Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
СомонаиЭътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

СомонаиЭътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ: Набудани шиканҷа дар маҳбасҳо дурӯғ аст

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили маҷлиси намояндагон баъд аз шунидани шикояти Зулайхо Ҷураева, модари Ҳамза Икромзода қайд кард, ки онҳое мегӯянд дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд надорад дурӯғ аст, зеро худи президенти кишвар ҳам дар яке аз суҳбатҳояш гуфта буд, ки шиканҷаҳоро аз зиндонҳо бардоред. Ва агар шиканҷа дар кишвар вуҷуд намедошт бо гуфтани ин ҳарфҳо раиси ҷумҳур чиро дар назар дошт. Ин суҳбати хонум З. Ҷураевабаъди нисфи рӯзии 4 - апрели соли равон дар қароргоҳи марказии ҲНИТ сурат гирифт.

Модари Ҳамза Икромзода, дар идомаи шикояти худ гуфт, ки ба тафтишоти одилонаи қазияи куштори писараш бовар надорад, зеро парвандаи писари вай аз рӯзи аввал ноадолатона буд. Ва барои гирифтани интиқом барои марги писараш то ахири умраш мубориза хоҳад бурд. Раиси ҲНИТ ҳам қайд кард, ки зиёданд ҳодисаҳое болои модарони тоҷик, ки ба таваккал тан медиҳанд, ин албатта хубаст, вале барои ҳаққи худ бояд талош кард ва ин муроҷиъату шикоятҳои шумо барои боз доштани дасти ҷинояткорон ҳадди ақал аз ҷинояткорӣ мусоъидат мекунад.

“Ба прокурори генералӣ гуфта будам, ки ин курсии шумо то абад дар дасти шумо нахоҳад боқӣ монд ва бояд ба доди мардум расидагӣ кунед, то шояд Худованд ба шумо раҳм кунад. Шумо агар ҷавонмард бошед як маротиба ҳақиқатро рӯи об бароред...” - афзуд модари Ҳамза Икромзода.

Зимнан Баҳром Абдулҳақов, муовини аввали раиси Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба расонаҳо гуфтааст, “Ҳамза Икромзода, ки аз 16-уми сентябр дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ё ШИЗО қарор дошт, шоми 20-уми сентябр худро бо куртааш дар панҷараи дар овехтааст. Масъулини маҳбас бо кӯмаки табибон барои ӯро аз марг наҷот дондан тамоми чораҳоро андешидаанд. Бо тавсияи табибон дар чанд ҷойи бадани Ҳамза Икромзода зарфҳои оби ҷӯш гузоштанд ва вақте набзаш аз задан монд, се дафъа аз электрошок кор гирифтаанд.

Баҳром Абдулҳақов гуфтааст, пайи сӯхта дар бадани Ҳамза Икромзода осори дастгоҳи мазкур аст. Табибон мегӯянд, дастгоҳи дефибриллятор ё электрошок, аслан, асбоби табобатӣ аст, тавре сохта шудааст, ки ҳангоми истифода хатари доғи сӯхтани пӯстро надорад.

Вале Амиралӣ Икромов бародари Ҳ. Икромзода гуфта, ки дар бадани бародараш изи дарзмол мушоҳида мешуд, на асбоби электрошокер. Ва осори бо банди сахт баста шудани дасту пойҳои Ҳамза Икромзода рӯшан мушоҳида мешуданд.

http://notorturetj.org/tj/dialog/mukhiddin-kabiri-nabudani-shikancha-dar-makhbaskho-durug-ast