Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Мо ҷумла аз Худоем,Роҳ сӯи ӯ паймоем

Мо ҷумла аз Худоем,Роҳ сӯи ӯ паймоем

Паёми таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти домулло Мустақим

Хабари даргузашти яке аз собиқадорони ҲНИТ ходими ин ҳизб яке шогирдони вафодори устоди фақид шаҳиди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р) ҳама аъзоёни Раёсати Олии ҲНИТ-ро андӯҳгин кард.
Қорӣ Мустақим (Саъдиев Мустақим)  санаи 14.03.1954  дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Марҳум аз даврони ҷавонияш шомили ин ҳаракати илоҳӣ буда , дар даврони Шӯравии собиқ ба хотири таълиму тадрис мавриди таъқиб ва муҷозоти мақомоти он вақта қарор гирифта буд.Дар даврони ҳукумати диктотури режими Раҳмон низ баъди ҳиҷрати 10 солааш (1992-2002) аз Ҷумҳурии Турманистон боз мавриди таъқиб ва озори мақомоти интизомӣ ва дарбории ҳукумати худкомаи Раҳмонов қарор гирифта ,пайваста ба хотири наҳзатӣ будан ва чеҳраи рӯҳонӣ доштан мавриди бозпурсӣ ва таҳқири мақомоти интизомӣ ва амниятӣ қарор гирифта буд. Домулло Мустақим вақтҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурд ва дар моҳи мубораки Рамазон дар ҳолати анҷоми эътикоф, ки дар масҷиди маҳалли зисташ реҳлат кард.
Ӯ дар дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон даргузашти ӯро барои ҳизб ва мардуми кишвар зоеъаи бузург медонад ва ба хонаводаву наздикону шогирдону пайравонаш таслият арз мекунад.  Худованд марҳумро раҳмату мағфират намояд ва ба бозмондагонаш сабр ато кунад.

Раёсати Олии ҲНИТ

26.04.2022