Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Мусоҳиба бо раиси шуъбаи бонувони ҲНИТ Парвини Иброҳимзод

Мусоҳиба бо раиси шуъбаи бонувони ҲНИТ Парвини Иброҳимзод

Мусоҳиба бо раиси шуъбаи бонувони
ҲНИТ Парвини Иброҳимзод

«Ман дар ин ҷо дарсҳои худ- шиносӣ ва худошиносӣ ги- рифтам, ки ин бароям хеле муҳим аст.

Парвини Иброҳимзоди Дав- латиён 31 октябри соли 1974 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1982 ба мак- таби миёнаи рақами 21 шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Хонаводаи ӯ соли 1989 ба шаҳри Қӯрғонтеппа мекучанд ва хонишро дар мактаби миё­наи рақами 6 ба номи Ленини шаҳри Қӯрғонтеппа идома дода, соли 1992 онро бо медали тилло хатм намудааст. Ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии мил- лии Тоҷикистон, факултаи забонҳои шарқ, бахши за- бони форсӣ дохил шудааст. Дар аснои таҳсил ҳамза- мон солҳои 1994-1995 ба ҳайси мураббияи бе- гоҳирӯзӣ дар боғчаи бачагонаи рақами 40 (боғчаи шабонарӯзӣ) ш. Душанбе ифои вазифа кардааст. Со­ли 1995 роҳбарияти факулта ӯро барои кор дар радио тавсия медиҳад ва солҳои 1995-2000 ба симати гӯяндаи Радиои бурунмарзии ҶТ, бахши форсӣ кору фаъолият кардааст. Соли 2001 бо бонувони наҳзат ошноӣ пайдо мекунад ва аввалин бор ба қароргоҳи Наҳзат қадам мегузорад. Баъди ошноӣ бо Оиннома ва барномаи ҲНИТ дархост навишта шомили Наҳзат мегардад. Баъди як сол шуъбаи бонувон ӯро ба кор даъват мекунад ва номбурда ба ҳайси корманд дар ин шуъба фаъолиятро оғоз менамояд. Дар муддати
11 соли узвият дар Наҳзат дар шуъбаҳои мухталиф масъулиятҳои гуногунро ба уҳда дошт. Соли 2001 муҳаррири маҷаллаи «Найсон», 2003 котиби масъули маҷаллаи «Найсон», 2007 муовини раиси шуъбаи фарҳанг ва ҳунар ва ҳамзамон муҳаррири маҷаллаи «Сафинаи умед», 2010 корманди дастгоҳи раиси ҲНИТ, 2011 мухбири ҳафтаномаи «Наҷот» ва 2011 корманди шуъбаи таҳлил ва барномарезии ҲНИТ буд ва аз 2012 раиси шуъбаи Бонувони ҲНИТ мебошад.

Дар интихоботи соли 2010 ба Маҷлиси Намоянда- гони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллӣ аз ҷониби ҳизб номзад ба Маҷлиси шаҳрии шаҳри Ду­шанбе пешбарӣ шуда буд.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

