Арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои инсонӣ ҳатто дар ҷангҳо низ бояд риоят шаванд, чӣ расад ба муборизаи мусолиматомез ва адолатхоҳона. Ҳарими шахсӣ аз нигоҳи шаръӣ ва ҳам бар асоси қонун муҳтарам аст ва дахолат ба он мамнуъ аст. Ба хусус барои гурӯҳе, ки даъвои адолатхоҳӣ ва арзишмеҳварӣ дорад ин масъала бояд дар дараҷаи аввал қарор дошта бошад.
Агар имрӯз фейкҳои фермаи ҷавоб даст ба чунин амалҳои ғайриинсонӣ мезананду мухолифонро “террори шахсият” намуқда ба ҳарими шахсии онҳо дахолат мекунанд, далел намешавад, ки муборизон ҳам аз доираи арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои қонунӣ хориҷ шаванд. Карикатура ҳам агарчӣ як амри роиҷ ҳаст, вале бояд дар чорчубаи арзишҳои ахлоқӣ бошад.
Аз тарафи дигар ман бар ин бовар ҳастам, ки Раҳмон золим ва диктатор аст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ин далел намешавад, ки мо вориди ҳарими шахсии ҳамсар ва духтари ӯ шавем. Агар аз ҷиноятҳо ва дуздиву зулму ситамаш дар ҷомеа чизе гуфта мешавад он ҳам бояд бо далел ва бо риояи арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ бошад, вагарна чӣ фарқе байни як диктатору неруҳояш бо як неруи муборизи адолатмеҳвар ва адолатхоҳ боқӣ мемонад?
Агар ҷинояте дар масоили иҷтимоӣ аз зану фарзандаш сар зада бошад, он ҳам бояд матраҳ шавад, вале арзишҳои динӣ ва меъёрҳои қонунӣ ба мо иҷозати дахолат ба ҳарими шахсии ҳеҷ касеро намедиҳанд, хоҳ мухолиф бошад хоҳ мувофиқ.
Масъалаи дигар ин аст, ки бархеҳо дониста ё надониста андешаеро дар ҷомеа шакл додаистодаанд, ки мухолифон ба фикри ҷойгузин кардани як диктатор бо диктатори дигар ҳастанд. Ҳамон чизе, ки ҳукумат ҳам ба фикри густариш ва таблиғи он ҳаст.
Гузоштани акси раиси ҲНИТ дар ҷои акси Раҳмон дар воқеъ таъйиди ин иттиҳом алайҳи мухолифон хоҳад буд. Дар ҳоле, ки ҲНИТ ва дар умум аксарияти мухолифон бар ин боваранд, ки набояд ҳеҷ диктаторе ҷойгузини диктатори дигар шавад. Аслан низоми диктаторӣ ҳаргиз ба нафъи кишвару миллати мо нест ва нахоҳад буд ва яке аз ҳадафҳои ҲНИТ аз байн бурдани шахсиятпарастӣ ва тазмини интиқоли мусолиматомези қудрат мебошад. Пас дар зеҳни мардум аз раиси ҲНИТ як диктатори дигар сохтан на банафъи наҳзату мухолифин ҳаст ва на ба нафъи миллату кишвар.
Хулоса касоне ба ин амал даст мезананд шояд фикр кунанд ба ҲНИТ ва ё ба мухолифон бо ин роҳ хидмат мекунанд, аммо бо камоли таассуф ин хидмати хирсона аст. Бинобарин аз тамоми касоне, ки худро ба гунае ҷонибдори ҲНИТ ва ё ПМТ медонанд хоҳиш мекунам ба чунин амалҳои номуносиб даст назананд ва ба осиёби рақибон об нарезанд.
Ҳамчунин бояд таъкид кунам, ки ҲНИТ бо ин масала комилан мухолиф буда, ҳамеша аз аъзо ва ҷонибдорони худ даъват мекунад, ки дар муборизаашон набояд аз чорчубаи арзишҳои инсонӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ берун раванд ва ҳаргиз ба ҳарими хусусии афрод дахолат накунанд.
Бобоҷони Қаюмзод
Сухангуи ҲНИТ