустӣ ва ба қафо рафтанро намебинам ва баръакс пешравиҳои хубе ба назар мерасад. Аз тарафи дигар тағйироте, ки дар самти Наҳзат ба вуқуъ меояд вобаста ба афрод ва ашхос нест, балки вобаста ба фазо ва шароити рӯз аст.

– Оё барои рӯи коғаз овардани хотироти худ аз замони толибилмӣ то муҳоҷират ва кор дар КОМ ва баъд аз он боре фикр кардаед?

– Бале, ман ин корро шуруъ кардам, агарчи мебоист чанд сол пештар шуруъ менамудам. Барои ин кор ман ногузир кор бо компутарро омӯхтам ва ҳар рӯз чанд соат дар назди он менишинам. Бояд иқрор шавам, ки дар ин масъала камбудӣ аз худи мост, вале агар умр боқӣ бошад, ҳатман ин корро бо кӯмаки Парвардигор анҷом хоҳам дод.

Мусоҳиб: А. Ваҳҳоб

Зодрӯзи мавлавии гиромӣ ба ҳама шогирдону дӯстонаш муборак бошад!