  • Хонум Парвин, Шумо ва тамоми бонувони Наҳзатро ба муносибати чиҳилумин солгарди таъсиси Наҳзат табрик мегӯем!
  • Ташаккури зиёд, ман ҳам дар навбати худ ме- хоҳам тамоми аъзоён, муҳиббон ва ҳаводорони Наҳ- затро ба ин рӯзи фархунда табрику таҳният намоям. Агар инсон ба ин синну сол расад, атрофиён мегӯянд, ки ӯ ба камол расидааст. Пас ба камол расидани наҳ- затро ба тамоми ҳамватанонамон табрик мекунам.
  • Шуъбаи бонувони ҲНИТ шуъбаест, ки як сол қабл фаъолияти худро шуруъ намуд ва Роҳ- барият масъулияти ин шуъбаро ба дӯши шумо вогузор намуд. Хонум Парвин! Шумо бо чӣ бар- номаҳои тоза мехоҳед кори ин шуъбаро роҳан- дозӣ намоед?
  • Қобили ёдоварист, ки дар ҳизби Наҳзат шуъбаи бонувон навтаъсис нест. Вақте ки бори аввал, соли 2001, ман ба ҳизб омадам, кори худро дар шуъбаи бонувон шуруъ карда будам. Дар шуъба хоҳарони зиёде фаъолият мекарданд. Хоҳарони тавонову донишманд. Аммо самти кори онҳо танҳо бо бонувон маҳдуд шуда буд. Аз ин рӯ, бо маслиҳати устод Нурй (руҳашон шод бод), ки хеле дурандешу оқил буданд, шуъба баста шуд ва бонувонро ба тамоми шуъбаҳои дар ҳизб амалкунанда тақсим карданд. Ҳоло бонувон дар тамоми шуъбаҳои Наҳзат кору пайкор мекунанд. Онҳо то симати раиси шуъба, муовин, раисони бахш- ҳо ва ҳатто мушовирии раиси ҲНИТ расидаанд. Им- рӯз зан ҳатто узви Шӯрои Сиёсии ҳизб аст. Ба фикри банда, Устод айнан ҳаминро мехостанд, аммо хеле мутаассифам, ки он кас имрӯз бо мо нестанд ва нати- ҷаи он дурандешии худро намебинанд. Мо умед дорем, ки руҳи Устоди арҷманд аз мо розй ва шод бошад.
  • Аксарияти аъзои Наҳзатро бонувон ташкил медиҳанд, лутфан мегуфтед, ки Шумо чй гуна метавонед бо ҳамаи бонувон кору фаъолият намоед?
  • Чй тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 50 фисади аъзои Наҳзатро бонувон ташкил медиҳанд. Фикр мекунам, аз ин рӯ, дар ҳоли ҳозир боз барои барқа- рор намудани шуъба эҳтиёҷ пеш омадааст. Соли сипаришуда, яъне соли 2012 моҳи феврал шуъбаи бонувон барқарор карда шуд ва ба фаъолият шуруъ намуд ва сарварии онро роҳбарияти ҳизб ба дӯши камина вогузор кард. Ростй, вақте тасмими роҳбарият дар бораи ба сарварии шуъбаи бонувони ҲНИТ таъин шуданамро фаҳмидам, каме даступохӯрда шудам. Якчанд рӯз ба худ меандешидам, ки оё аз уҳдаи ин масъулияти сангин баромада метавониста бошам? Рӯзе китоберо мехондаму ин ҳадиси Паём- бари Ислом (с)-ро вохӯрдам: “Киштиро таҷдид кунед, ки бахр жарф аст, нерӯро таҷдид кунед, ки роҳ дур аст”. Ҳамин ҳадиси набавӣ ба ман боварӣ ва тавоноӣ бахшид.

Мо барномаҳои зиёдеро барои кор бо бонувон пешбинӣ намудаем. Пеш аз ҳама, тасмим дорем, ба ҷомеъа чеҳраҳои беҳтарини миллӣ ва сиёсиро муаррифӣ намоем. Аз ин рӯ, барои баланд бардош- тани малакаи ақидатӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии бонувони ҳизбӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи исломӣ давраҳои кӯтоҳмуддати махсус баргузор карда мешаванд. Инчунин ташкили якчанд маҳфилҳоро дар назар гирифтаем. Аз ҷумла, маҳфили “Бонувони боистеъ- дод”, Клуби мубоҳисавии занон, силсиланишастҳо зери унвони “Зан ва ҷомеъа”. Умед дорем, ки дар ин маҳфилҳо битавонем бонувони фарҳехтаву соҳиб- таҷриба ва сиёсатшиносу донишмандро аз тамоми қишри ҷомеъа гирди ҳам орем.

Албатта, ҳеҷ ҷомеъае бидуни мушкилот буда наметавонад ва зан беш аз ҳама дар мушкилоти зин- дагӣ дучори ҳам садамаи молию ҷисмонӣ ва ҳам шикасти руҳӣ мегардад. Барои ислоҳ ва аз байн бурдани ин мушкилот, мо бояд пеш аз ҳама онҳоро бишносем ва баъдан аз пайи бартараф намудани онҳо шавем. Аз ин рӯ, мо тасмим дорем, дар силси- ланишастҳои “Зан ва ҷомеъа” ин мушкилотро ба ҷомеъа муаррифӣ намуда, роҳҳалли онро низ пайдо намоем.

