Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Мусоҳиба бо раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе  Муҳаммадҷони Нурӣ

Мусоҳиба бо раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе Муҳаммадҷони Нурӣ

“Ман роҳи падари бузург- вори худро интихоб наму- дам, зеро яқин дорам, ки ин роҳи хидмат ба дину мил- лат аст”.

Сайид Муҳаммади Нурӣ 11 сентябри соли 1974 дар деҳаи Якуми Майи совхози «Туркма- нистон»-и ноҳияи Вахш дар оилаи диндор ба дунё омада- аст. Маълумотҳои аввалияи диниро ҳанӯз аз овони кӯдакӣ аз падари худ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омӯхтааст. Мактаби миёнаи рақами 20 ноҳияи мазкурро соли 1991 хатм менамояд. Ҳифзи Қуръони маҷидро дар назди яке аз муассисони Наҳзат_Қорӣ Муҳаммадҷон оғоз намуда, дар назди қориҳои Узбекистон ба поён мерасонад. Ба факултаи Қуръони Донишгоҳи гуманитарии Фаронса дохил шуда, онро низ хатм менамояд. Соли 2000 ба факултаи ҳуқуқи ДМТ дохил шуда, соли 2007 онро хатм мекунад.

Ба кишварҳои Эрон, Кувейт, АМА, Испания. Швет- сария, Олмон, Фаронса, Туркия, Қазоқистон ва Русия сафар кардааст.

У соҳибкор, мудири Ҷамъияти Саҳомии Навъи кушодаи «Олами кӯдакон» мебошад. Соли 2003 таш- килоти ҷамъиятии «Бунёди Нурӣ»-ро таъсис дода ва ҳоло раиси ин ташкилот аст.

Соли 2005 раиси ташкилоти ибтидоии №7 ноҳияи Шоҳмансур, соли 2005 раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе интихоб мешавад. Феълан узви РО ва узви Шс ҲНИТ ва раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

  • Қории муҳтарам, Шуморо ба муносибати 40- солагии ҲНИТ табрик мегӯем.
  • Ташаккур, ман ҳам дар навбати худ Шумо ва та- моми аъзову ҷонибдорони ҲНИТ-ро ба ин муносибат табрик мекунам. Воқеан боиси ифтихор аст, ки дар кишваре чун Тоҷикистон, ки аксари мардуми он му- салмонанд, ҳизби исломй расман фаъолият мекунад. Инак чиҳилумин сол аст, ки ҲНИТ дар масири зиндагии мардуми кишвар қадам мезанад ва табиист, ки дар ин муддат ҳаводиси бисёр мураккабу душвор ва хатарнокро паси сар намуд. Аз даврони Шуравй фаъолияти пинҳониро оғоз намуд ва мароҳили гуно- гун, аз қабили фаъолияти расмӣ, ҳиҷрат, ҷиҳод ва сулҳро тай намуд ва дар ин муддат тавонист мавқеъи худро мушаххасу устувор нигоҳ дорад. Имрӯз ҳам но- вобаста ба вазъиятҳои ҳассосу мураккаб ва таҳав- вулоти сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ ва вазъи геополи- тикии ҷаҳон, ҲНИТ дар мавқеи худ ҳамчунон по- барҷост. 40 соли талошу мубориза, сабру тоқат, худ- шиносиву худогоҳӣ ин ҳизбро обутоб дод ва ба камол расонд. Худовандро сипосгузорам ва шукр мегӯям, ки маро аз аҳли ин корвон қарор дод ва паймудани ин роҳи бошарафро насибамон гардонд.

— Мо устод Нуриро ба унвони донишманди улуми исломй ва сиёсатмадори муваффақ меши- носем, Шумо қиблагоҳатонро тавсиф намоед?

