Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Муҳиддин Кабирӣ дар миёни 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон

Муҳиддин Кабирӣ дар миёни 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон

Дар феҳристи соли ҷории “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон” исми Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, сабт шудааст.

Дар бахши сиёсии ин феҳрист исми оқои Кабирӣ дар канори Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, зикр шудааст.

Дар ин феҳрист дархост аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои афви зиндониёни ҷанги дохилӣ ва эътои ҷоиза ба варзишгарони қаҳрамони Бозиҳои Улампики Ландан аз ҷумлаи хидматҳои Муҳиддин Кабирӣ дар бахши иҷтимоъӣ унвон шудааст.

Ҳамчунин, оқои Кабирӣ тавонистааст як ҳизби нерӯманди мухолифи давлатро аз хатари эҳтимолии таҷзия наҷот диҳад ва тавассути рушду тағйири ҲНИТ теъдоди бештари аъзоро ба ин ҳизб ҷалб кунад.

Дар феҳристи соли гузаштаи “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон”, ки аз ҷониби Маркази мутолеъоти истротежики Аммон дар Урдун таҳия шудааст, исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дарҷ шуда буд.

Дар радаҳои аввали феҳристи соли ҷорӣ дуктур Шайх Аҳмад Муҳаммад Ал-Тайиб, донишманди улуми исломии Миср, Абдулло бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, Оятулло Алӣ Хоминаӣ, раҳбари Эрон, ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ҷой гирифтаанд.

Феҳристи “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон” аз соли 2009 ба ин сӯ дар ҳамкорӣ бо Маркази Шоҳзода Ал-Валид бин Талали Донишгоҳи шаҳри Ҷурҷ Тоуни Омрико мунташир мешавад.

Гуфта мешавад, аз миёни уламои исломӣ, чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ ва раҳбарони давлатҳо, ки дар эътиқоду эътимод ва ғояҳои мусалмонон асар гузоштаанд ва ё барои беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоъии мусалмонон хидмат кардаанд, ҳамасола 500 мусалмони қудратманди ҷаҳон интихоб мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ дар миёни 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон
Дар феҳристи соли ҷории “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон” исми Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, сабт шудааст.