  • Шумо мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намудед ва маълумоти олӣ доред, қаблан дар радио кору фаъолият доштед. Чаро баъди уз- ви Наҳзат шудан ҳамаро тарк кардед ва тамоми фаъолияти худро ба Наҳзат равона намудед?
  • Аз радио рафтани ман якчанд сабабҳо дорад. Пеш аз ҳама ин узви ҲНИТ шудани ман аст. Ба ҳама- гон маълум аст, ки то ҳол рӯйи аъзоёни ҳизб фи- шорҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, яке аз садҳое, ки пеши рӯйи онҳо пайдо мешаванд, ин аст ки наме- тавонанд бо узвияти ҳизб дар идораҳои давлатӣ фаъолият дошта бошанд. Дуввум, бо рӯсарӣ сари кор рафтани ман аст. Азбаски Ҳукумати Тоҷикистон нис- бати рӯсарии занон, ки ба таври исломӣ баста шудааст, ҳассосияти зиёд дорад, ман наметавонис- там дигар он ҷо фаъолият намоям. Аммо то ҳозир ин мушкилот вуҷуд дорад ва фишорҳо рӯз ба рӯз нис- бати муҳаҷҷабаҳое, ки мехоҳанд дар мактабҳои миё- наву олӣ таҳсил намоянд ва ё дар идораҳои давлатӣ кору фаъолият дошта бошанд, зиёдтар мешаванд. Маро борҳо дубора барои кор ба радио инчунин ба дигар идораҳои давлатӣ даъват карданд, аммо биду- ни рӯсарӣ. Лекин ман наметавонам фарзи Илоҳиро қурбони ин корҳо намоям.
  • Дар қароргоҳи Наҳзат садҳо бону дар рӯзҳои ҷумъа намоз мехонданд, вале масҷид ба коми оташ рафт ва дигар бонувони кишвар ягона масҷидеро, ки доштанд аз даст доданд. Ин ҳодиса дар ҳаёти бонувон чй таъсир расонд?
  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол масҷиде вуҷуд надорад, ки бонувон рафта он ҷо ибодат намуда, эҳтиёҷоти динӣ, руҳӣ ва маънавии худро бароварда созанд, ҳол он ки ин кор барои занон шаръан манъ нашудааст. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Наҳзат маркази фарҳангие боз кард ва аз сабаби он, ки намоз аз фарҳанги аслии мост, намози ҷумъаро ба роҳ монд. Садҳо бонувон рӯзҳои ҷумъа имконият пайдо карданд, ки ба ин макон омада, намози ҷумъаро адо намоянд. Онҳо на танҳо барои ибодат меомаданд, балки барои гӯш кардани суҳбатҳои ҷолибе, ки пеш аз шуруъи намоз ҳам аз ҷониби бону­вон ва ҳам бародарон, пешкаши онҳо мегардид, мео- маданд. Ин марказ барои онҳо на танҳо ҷойи ибодат, балки макони муошират ҳам буд. Онҳо дар як ҳафта як бор имкони аз ҳоли якдигар огоҳ шудан, ба шодиву ғами якдигар шарик гаштанро доштанд. Фалсафаи намози ҷумъа низ ба фикри ман ҳамин аст. Дар намози ҷумъа на танҳо занони ҳизбӣ ширкат мена- муданд, балки тамоми бонувон аз қишрҳои мухта- лифи шаҳри Душанбе ва навоҳӣ низ ширкат доштанд. Чи тавре ки шумо қайд кардед, ин марказ ба коми оташ фурӯ рафт. Албатта, ҳар амале, хоҳ он бад бошад ва хоҳ нек, таъсири худро дорад. Ин амал низ ба бонувон бетаъсир намонд. Шояд аз суҳбат дур равем, аммо ман ин ҷо мехостам хотираеро аз он рӯз ёдовар шавам.

Рӯзи ба оташ кашида шудани масҷид ман он ҷо ҳузур доштам. Баъд аз намози пешин буд. Ин гуна ҳодисаи даҳшатнокро ман дар ҳаёти худ аввалин бор дидам. Ҷавонони зиёде ҷамъ шуда буданд ва ҳар яке мехост барои хомӯш кардани оташ ва берун кардани чизҳое, ки дар масҷид буданд, кӯмаке карда бошанд. Ногоҳ ба ёдам расид, ки дар яке аз ҷевонҳои масҷид китобҳои зиёди Қуръон, ки барои намозхонон гузошта шуда буд, маҳфуз аст. Аз он ҷавонон хоҳиш кардам, ки Қуръонҳоро аз бинои оташгирифта берун оранд. Аммо мутаассифона, ба он ҷо дигар ворид шуда натавонистанд. Баъд аз омадани оташнишонҳо ва хо- мӯш шудани оташ, хоҳар1они дигар, аз ҷумлаи мас- ъулин, аъзоён ва умуман дӯстдорони ҳизб ҳозир шуда буданд. Аввалин коре, ки мо кардем, ин берун овардани Қуръонҳо аз иморати сӯхта буд. Ман медо- нистам, ки мӯъҷизаҳои Илоҳӣ хеле зиёданд, аммо инашро ман бо чашмони худ дидам. Ба ягон дона аз китоби Қуръон осебе аз оташ нарасида буд.

