Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Мавқеъ

Мавқеъ

Пас аз оғози гуфтуӯҳо дар бораи Паймони миллӣ, баъзе эътирозу мухолифтаҳо бо ин раванд оғоз гардид. Аммо аксарияти ин мухолифатҳо на аз руи душманӣ, балки аз сари дилсузӣ буданд ва ҳастанд. Аммо гоҳе тараф чун ҳадафаш дилсузиву хайрхоҳист ба худаш иҷозат медиҳад, ки тамоми меъёрҳо ва хатҳои қирмизро дар муқобили дигарон бигзарад ва дар айни ҳол тарафи муқобилашро муттаҳам ба амалҳое мекунад, ки дар асл худаш ҳар рӯз онро анҷом медиҳад.
Намехоҳем дар инҷо аз касе гила, шикоят, ё ба қавли дӯстон заифнолӣ кунем. Аммо чанд нуктаро ба хотири равшантар шудани қазия мехоҳем ба мардуми азизамон тавзеҳ диҳем!
Аввалан, ҲНИТ аз ибтидо то ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё шахсияте аз мухолифонро дар расонаҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид ё таҳқир қарор надодааст. Яъне то ҳол ҳеҷ як мақоми расмии ҳизб на дар расонаҳо ва на дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин амал даст назадаанд ва нахоҳанд зад. Ин сиёсати ҲНИТ дар таъомул бо нерӯҳои опозитсионӣ будааст ва дар оянда низ чунин хоҳад буд.

Дуввум, ҳар матлабе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи фейкҳо ё шахсиятҳои алоҳида нашр мешаванд мутмаиннан ба ҲНИТ рабте надоранд ва ҲНИТ масъули чунин навиштаҳову назарҳо нест. Зеро фазои маҷозӣ хеле васеъ ҳасту на ҲНИТ ва на ҳеҷ гурӯҳи дигар тавони идора кардани онро надорад. Пас чӣ гунае, ки мо касеро бар асоси навиштаи фейкҳо маҳкум ва ё муҳокима намекунем, интизор дорем дигарон ҳам музахрафоти фейкҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо рабт надиҳанд ва мавқеъи расмии ҲНИТ талаққӣ накунанд.

Севвум, мо бори дигар эълон мекунем, ки бо ҳеҷ гурӯҳе мушкиле надорем. Мо ихтилофи назар ва фикрро як амри табиӣ мешуморем ва бовар дорем, ки нерӯҳои мухолифин имрӯз бо ҳам муштаракот ва ихтилофи назарҳое ҳам доранд. Аммо мутмаинем, ки муштаракоти мо бештар аз ихтилофотамон ҳаст. Мо талош кардаем ва мекунем, ки бештар болои муштаракотамон такя кунем ва бар ҳамин асос муборизаи муштаракамонро идома хоҳем дод.

Гурӯҳҳои дигаре низ ҳастанд, ки ангушт рӯи ихтилофот гузоштаанд ва мехоҳанд аввал таклифашонро бо нерӯҳои мухолифин мушаххас кунанд, ки ин ҳақи онҳост ва ҳеҷ мушкиле дар он намебинем. Аммо ҳар гурӯҳ ва нерӯе, ки бо вуҷуди ихтилофот бо мо ҳамкорӣ кардан мехоҳад мо омодаи ҳамкорӣ ҳастем. Зеро ихтилофи назар ва фикр аз бадеҳиёти кори гурӯҳӣ ва сиёсӣ аст ва мо ин ҳақро ҳам барои худ ва ҳам барои дигарон қоил ҳастем.
Чаҳорум, мавқеъи ҲНИТ дар баробари интиқодоти дигарон ҳамеша мушаххас ва ошкор будааст. Ҳар интиқоде баҷо, холисона ва дуруст бошад, ҳатман онро мепазирад ва дар фикри ислоҳи он камбудӣ ё масъала хоҳад шуд. Агар ҳам интиқодеро қабул надошта бошад ва ворид надонад, ба он ҳамчун назари шахсии як инсон ё як гурӯҳ муносибат намуда, мекӯшад дар замон ва макони муносиб ба он посух диҳад.

