Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Муроҷиати РО ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалӣ: ҷони аъзои ҲНИТ дар хатар аст

Муроҷиати РО ҲНИТ ба созмонҳои байналмилалӣ: ҷони аъзои ҲНИТ дар хатар аст

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон қазияи ахири зиндониёни сиёсиашро пайгирӣ намуда аз вазъияти онҳо сахт нигарон гаштааст ва масъулияти ҳар ҳодисаи ба сари аъзояш омадаро маҳз бар души Раҳмон, Ятимов, Раҳмизода ва Умаров медонад.

ҲНИТ бар ин бовар аст, ки латукуби Ҳикматулло Сайфуллозода пас аз нашри номаи онҳо дар расонаҳо ҳадафмандона буда, таҳдиди Раҳматуллои Раҷаб низ маҳз ба ҳамин хотир сурат гирифтааст. ҲНИТ бовар дорад, ки ҷони 4 нафар аъзояш пас аз расонаӣ шудани номаи онҳо дар хатар аст ва мақомот барои тарсондан ва сокит кардани бақияи зиндониён ҳамла алайҳи он 4 нафарро тарҳрезӣ кардаанд.

Бар асоси як маълумоти дигар чанде пештар зиндонии сиёсии дигари узви ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлатро низ ба ҳамон зиндони нав интиқол додаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидҳо ба ҷони аъзои зиндонии РО, мо аз эҳтимоли рух додани ҳар тавтеаи дигаре дар ин зиндон нигарон ҳастем ва аз ҳоло эълон мекунем, ки шахсан Раҳмон, Ятимов, Раҳимзода ва Умаров масъули ҷони зиндониёни сиёсӣ мебошанд ва ҳеҷ иттифоқе дар зиндон бидуни иҷозати ин афрод руй намедиҳад.

Бинобарин ҲНИТ аз созмонҳои байналмилалии ҳимоят аз ҳуқуқи башар, созмонҳои зидди шиканҷа, созмонҳои ҳимоят аз хабарнигорон, созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ ва тамоми неруҳои озодихоҳ дархости онро дорад, ки дар ҳифзи ҷони ин афроди бегуноҳ бетараф набошанд ва барои ҳимоят аз ҷони онҳо тамоми талоши худро анҷом диҳанд.

Бинобарин талаб мекунем, ки:

- Зиндонҳои кишвар бо василаҳои иртиботии озод ва доимӣ таъмин карда шаванд.

- Дастрасии хабарнигорон ба зиндонҳо комилан барқарор карда шавад.

- Дидор аз зиндонҳои кишвар барои созмонҳои байналмилалӣ дар ҳама ҳолат иҷозат дода шавад.

- Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ зиндонҳои Тоҷикистонро зери назорати қатъӣ қарор диҳад ва ҳатман бо зиндониёни сиёсии зери хатар дар кутоҳтарин муҳлат мулоқот намояд.

- дар сурати рух додани ҳаргуна ҳодисае нисбат ба зиндониёни сиёсӣ, ба хусус муаллифони нома, афроди дар боло зикршуда ба руйхати таҳримҳои созмонҳо ворид карда шаванд.

- Дар сурати рух додани ҳар гуна ҳамла ё ҳодисаи дигар ба зиндониёни сиёсӣ, дороиҳои афроди дар боло зикр шуда дар саросари дунё масдуд карда шаванд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин хостаҳои худро аз роҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ пайгирӣ хоҳад кард ва дар ин кор аз созмонҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ даъват ба ҳамкорӣ мекунад.

Раёсати Олии ҲНИТ

05. 10. 2021