Вақте занон аз воқеъа бохабар шуданд, чунон ғамгин гаштанд, ки забон аз тасвири он оҷиз аст. Онҳо омода буданд, то барқарор шудани бино дар ҳавлии ҳизб намози ҷумъаро бихонанд, аммо хон- дани намози ҷумъа дар ҳизб тамоман манъ шуд.

Чунончи қайд кардем, ҳар амале рӯйи инсон таъсиргузор аст, хоҳ бад бошад, хоҳ нек. Ҳодисаи мазкур низ албатта, дар ҳаёти бонувон бетаъсир набуд. Лекин ба фикри камина, ҳар коре, ки сари бан- даи Худо меояд, бе ҳикмат нест. Чунончи Худованд мефармояд: “Бигӯ, ҳаргиз чизе (аз хайру шар) ба мо намерасад, магар чизе ки Худо муқаддар карда бошад” (“Тавба”-51).

  • Оё шуъбаи бонувон ниёзи он бонувонеро, ки ҳангоми намозҳо ҷамъ мешуданд, бароварда месозад ва чӣ гуна?
  • Албатта, ташкили якчунин масҷид ва ҷамъ омадани садҳо занон дар он пешрафте дар фаъо- лият буд, аммо инро бояд қайд кард, ки пеш аз таш­кили он низ бонувони зиёде ба ҳизб омаду рафт дош- танд. Мо кӯшиш карда истодаем, ки ниёзҳои ононро бароварда созем ва сафи онон боз ҳам зиёд гардад. Барои ин дар қароргоҳи марказии ҳизб суҳбатҳои ақидатӣ — сиёсӣ ба роҳ мондем. Инчунин ҳамин гуна суҳбатҳо дар бахшҳои минтақавӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Бар замми ин, аз ҷониби шуъбаи бо­нувон дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои фарҳанг ва иршод ва Академияи исломии ҳизб семинарҳои илмӣ — фар- ҳангӣ, озмунҳо, нишастҳову баҳсҳои илмӣ ташкил карда мешаванд, ки занон иштироккунандагони фа- ъоли ин чорабиниҳоанд.
  • Барномаҳои шуъбаи бонувони ҲНИТ танҳо аъзои наҳзатро фаро мегирад?
  • Барномаи шуъбаи бонувони ҲНИТ на танҳо аъзоёни ҳизб, балки тамоми бонувон аз қишрҳои гуногуни ҷомеъаро фаро мегирад. Ҳамон гунае, ки пештар низ қайд карда будем, шуъба барномаҳои ҷолиберо пешкаши бонувон мегардонад. Бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва касбӣ чорабиниҳои рангоранг бар- гузор карда мешаванд. Маҳфилҳо ва нишастҳои илмӣ ва фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронида мешаванд.
  • Дар кишвар садҳо ташкилотҳои ғайридав- латист, ки бо бонувон фаъолят мекунанд, Шумо бо чунин ташкилотҳо чӣ ҳамкориҳое доред?
  • Дуруст аст, ки дар ҳоли ҳозир ҷомеъаи шаҳр- вандӣ хеле фаъол аст ва ташкилотҳои ҷамъиятии зиёде дар Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд. Сарварони бисёре аз ин ташкилотҳо занонанд ва мо бо бисёре аз онҳо робитаҳои хуб барқарор кардаем. Дар гузаронидани чорабинию тадбирҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо онҳо ҳамкории хуб дорем. Тӯли чанд сол аст, ки бо ташаббуси ТҶ “Зан-инти- хобкунанда”, ки сарварии онро хонум Раъно Охунова бар уҳда дорад, Клуби мубоҳисавии занон бо шир- кати бонувони фаъол аз аҳзоби мухталифи ҶТ гирд оварда шудаанд. Шарофат Ҳусайнӣ ва Зарафо Раҳ- монӣ чанд сол аст, ки аъзои фаъоли ин клуб мебо- шанд. Инчунин бонувони наҳзатӣ ба сифати тренер дар лоиҳаҳои гуногуни ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъо­лият намудаанд. Ҳамзамон бо созмонҳои байнал- милалӣ низ алоқаи хубе барқарор намудаем. Қариб дар ҳамаи семинарҳое, ки ин созмонҳо ташкил меку­нанд, ширкати фаъоли бонувони наҳзатӣ ба чашм мерасад.

