Моҳи март ва апрел барои аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ моҳҳҳои хотирмон буда ва ҳастанд. Зодрӯзи муассиси ҲНИТ устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар 15 уми март, даргузашти донишманди фарзона ва яке аз муассиртарин чеҳраҳои фикрии ҲНИТ устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва таъсиси ҲНИТ дар моҳи апрел, ин ду моҳ барои ҲНИТ ва аъзову ҷонибдоронаш аҳамияти хоссе пайдо кардааст. Ба ҳамин хотир ҳамеша дар яке аз ин моҳҳо ба хотири ёдбуди устодон маросими илмӣ ё фарҳангие баргузор мегардид. Бинобарин дар рӯзи 14 уми марти соли равон низ мизи гирде таҳти унвони “нигоҳе ба осору андешаҳои устодон дар робита бо вазъияти имрӯз” онлайн баргузор гардид.
Дар мизи гирд ибтидо Муҳаммадҷони Нурӣ дар мавзӯъи “зиндагӣ, осор ва афкори устодон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бо вуҷуди онки мо дар як шароити бисёр душвор ин барномаро баргузор мекунем, хуб мешавад аз ин ба баъд бештар андешаву осори устодон мавриди таҳқиқ ва таҳлили илмӣ қарор бигиранд ва дуруст муаррифӣ карда шаванд.

Муҳаммадҷони Нурӣ таъкид намуд, ки таъсиси ҳаракат аз тарафи устод ва ҳамфикронаш ягон тарҳи хориҷӣ набуд ва дар шароити хоссе, ки дар Шуравӣ вуҷуд дошт, имкони робита бо хориҷ ҳам вуҷуд надошт. Худи устод Нурӣ ҳам борҳо таъкид карда буд, ки ин ҳаракат сирф як ҳаракати исломии тоҷикӣ буд, ки аз тарафи фарзандони ҳамин сарзамин таъсис гардид.
Ҷанбаи сулҳдустӣ ва сулҳофаринии мактаби устод Нурӣ ҳам ниёз ба баррасии амиқ ва таҳлили бештар дорад. Зеро эшон то охири ҳаёт ба сулҳ пойбанд монд ва онро иштибоҳ намедонист.
Баъдан донишманди ҷавон Исломҷон Саидов дар мавзӯъи “муносибат бо осори устодон: Ифтихори танҳо ё таҳқиқу бознашр” суханронӣ намуд.

Исломҷон Саидов дар ибтидои суханронии худ таъкид намуд, ки: “Дар ин марҳилаи ниҳоят душвор барои халқи тоҷик, ки умед ба ояндаи некро дар сояи як ҳукумати хонаводагӣ ва режими худкома, аз даст додааст, баргузор намудани чунин маҳфилҳо ва ёдовар шудан аз каҳрамониҳои гузаштагон, ки дар гузаштаи начандон дур дар рӯзҳои сахте шабеҳи ҳолати имрӯзаи мо, бо худгузаштагӣ ва ҷонфидоӣ, умеди аз даст рафтаи халқи тоҷикро, дубора баргардониданд ва дар калбҳо рӯҳи озодихоҳӣ ва бедориро зинда карда, мардумро аз хоби гарон ба таъбири М. Иқбол, бедор карданд, яке аз авлавиятҳо медонам. Бозхонии назару андеша ва баррассии фаъолияти чунин шахсиятҳо ва бозгӯ кардани воқеъиятҳои онрӯза, барои дубора дамидани рӯҳи озодихоҳӣ ва ҳақталабӣ ва баргардонидани умеди аз даст рафта, ҳатман кори худашро хоҳад кард. Зеро таърих барои ҳар миллате ин имкониятро додааст, ва имрӯзу фардо ҳам хоҳад дод, ки бо овардани ислоҳоту тағйирот ҷомеъаҳои худро бозсозӣ намоянд. Ин қоидаро бо зикри мисолҳо ба такрор барои мардум расонд, то деворҳои яъсу ноумедиро шикаста даст ба ислоҳу бозсозӣ бизананд.
Аз тарафи дигар зарурати чунин маҳфилҳо дар он аст, ки ин нишастҳо василае барои муҳкам гардонидани иртиботи насли имрӯз бо гузаштагони худ, ки барои озод мондану озод зиндагӣ кардани насли имруза ҷонфидоиҳо кардаанд, мегардад. Ҳамонгуна, ки онҳо дар замони худ талош мекарданд худро бо ислоҳотхоҳон ва равшанфикрони Бухоро,”маорифпарварон, Ҷавонбухориён...бипайванданд ва ба шогидону пайравони худ аз қаҳрамониҳои онҳо ёд мекарданд, мо низ бо ин роҳ, равиши онҳоро идома медиҳем.”
Ба ақидаи Исломҷон Саидов дар заминаи осори устодон кори илмии ҷиддии зиёде сурат нагирифтааст, магар таҳлиле, ки танҳо дар як самти андешаҳои устод Ҳимматзода аз тарафи Абдуллоҳи Раҳнамо анҷом шудааст. “Кори назаррраси илмие, ки банда дар ин замина мушоҳида кардам, аз Абдуллоҳи Роҳнамо буда, ки он ҳам хело маҳдуд ва атрофи як самти андешаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода, яъне дидгоҳҳои ӯ дар масъалаи муносибати ислом бо тарзи давлатдории дунявӣ, анҷом додааст, мебошад, ки воқеан сутуданист. Мавзуъе, ки имрӯз ҳам дар марокизи илмӣ мавриди баҳсу барассиҳо қарор дорад, вале Устод Ҳимматзода дар он вақт дар ин хусус назари муносиб ва мувофиқ ба арзишҳо ва меъёрҳои Исломӣ ироа карда буданд. Бо ин вуҷуд ҳоло ҳам чизҳои ногуфтае дар ин масала ҳастанд, ки ниёз ба нигоҳи нав ва таҳқиқи бештар дорад”.
Ин суханрон дар идомаи суҳбаташ ба он таъкид кард, ки осору андешаи устодон бо вуҷуди дар як масир ва дар як мактаб қарор доштанашон ба таври ҷудогона мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирад. Ҳамчунин ӯ таъкид намуд, ки набояд ба як чунин маҳфилҳо иктифо кард.
Сипас раиси ҲНИТ устод Муҳиддин Кабирӣ дар мавзӯъи “Ислоҳотхоҳӣ дар андеша ва сиёсатҳои Устодон” суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки ислоҳотхоҳӣ дар ҳизбҳо ё гурӯҳҳои идеологӣ кори душвор ва мушкилест. Зеро манобеъ ва арзишҳо дар гурӯҳҳои идеологӣ муқаддас дониста мешавад. Аммо дар гурӯҳҳои ғайриидеологӣ чунин кор осонтар хоҳад буд, зеро арзишҳо ва манобеъи онҳо ҷанбаи қудсият надоранд ва ҳаргуна ислоҳ ва навовариро метавонад ба осонӣ бипазирад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият метавон дарк кард, ки устодон чиқадар заҳмат кашидаанд.

