Муҳаммадшарифи Набӣ
Муҳаммадшарифи Набӣ (Набиев Маҳаммад-шариф Маҳмадалиевич), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик ва раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб аст.
Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.
Муҳаммадшариф соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуд.
Таҳсил
Муҳаммадшарифи Набӣ соҳиби маълумоти олӣ аст.
Фаъолияти сиёсӣ
Вай яке аз фаъолони сиёсӣ дар минтақаи Кӯлоб ба шумор меравад ва дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ дар ин минтақа фаъолият намудааст.
Муҳаммадшарифи Набӣ дар ҳоли ҳозир раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб аст.
Боздошт
Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Муҳаммадшариф донандаи забони русӣ ва оиладор мебошад.