Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Масъалаи идгардаки тифлон, китоб ва (ё) жевачка

Масъалаи идгардаки тифлон, китоб ва (ё) жевачка

Ривояти мекунанд, ки яке аз минбар хутба хонд ва фазилати озод кардани бандагонро дар шариъати исломи ба намозгузорон бозгуфт. Аз у пурсиданд , чаро ин ҳарфҳоро пештар нагуфти, ки кори хайрест, магар намедонисти? Гуфт, медонистам, вале боре ҳам бандаеро озод накарда будам, ки дигаронро ба он бихонам. Дируз, ки чанд бандаеро харида озод кардам, имруз фазилати онро мегуям.

Чанд руз пештар дустон гуфтанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи корбарон пешниҳоде шудааст, ки чаро ба тифлҳо ва наврасон ҳангоми идгардак ба ҷойи «жевачка» китоб ё ягон маводи таълимии дигар ҳадя нашавад? Пешниҳод бароям писанд омад, вале суол ин буд, ки оё бачаҳо мехоҳанд, ки ба онҳо дар ин руз ба ҷойи ширинӣ китобу дафтар ё қалам дода шавад? Пас аз машварати хонаводагӣ ба хулоса омадем, ки ҳардуро ба бачаҳо пешниҳод кунем, то худашон интихоб намоянд.

Тасмим шуд, ки миқдоре аз китобҳои бачагона, дафтар, албоми расмкашӣ, қаламҳои ранга ва худкор ва қанду «жевачка» ҳадя шавад ба бачаҳо. Бо фарзандон рузи якшанбе ба мағозаи «Олами китоб» рафтем. Аввалин чизе, ки ба чашм мехурд, шумори ками харидорон дар мағоза буд ва қисме аз дуконҳои китобфурушии дохили мағоза баста буданд. Дар сурате, ки аз канори магоза одамон ва мошинҳои сершумор ҳама тарафи бозори Шоҳмансур мерафтанд барои хариди маводи дастархони идона. Бо яке аз фурушандагон суҳбатро оғоз кардем ва ҳадафро шарҳ додем, ки чи мехоҳем ва бо чи мақсад. Аввалин вокуниши фурушанда ин буд, ки кори хубе аст ва мехоҳад дар ин кори савоб шарик шавад. Омода аст ки нархи китобҳои бачагонаашро то поёнтарин нуқтаи имконпазир фурорад. Ин ишора барои он лозим аст, ки гоҳо инсофу имони савдогарон дар рузҳои ид зери суол бурда мешавад ва дар умум онҳоро ба беинсофи гунаҳкор мекунем. Мо дар бозори китоб он руз аксашро мушоҳида кардем ва дар ҳар дуконе, ки ашё мехаридем. На ҳама фурушандаҳо мешинохтанд, вале баробари шунидани он, ки ба бачаҳо бепул ҳадя мешавад, талош мекарданд, ки камтарин фоидаро монанд ё аслан бо нархи аслиаш бидиҳанд. Хулоса, аз якчанд дукони ин мағоза, мо 300 адад китобчаи бачагонаи ранга (афсонаҳои халқи тоҷик, чистонҳо, шеъру тарона ва достонҳо), 50 адад албоми расмкашӣ, 100 баста каламҳои ранга, 100 худкор бо нархҳои муносиб харидорӣ кардем.