Умед дорем, ки дар оянда ин ҳамкориҳои мутақо- билан судманд боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда шаванд.

  • Ҳамарӯза даҳҳо бонувон ба қароргоҳи марказии ҲНИТ муроҷиат мекунанд, Оё Шумо метавонед бигӯед, ки дар чӣ масоиле онҳо бештар муроҷиат мекунанд?
  • Бале, ҳамарӯза бонувони зиёде ба қароргоҳи марказии ҳизб меоянд. Бархе аз онҳо бо мушкилоти хонаводагӣ муроҷиат менамоянд. Мо онҳоро ба Ака- демияи исломии ҳизб барои маслиҳату машварат ме- фиристем. Аммо бисёре аз онҳо занҳои азобу озор- дидаву ранҷкашидаанд. Нафаре фарзандашро аз даст додаву дигаре волидайн ва ё бародару хоҳа- рашро. Онҳо дарк кардаанд, ки танҳо Ислом ва Қуръон метавонад таскини дили пурдарди онҳо гар- дад. Азбаски дар ҷумҳурии мо то ҳол маконе вуҷуд надорад, ки якчунин бонувон битавонанд бо ибодат ё бо суҳбат тасаллои худро пайдо кунанд, ҳамарӯза ба қароргоҳи ҳизб меоянд ва ба шуъбаи бонувон муроҷиат мекунанд. Онҳо аз мо кӯмаки молӣ интизор нестанд, танҳо ниёз ба сухане доранд, ки битавонад дубора ба ҳаёт дилгармашон кунад.

Бояд ин ҷо қайд кард, ки мушкилоти аз ҳама бу- зурги ҷомеъаи мо муҳоҷирати меҳнатии мардон ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия мебошад. Ин мушкилот аз пайи худ дар хонаводаҳо душвориҳои зиёди дигареро эҷод намудааст, аз ҷумла мушкилоти руҳию равонӣ. Дар хонаводаҳои муҳоҷирони ҷавон нофаҳмиҳо байни хушдоману келинҳо ва то ба ҷанҷол омада расидани онҳо зиёд ба чашм мехӯрад. Таассуфовараш ин аст, ки оқибат ҳамаи инҳо ба та- лоқ меанҷомад.

Аз ин рӯ, шуъба тасмим гирифтааст, ки барои за- нон ва ҷавондухтарон суҳбатҳое бо равоншинос ро- ҳандозӣ намояд. Табиб пеш аз он ки ба табобати бе- мор шуруъ кунад, аввал беморро ташхис намуда, ва беморӣ ва сабаби пайдоиши онро муайян менамояд, он гоҳ ба мудовои он мепардозад. Мо низ бояд муш- килотро бишносем, сабаби пайдоиши онро аниқ ку- нем, баъдан роҳҳалҳои лозимиро пешниҳод намоем.

Ман орзуи онро дорам, ки бо кӯмаки Худованди мутаъол барои хизмат ба занони шарифи Тоҷикистон гоми устуворе бардошта бошем.

  • Ба андешаи Шумо, ҳукуматдорон чаро аз рӯсарибандӣ бадашон меояд?
  • Ин ҳассосиятро шахсан ман дар якчанд унсур мебинам. Аввал ин ки душманони Ислом ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой ором наменишинанд. Бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ҷомеъаҳои исломиро ба фасод бикашанд. Азбаски занон қишри таъсирпазири ҷомеъа мебо- шанд, пеш аз ҳама кӯшиш мекунанд, ин гурӯҳро за- ъиф намоянд. Аз ин рӯ, дар мавзӯъ ба гумони мо дас- ти душманон аз хориҷ бештар аст.

