Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

 Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ, собиқ узви КОМ, собиқ сархатиби ноҳияи Панҷ, донишманди мазҳабӣ ва яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ аст.

Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ соли 1959 дар ноҳияи Панҷи минтақаи Қурғонтеппа воқеъ дар ҷануби кишвар дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Таҳсилот

Пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, омузиши улуми диниро дар назди рӯҳониёни машҳури кишвар, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ ва домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ касб кардааст. Ҳамчунон, ӯ шогирдони зиёдеро дар улуми динӣ ба воя расондааст.

Вай дар авоили даҳаи 90-ум ба ҳайси сархатиби ноҳияи Панҷ ифои вазифа кардааст.

Нақши ӯ дар барқарории сулҳ

Нақш ва хидмати Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори субот дар Тоҷикистон намоён аст. Ӯ дар Комиссияи оштии миллӣ ба унвони узви зеркомиссия оид ба муҳоҷирин кор кардааст.

Хидматҳои Мавлавӣ Муҳаммадалӣ бо он ҷойгоҳе, ки миёни муҷоҳидин тоҷик дошт, дар мутақоид сохтани онҳо барои расидан ба сулҳу ваҳдат камназир аст.

Фаъолияти сиёсӣ

Ӯ солҳои 90-ум ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст ва аз он замон то кунун яке аз чеҳраҳои рӯҳонии маъруфи ҳизб ба шумор меравад.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ аз соли 1999 то кунун раиси Комиссияи тафтишоти ҲНИТ аст, ки аз тариқи анҷумани ҳизб интихоб мешавад.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд аст.