Нектаҳое, ки бояд таваҷҷӯҳ ва риоят шаванд

1. Интиқод ва танқид як чиз аст, вале дашном ва таҳқир чизи дигаре. Гоҳе дида мешавад, ки баъзе дӯстони мо байни таҳқир ва танқид фарқ гузошта наметавонанд. Интиқоди созанда маъмулан бидуни таҳқир ва бо пешниҳоди роҳи ҳалҳои мушаххас сурат мегирад. Аммо он чӣ дар шабакаҳо аз тарафи бархе дӯстони мо садо медиҳад, бештар таҳқир аст, то интиқод. Аммо аҷибтар он аст, ки таҳқирҳои худашонро интиқод, миёнаравӣ, озодихоҳӣ ва ғайра муаррифӣ мекунанд, аммо ҷавобҳоеро аз тарафи фейкҳои номаълум ба ҲНИТ рабт дода ифротгароӣ, ақибмондагӣ, диктаторӣ ва ғайра унвон мекунанд. Хуб мешавад як бор таҳқирҳои ду тарафро дар канори ҳам гузошта муқоиса кунем то бубинем, ки ифротиву диктатору худхоҳ кист? Вақте як нафар шикоят аз “тудаи фейкҳои подабон” намуда онҳоро бо таҳқир ба як гурӯҳ рабт дода, таҳдиди “ба хари подабониашон нишондан”, мекунад дар ҳоле ки аслан намедонад ин “тудаи фейкҳои подабон” кӣ ва аз куҷо ҳастанд, магар ин ифротгароӣ нест? Оё ин интиқод аст ё таҳқир? Дар муқобил кадом як аъзои ҲНИТ ба хусус аз роҳбарияти он ба ин афрод чунин таҳқиреро раво доштааст?
Пас хуб мешавад, ки байни интиқоду таҳқир фарқ бигзорем.

2. ҲНИТ ба андеша ва афкори ҳамаи қишрҳои ҷомеа эҳтиром қоил аст ва бар ин бовар аст, ки ҳеҷ гурӯҳ, ҳизб, созмон ва ё қишре ба танҳоӣ тавон ва ҳаққи маънавии дар даст гирифтани қудратро дар Тоҷикистон надорад. Дар идораи кишвар бояд тамоми нерӯҳо ва қишрҳо саҳм дошта бошанд ва ҲНИТ барои амалӣ шудани ин ормон тамоми кушиши худро ба харҷ хоҳад дод. Новобаста аз он ки баъзеҳо ин дидгоҳи ҲНИТ-ро бо замони гузашта ва бахусус даврони ҳиҷрат ва муқовимат муқоиса намуда, зери суол бурданӣ мешаванд, аммо бояд таъкид кунем, ки аз замони таъсис то имрӯз дидгоҳҳо ва андешаи ҲНИТ дар ҳоли таҳаввул будааст ва табиист, ки ин раванд идома хоҳад кард. Аҷиб он аст, ки ҳамон гурӯҳе, ки аз сабри ҲНИТ интиқод мекунанд, дар айни замон мехоҳанд онро ифротӣ муаррифӣ намоянд. Дар тули таърих оё ҳеҷ гурӯҳи ифротие ба ин ҳад сабру таҳаммул ва гузашт доштааст?
Манфиатҳои миллату кишвар барои ҲНИТ болотар аз ҳама чиз қарор доранд ва барои таъмин ва ҳифзи ин манофеъ тамоми талоши худро хоҳад кард.

Дар охир бори дигар аз тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ даъват мешавад, ки дар таъомул бо неруҳои мухолиф аз ҳикмат ва мантиқ кор бигиранд. Мо медонем, ки тамоми арзишҳои диниву инсонӣ моро ба таҳаммул ва эҳтироми раъйи мухолиф амр кардаанд.
Аз шумо хоҳиш мешавад, ки бар асоси фармудаи Худованд: “ Башорат бидеҳ бандагонеро, ки ба сухан гӯш фаро медиҳанд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд. Ононро Худованд роҳнамоӣ кардааст ва онҳо хирадмандонанд” амал намуда, аз ҳама гуна таҳқиру истеҳзо ва носазогуӣ дурӣ кунед. Ҳамонгуна, ки то ҳол дурӣ кардаед!

Бобоҷон Қаюмзод
Сухангуи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
03.10.2018