  • Падари ман устод Нурӣ ҳамчуноне ки дар фаъо- лиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии худ муваффақ буд, дар муносибат бо ҳамсару фарзандон низ муваффақ буд. Мо, фарзандон, он касро падари ҳалиму меҳрубон, хоксору ботамкин ва бовафову қавиирода мешино- сем. Устод барои мо на танҳо падари идеалӣ, балки дар зиндагӣ устод ва роҳнамоанд. У ба мо дарси ростқавлӣ, амонатдорӣ, парҳезгорӣ, вафодорӣ, изза­ту эҳтиром ва дигар хислату рафтори накуро омӯ- зонд. Барои мо гуфтор, рафтор, нигоҳ, ибодат ва ҳар лаҳзаи ҳаёташ дарси ибрат аст. Моро дар рӯҳияи ишқу алоқа доштан бо Худованд ва Қуръону Паёмбар (с) тарбия менамуд. Худоро ҳазорон сипосу ситоиш, ки фарзанди чунин шахсиятам. Ҳеҷ гоҳ ба худамон иҷозат надодаем, ки аз мақому манзалат ё пулу мо- лаш ифтихор кунем. Аммо ба имону тақво, ахлоқу одоб ва он тарбияе, ки моро кардааст, ҳамеша ифти­хор дорем. Дар ин рӯзҳо, ки мактаби таъсиснамудаи эшон ба синни 40 мерасад, аз Худованд хоҳони онам, ки падарамро ҳамроҳи сиддиқин, шуҳадо ва солеҳин ҳашр намояд.
  • Беҳтарин панди падарро, ки ҳамеша дар хо- тир доред, кадом аст?
  • Падари бузургвори мо ҳеҷ гоҳ панду андарзаш- ро аз мо дареғ намедошт. Тамоми гуфтаҳои эшон дар хотири ман нақш бастааст. Аммо як насиҳаташон пайваста дар тасаввурам ҷилвагар аст. Солҳои охир мегуфт, «Фарзандони ман! Аз ин ки шумо фарзанди як лидер ё роҳбар ҳастед, ҳеҷ гоҳ ифтихор накунед, шумо талош намоед, то худ шахсият шавед».
  • Дар яке аз мусоҳибаҳои худ Устод гуфта буд, ки намехоҳад яке аз фарзандони эшон вориди сиёсат шуда, бо роҳи эшон биравад. Чаро Шумо роҳи падарро интихоб намудед?
  • Устод, Худо раҳматашон кунад, дар сиёсат во- қеан бисёр роҳи душворро паси сар карда буд. Аммо дар интихоби касб ҳеҷ гоҳ болои мо фишор на- меовард, ки ту ҳатман фалон касбро интихоб бикун. Бале, шояд эшон гуфта бошанд, ки фарзандонам ба сиёсат ворид нашаванд, вале ин худ яке аз услубҳои ҳаёти эшон буд. Устод бо ин сухан гуфтанй аст, ки наметавон касеро маҷбуран, бидуни ирода ва хоҳи- шаш ба роҳе бурд. Эшон ба мо дарси мустақилона зистан ва мустақилона тасмим гирифтанро меомӯ- зонд. Падарам гуфтааст, ки ба сиёсат ворид наша- ванд, аммо ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки ба роҳи Худову Паёмбар нараванд, баръакс ҳамеша зимни насоеҳи худ ба мо таъкид мекард, ки дар роҳи Ислом ва хид- мати ҷомеъа мардонавор устувор бошед. Ман роҳи падари бузургвори худро интихоб намудам, зеро яқин дорам, ки ин роҳи хидмат ба дину миллат аст. Аз та- рафи дигар ин роҳ роҳи Паёмбар, роҳи саҳобагон, ро- ҳи олимону орифон ва роҳи саодатмандию сарбалан- дии ду ҷаҳон аст. Ман аз Худованд мехоҳам, то вопа- син нафас, маро дар ин роҳ собитқадам нигаҳ дорад.
  • Мақоми Шумо дар миёни масъулини Наҳзат аз рӯи кадом меъёр аст, корманди ҳизб ё ҳамчун фарзанди муассиси ҳизб?
  • Беҳтар мебуд агар ин мавзуъро аз дигарон мепурсидед, вале аз нигоҳи банда ҳарду эҳсос мешавад. Масъулине, ки бо Устод буданд ва солҳо дар канори ҳам пайкор карданд, ба ман ҳамчун фарзанди Устод ва масъули наҳзатӣ эҳтиром доранд, аммо қишри ҷавон ҳамчун масъули наҳзатӣ ва фарзанди Устод. Аммо банда ҳамон насиҳати пада- рамро дар ёд дорам. Бинобар ин, бо тамоми аъзо, масъулин ва роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон муносибати бародарона дорам ва аз ҳамаи онҳо таҷриба меомӯзам ва бо аксари масъулин муносибатам шогирдона аст.
