Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон буда, соли 1965 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

М. Кабирӣ зодаи ноҳияи Файзобод деҳаи Қасамдара (с. 1965) мебошад. Пас аз хатми синфи 8-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1982 ба Техникуми омори шаҳри Ордҷонекидзеобод (феълан Ваҳдат) дохил шуда, баъди хатми он донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон риштаи шарқшиносӣ мегардад. Ва дар як вақт дар Донишгоҳи Санъои Ҷумҳурии Яман низ таҳсил ва таҷриба омӯхтааст.

Кабирӣ аз овони наврасӣ ва ҷавонӣ дар назди уламои маъруфи кишвар, аз ҷумла устод М.Ҳимматзода улуми гуногуни исломиро омӯхтааст.

Дар айёми донишҷӯӣ ҳамчун як узви фаъоли ҳизбӣ, дар байни донишҷӯён ба фаъолияти тарғиботии сиёсии динӣ машғул буда, роҳбарии маҳфили донишҷӯёни наҳзатиро ба уҳда доштааст.

Вакили анҷумани таъсисии Ҳизби Наҳзати Исломии Иттифоқи Советӣ ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад. Дар даврони бархурдҳои сиёсӣ ва низомии кишвар ба ҳайси узви раёсати Иттиҳоди баналмилалии донишҷӯёни мусалмон мудири намояндагии ин созмонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) дар шаҳри Маскав ба уҳда доштааст. Солҳои 1995—1997, ҳамчун Директори генералии ширкати “НМВ” ва раиси Маркази фарҳангии тоҷикони “Сино”-и шаҳри Маскав фаъолият кардааст.

Аз октябри соли 1997 бо даъвати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р) ба Тоҷикистон баргашта, ёвари раиси КОМ интихоб мешавад. Ва моҳи октябри соли 1999 узви КОМ дарёфт мекунад. Дар соли 1999 узви Раёсати олии ҲНИТ интихоб гашта, чанде баъд муовини Раиси ҲНИТ таъин мегардад. Пас аз баргузории анҷумани панҷуми ҲНИТ, соли 2003 бо пешниҳоди устод С. А.Нурӣ (р) муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб гардид .

Маҳз дар давраи муовини аввали устод С. А.Нурӣ (р), фаъолият карданаш худро чун сиёсатмадор ва ташкилотчии баркамол нишон дода тавонист. Ҳамин буд, ки устод С. А.Нурӣ (р) дар мавридҳои зарурӣ роҳбарии ҳизбро ба ӯ месупорид. Пас аз вафоти устоди шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Анҷумани ғайринавбатии ҲНИТ, соли 2006 бо пешниҳоди Раёсати олии ҳизб Муҳиддин Кабириро якдилона раиси ҲНИТ интихоб кард.

М. Кабирӣ хатмкардаи Академияи дипломатии шаҳри Маскав буда, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ мебошад.

Ба забонҳои форсӣ, русӣ, арабӣ ва инглисӣ озодона ҳарф мезанад.