Субҳи рузи ид дар ҳавли ин ҳамаро болои мизе чиндем ва дар паҳлуйи китобҳо «жевачка» — ҳои рангину дилкаш ҳам гузошта шуд. Омадани бачаҳо тақрибан соати 6 оғоз гашт. Чун то вақти намози ид як соат монда буд ва масҷид ҳам дар ҳамсоягӣ қарор дошт, тасмим гирифтам ки бо фарзандони хурдсол ҳамроҳ бачаҳоро истиқбол кунем. Он чизеро ки давоми як соат дидаму шунидам, бароям ғайри чашмдошт буд. Бачаҳо зуд унс мегирифтанд ва бо камоли майлу рағбат дар бораи мактабу синфашон ва чаро китоб ё қалами ранга ё жевачкаро интихоб мекунанд, суҳбат мекарданд. Духтарчае гуфт ки ҳамин сол синфи як меравад ва китобчаи афсонаҳоро интихоб кард. Гуфтамаш ки ҳоло хонда наметавонӣ, беҳтар нест ки қаламу албом бигирӣ ва расм бикашӣ, ё қанд. Гуфт ки мехоҳад тезтар хонданро ёд бигирад ва аз акааш хоҳиш мекунад ки ба у бихонад. Бачаҳо атрофи миз чарх мезаданд ва барои баъзеяшон интихоб душвор буд. Яке қаламро мебардошт ва баъд аз назди дар баргашта мепурсид, ки оё метавонад онро бо китоб иваз кунад ё баръакс. Як писарча албом интихоб кард ва аз берун дубора омаду гуфт, «ака қалам надорам дар хона, расмро ба чи мекашам?» Чунон самимӣ ва бо ҳайрат мегуфт, ки нахандидан имкон надошт. Ҳолати аз ин аҷибтар ҳам пеш омад. Писарбачае гуфт ки синфи ҳафт мехонад ва ба суоли китоб интихоб мекунад, ё қаламу албом, каме нигоҳ карду гуфт, ки ба у ин чизҳои кудакона лозим нестанд. Гуфтам пас чи мехоҳи, гуфт, ки … жевачка. Ҳам хандадор буд, ҳам хузномез. Як писарчаи дигар гуфт ки аз ҳамааш як донаги мехоҳаду синфи панҷ ҳам ҳаст. Аммо, дусташ «сиррашро» фош кард, гуфт ки ҳамаги як сол рафтааст мактаб, ҳоло ҷое намехонад. Чи лозим ба ту ин ҳама, ки мактаб намехонӣ. Ҷолиб даъвои боварибахши он бача буд, ки мегуфт бояд имсол панҷ мерафт, кушиш мекунад ки бисёртар бихонаду ба ҳамсолонаш бирасад. Душвор аст бовар кардан, ки мактаб намеравад он писар, модоме ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад. Вале, талошу самимияташ воқеан нишон медод, ки ин корро хоҳад кард, агар кумакаш кунанд.

Аммо чизи ҷолибу асосӣ дигар чиз аст. Ғайр аз ҳамон бачаи синфи ҳафт ва чанд тифли сесолаву чорсола дигар касе ба тарафи ширини ва жевачка майл надошт. Пас аз адои намоз хона баргаштам, аз садҳо китобу албому каламҳои шумори каме монда буд, аммо куттии жевачка ки ҳамаги сад дона дорад, ҳатто нисф нашуда буд. То соати ҳашт ғайр аз қуттии жевачка болои миз дигар чизе набуд.

Ин ҳам зикр шавад, ки аз китобфуруши назди масҷид бегоҳи ид сад адад «фарзи ъайн» ва бист китобчаи «Қиссаи ҳазрати Одам (а)» ҳам гирифтем, ва он ҳам болои миз буд. Қиссаи ҳазрати Одам (а) зуд тақсим шуд, чун ранга ва бо сифати хуб чоп шуда буд, вале «фарзи ъайн» аз ҳама дер ва он ҳам дар сурате гирифта шуд, ки дигар китоб болои миз намонд. Зеро, сифати чопаш паст ва сиеҳ — сафед буд, ки барои наврасон ҷолиб наменамуд.

Ҳамчун хулосаи ин матлаб, мехостам пеш аз ҳама ба соҳибони ин пешниҳод ташаккур бигуям, ки боиси хурсандии мо ва умедворам, хурсандии тифлон ҳам гаштанд. Сониян, набояд бачаҳоро бо чашми кам бинем ва фикр кунем, ки онҳо хондан намехоҳанд ва майлашон бештар ба чизҳои дигар аст. На, ин мо ҳастем, ки ба онҳо шароити хондану навиштанро фароҳам насохтем ва коре кардем ки тифл танҳо байни жевачкаву чуппа чупс интихоб дошта бошад, на китобҳо ва маводи дигар. Ахиран, чандон ҷонибдори дар-ба-дар гаштани тифлон нестам, чун метавонад дар онҳо хуйи гадоиро ба вуҷуд биёрад ва шояд дар қишре ба вуҷуд овардааст, аллакай. Албатта, ин баҳси дигар аст, вале модоме ки ҳоло ин падидаро дар хаёти як қисме аз миллатамон дорем, пас коре кунем ки ҳадди ақал фарзандонамон китобу илму донишро гадоӣ кунанд, на жевачкаву шириниро. Бале, китоб аз жевачка гаронтар аст ва шарт нест ки ҳама китоб диҳанд. Бигузор тифли тоҷик ҳам инро дошта бошаду ҳам онро, ҳам комаш ширин бошаду ҳам ақлаш равшан. Дидам ва санҷидам ки тифли тоҷик байни китобу қанд китобро интихоб кард. Вале, мо чиро интихоб мекунем?