Раиси ҲНИТ таъкид намуд, ки “имрӯз дар ҷаҳони ислом дар миёни ҳизбу ҳаракатҳо як бознигарӣ ва раванди ислоҳотхоҳӣ дар ҷараён аст, ки вақте мо байни онҳо ва ҲНИТ муқоиса мекунем, мебинем, ки ин ҳаракатҳо баъди 20 сол ба андешаи устод Ҳимматзода дар таърифи мафҳуми дунявият ва ҳамчунин андешаи устод Нурӣ дар бораи ҷудоии даъват аз сиёсат расидаанд. Яъне агар мо ин андешаҳои устодонро дуруст коркард ва муаррифӣ кунем, хоҳем дид, ки наҳзати исломии Тоҷикистон дар масалаи ислоҳотхоҳӣ аз дигар ҳаракатҳо як қадам пештар будааст. Ин агар аз як тараф боиси ифтихор бошад, аз тарафи дигар фурсатро барои идомаи ислоҳот барои пайравон ва аъзои ҲНИТ фароҳам месозад.
Муҳиддин Кабирӣ таъкид карданд, ки “бо ин забони форсии бо хатти кирилиамон андешаи донишмандони мо дар миёни чор кӯҳ боқӣ мемонад ва касе онро наметавонад бихонад ва бифаҳмад”.
“Устод Нурӣ баъд аз соли 97 барои худашон як барномаи 20 солаи ислоҳот ва бознигарӣ дар андешаҳо ва андешаи миллӣ мазҳабиро дар як қолаби назарӣ ва амалӣ даровардан доштанд, аммо умр вафо накард, ки битавонанд ҳадди ақал 50% ин ислоҳотро бо дасти худашон амалӣ кунанд”, гӯфт раиси ҲНИТ.
Ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ ҲНИТ ва раҳбарияти он дар ин муддати фаъолияти худ ҳадди ақал 5 сол фурсати фаъоияти оромро надоштанд. ҲНИТ ҳамеша дар ҳолати дифоӣ қарор дошт ва фурсати фикр кардан болои ислоҳот ва бознигарӣ дар масоили усулиро надошт. Танҳо дар байни солҳои 2000 то 2010 ҲНИТ фурсати фаъолияти оромонаро дошт ва бештарин рушди андешаи миллӣ-мазҳабӣ ҳам дар ҳамин даврон рост меояд. Дар ин даврон байни ҲНИТ ва дигар қишрҳо ва ниҳодҳо робитаи хубе ба вуҷуд омад.
Дар идома суханронҳо ба саволи ширкаткунандагон ҷавоб дода, мулоҳизаҳои дигар ширкаткунандагонро низ шуниданд.
Дар охири конфронс пешниҳод шуд, ки:
1. Ин гуна нишастҳо дар бораи ҳамаи шахсиятҳои миллӣ ва динии дигар, аз ҷумла Аслидин Соҳибназаров, Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва дигарон низ баргузор гардад.
2. Маркази таҳлилии ҲНИТ дар бораи осор, андеша ва шахсияти устодон ба таври ҷиддӣ машғули таҳқиқ шавад.
3. Масири ислоҳот бо истифода аз андешаи устодон идома пайдо кунад.