Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода— собиқ вакили порлумони Тоҷикистон, собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ роҳбари маънавии ин ҳизб буда, баъди бемории тӯлонимуддате дар синни 59-солагӣ дар таърихи  даргузашт.

Ҳимматзода Муҳаммадшариф 6 – уми июли соли 1951 дар деҳаи Ғундараи ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаби миёнаро хатм намуда, муддате дар назди олимони сарфу наҳв, таъриху фалсафаи исломӣ машғули дарс шудааст. Улуми исломиро ба пуррагӣ хатм намудааст. Ҳамзамон дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Кофарниҳон бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғул будааст. Аз соли 1990 то соли 1999 масъулияти раисии ҲНИТ – ро бар ӯҳда дошт.

Соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ба Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳоҷират карда, дар сохторҳои раҳбарикунандаи Ҳаракати НИТ ва ИНОТ фаъолияти сиёсӣ кардааст. Ҳамчунин аз соли 1993 то соли 1997 донишҷӯи Донишгоҳи Байналмиллалии Покистон буда, онро соли 1997 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Аз соли 1994 то соли 1997 иштирокчии фаъоли музокироти сулҳи байни тоҷикон буд. Аз моҳи июли соли 1997 то моҳи октябри соли 1998 узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ ва аз моҳи октябри соли 1998 то 1 — уми апрели соли 2000 раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ — ро бар ӯҳда дошт.

Аз 19 январи соли 2000 то 20 марти соли 2000 сафир оид ба супоришҳои махсуси вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Аз 27 феврали соли 2000 вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи оид ба корҳои байналхалқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад. М.Ҳимматзода бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоистааш дар роҳи истиқрори сулҳи тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шудааст.

М.Ҳимматзода ҳамчун олими файласуф дар доираи уламо ва фузалои ҷаҳони ислом маълуму маъруф аст. Ба чандин кишварҳои дунё сафарҳо доштааст. Дар даҳҳо симпозиуму конферонсҳои байналмиллалӣ ширкат варзида оиди мавзӯи ислом ва сиёсат гузоришу суханрониҳои пурмазмун доштааст. Муаллифи даҳҳо рисолаҳои илмӣ – оммавӣ мебошад. М.Ҳимматзода ҳамзамон муовини раисии ҲНИТ — ро бар ӯҳда дорад.