Дуввум, баъзе аз ҳукуматдорон баҳона пеш ме- оранд, ки чунин либос пӯшидани занон таблиғи фар- ҳанги бегонаро дар ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад. Аммо дар асл мо шоҳиди он ҳастем, ки ВАУ, аз ҷумла телевизион, ба унвони либоси миллӣ чӣ шакл пӯшиш- ҳоеро пешкаши ҷомеъаи бе ин ҳам фасодзадаи мо мегардонанд. Онҳо либоси миллиро танҳо дар матоъ ва гулдӯзиҳои миллӣ мебинанд, аммо ба тарзи дӯхти онҳо ҳеҷ кас аҳамият намедиҳад.

Саввум, ин ки ҳукуматдорони мо ба дарки фалса- фаи аслии рӯймол нарасидаанд. Шояд наметавонанд дарк кунанд, ки рӯймол барои зан на танҳо пӯшиши сар, балки муҳофизатгари иффат, покдоманӣ ва шар­му ҳаёи ӯст. Шояд дар ин маврид мо ҳам муқассир бошем, ки дар ин қадар соли фаъолият натаво- нистем, ин андешаро ба онҳо бирасонем.

Имрӯз занону духтарони мо тақлид ба занони амрикоӣ ва аврупоӣ мекунанд ва риоя намудани пӯшиши исломиро нишонаи ақибмондагӣ медонанд. Ҳол он ки худи аврупоиён дар ин андеша нестанд. Доктор Густав Лубун дар мавриди арзиш ва мақоми зан дар Ислом чунин мегӯяд: “Ҳар гоҳ бихоҳем дараҷаи таъсири Қуръон дар тағйири авзоъи зан ва боло бурдани мақоми ӯ дар ҷомеаро бидонем, бар мо воҷиб аст, ки авзоъ ва аҳволи ӯро дар даврони шуку- фоии ҳукумати Ислом мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем. Муаррихон нақл кардаанд, ки занони мусал- мон дорои ҳамон манзалату мақом ва арзише ҳас- танд, ки хоҳаронашон дар Аврупо ба тозагӣ онро ба даст овардаанд ва дар воқеъ онро аз арабҳои наҷиб ва шариф ва дорои одатҳои писандидаи Андалус иқтибос ва касб кардаанд… Ба ростӣ аврупоиён усули мардонагӣ ва он чиро ки боиси эҳтиром ва арзиши зан буд, аз арабҳо ёд гирифтанд. Ин Ислом буд, ки ба фарёди инсон расид ва ӯро аз чоҳи зиллату бадбахтӣ берун овард ва ба болотарин мақом расонид…”

  • Шумо 13 сол аст дар наҳзат кору фаъолият доред, лутфан бигӯед, оё ягон нафъе бардоштед ва ё зараре дидед?
  • Ин суол ба назари ман каме аҷиб аст. Шоири ширинкалом Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин мефар- мояд:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Инсон агар қобилияти дарку фаҳмиш ва таҳлили дуруст дошта бошад, дар ҳар ҷода ва дар ҳар кору фаъолият барои худ фақат манфиат касб менамояд. Ман то ба ҳизб омадан дар чанд ҷойи дигар кор кардаам ва фоидаҳои зиёд ба даст овардаам, ки шояд дар давоми умрам ба кор оянд. Аммо ҳизб дар ҳаёти ман ҷою мақоми хосеро дорост. Вақте ман дар радио ба ҳайси гӯянда кор мекардам, касе маро ҳатто намешинохт. Мо ҳатто ҳуқуқи гуфтани номи худро надоштем. Аммо ба шарофати ҳизб маро дар як муҳити муайян ҳамчун шахсият шинохтаанд. Ман дар ин ҷо дарсҳои худшиносӣ ва худошиносӣ гирифтам, ки ин бароям хеле муҳим аст.

  • Боз чй гуфтание доред?
  • Шуъбаи бонувон мисли дигар шуъбаҳои ҲНИТ ба хотири эҳёи дини мубини Ислом, фарҳанг ва суннату русуми ниёгон дар талоши онанд, ки бо мадади Худованди бузург ҳамроҳи дигар нерӯҳои солиму созанда ҷомеъаи кишварамонро аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ раҳоӣ бахшад. Мо умед дорем, дар солҳои наздик битавонем ба ҷомеъаи Тоҷикистон намунаи бонуи мусалмони муосирро муаррифӣ намоем. Дар охир таманнои онро дорам, ки Худованд моро дар ин ҷодаи воқеан душвору сангин устувор ва муваффақу муайяд бигардонад!

Мусоҳиб: М. Орзу