Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Мулоқоти Кабирӣ бо мақомоти Литва

Мулоқоти Кабирӣ бо мақомоти Литва

09/12/2017

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳошияи як мизи гирди бахшида ба муҳоҷират ба Аврупо дар Литва, бо мақомоти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дар ин бора сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов хабар дод.

Тибқи гуфтаи ӯ, мизи гирд дар мавзӯъи “Муҳоҷирати (ғайри) қонунӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо” буд бо ташаббуси Институти муносибатҳои байналмилалӣ ва илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи Вилнюс ва Маркази мутолеоти шарқшиносии Донишгоҳи Вилнюс ва дар ҳамкорӣ бо Асоссиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар мизи гирд намояндагони мақомоти расмии Литва, сафоратҳои мавҷуд дар ин кишвар, коршиносон, устодону донишҷуёни донишгоҳи Вилнюс ва рӯзноманигорон ширкат намуданд. Илова бар ин, намояндагони созмонҳои байналмилалии шинохта оиди дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидабони ҳуқуқи башар, ширкат карданд.

Муҳиддин Кабириро дар ин сафар Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати Олии ҳизб ва Муҳаммадҷон Сафарзода, ёвари Раиси ҳизб ҳамроҳӣ карданд.

Раиси ҲНИТ дар мавзӯъи “Зуҳуроти тундгароӣ байни муҳоҷирин: сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он” суханронӣ намуда, ба саволу мулоҳизаҳои ҳозирин атрофи мавзуъи мавриди назар ва инчунин вазъи Тоҷикистону минтақа ҷавоб дод.

Ба эътирофи масъулини литвонӣ ва дигар ширкаткунандагони мизи гирд, ин аввалин чорабинии муҳим дар чунин мавзуъи ҳассос дар ин кившар будааст. Зеро, раванди муҳоҷират дар ин кишвар қаблан чандон фарогир набуда, аз Осиёи Марказӣ шумораи хеле кам дархости паноҳандагӣ мекарданд. Аммо, таи ду соли охир ин адад якбора афзуд, ки боиси таваҷҷуҳи мақомоти ин кишвар нисбати ин раванд гашт.

Коршиносон дар мизи гирд адади муҳоҷирини тоҷик дар Литваро болои сад нишон дода, равандро рӯ ба афзоиш арзёбӣ карданд. Бар асоси гузоришҳои коршиносон, Литва, дар ҳоли ҳозир, кишвари чорум аз руйи адади паноҳандагони тоҷик дар Аврупо маҳсуб мешавад.

Ҳайати ҳизб инчунин бо мақомоти гуногуни расмии Литва мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқотҳо вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ башар дар Тоҷикистон, омилҳои таъсиррасон дар рушди бесуботии сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи муҳоҷирини тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ ва масоили дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раҳбари ҲНИТ аз мавқеъи созандаи ин кишвар ҷиҳати қазияҳои марбут ба Тоҷикистон ситоиш намуда, муносибати Литваро дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирини тоҷик намунавӣ номид.

Дар ҳошияи ин сафар Муҳиддин Кабирӣ бо рӯзноманигорони литвонӣ ва инчунин, тоҷикони муқими ин кишвар мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.