  • Баъди даргузашти Устод қарор буд, оромгоҳи эшонро бисозанд, Дар ин замина чй корҳое анҷом дода шуд?
  • Соли гузашта, мо бо фарзандони марҳум Зоки- рҷон Вазиров иқдом ба сохтани оромгоҳ намудем. Ҳудуди ҳафтод дарсади корҳоро дар ин замина ба анҷом расонидем. Худо хоста бошад, бо мусоид шу- дани вазъи боду ҳаво, корҳои боқимондаро низ анҷом хоҳем дод.
  • Ба андешаи Шумо чаро фаъолияти Наҳзат дар шаҳри Душанбе ба кундй пеш меравад?
  • Кору фаъолият дар шаҳри Душанбе аз дигар манотиқ фарқ мекунад. Ин ҷо маркази кишвар аст ва ҳама камбудиву нуқсонҳо зуд ба назар мерасад. Гу­зашта аз ин, аксарияти мардуме, ки дар пойтахти ва- тани азизи мо зиндагй мекунанд, аз дигар навоҳӣ ба ин ҷо омааданд. Урфу одатҳои онҳо гуногун ва ҷаҳон- бинияшон мутафовит мебошад ва ҳама дар як сатҳ нестанд. Барои расонидани аҳдофи Наҳзат ва бурда- ни таблиғот дар миёни аҳолии шаҳр моро зарур ва лозим аст, то афродеро омода намоем, ки бо ҳар қишри ҷомеъа ба таври муносиб гуфтугузор карда ва, онҳоро қонеъ гардонда битавонанд. Аз тарафи дигар, тамоми ҳизбу созмонҳои сиёсӣ дар пойтахт фаъолият мекунанд ва рақобат дар шаҳр хело қавист. Бо ву- ҷуди ин ҳама мушкилот, наметавон фаъолияти Наҳ- затро дар шаҳри Душанбе заъиф ҳисобид. Дар соли 2010, ки интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, корҳои ташкилӣ, таблиғотии Наҳзат дар шаҳри Душанбе бе- собиқа буд. Имрӯз аъзои Наҳзат дар шуъба назар ба солҳои пешин бештар ҷалб шудаанд ва дар татбиқи барномаи ҷавонгароӣ хело муваффақем.
  • Муносибат ва ҳамкории Шумо бо ҳукумат дар кадом сатҳ аст?
  • Муносибат ва ҳамкории мо танҳо дар доираи фаъолияти Наҳзат дар шаҳри Душанбе амалӣ меша- вад. Дар ҷаласаҳои ҳукумати шаҳр ширкат меварзем ва пешниҳоду дархостҳои худро ба шаҳрдорӣ мера- сонем. Дар чорабиниҳое ки дар шаҳр доир мегардад, кормандони мо даъват мешаванд ва барномаҳое, ки дар ҳудуди шаҳр анҷом дода мешаванд, мисли «Му- бориза алайҳи нашъамандӣ», «Тозагии муҳити зист», «Назорати соҳаи хизматрасониву коммуналӣ» ниҳод- ҳои зидахли ҳукумати шаҳр масъулини шуъбаи шаҳ- рии ҳизбро ба ҳайси нозир даъват менамоянд ва дар ин гуна чорабиниҳо бевосита ширкат меварзанд.
  • Кадом самти фаъолияти ҲНИТ, аз нигоҳи Шумо, заъиф ва ниёз ба ислоҳот дорад?
  • Дар шароити кунунӣ, ба андешаи банда, Наҳзат дар тамоми самтҳо фаъолияти қаноатбахш дорад. Аммо ман чанд мулоҳизае дорам, ки умед аст сари он бо ҳам андеша намоем. Мулоҳизаи нахустин дар бо- бати тайёр намудани кадрҳои мутахассис ва ҷавобгӯи замон аст, ки дар ин замина бояд барномаҳои мушах- хас ва ҷиддӣ роҳандозӣ шаванд. Агар имрӯз ташкили дарсҳои ҳуҷрагӣ қонунан мамнуъ аст, бояд Наҳзат роҳҳои қонуниро пайдо намуда, мактаби суннатии омода намудани кадрҳоро роҳандозӣ намояд. Муло- ҳизаи дигар ин аст, ки Наҳзат аз ин пас бештар бояд ҳушёру зирак бошад ва ба фитнаву найранги шах- сони тасодуфӣ дода нашавад. Аъзо ва масъулини он набояд иҷозат диҳанд, ки касе шаъну шараф ва ҳайсияти роҳбарияти ҲНИТ-ро паст бизанад. Роҳ- барият бояд фигураи асосӣ ва улгуи ҳар узви Наҳзат бошад, амру дастуроти ӯро бо ҷон бипазиранд ва дар пайи анҷоми он бо тамоми тавон талош намоянд. Мулоҳизаи ахири ман ин аст, ки ба сабаби афзоиши фишорҳои гуногун болои Наҳзат, бояд ҷанбаи амни- ятии ҳизб тақвият дода шавад. Аъзои Наҳзат бояд иртиботи ҳамешагӣ бо якдигар тавассути шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ ва мобилӣ дошта бошанд.
  • Боз чӣ гуфтании дигар доред?
  • Мехоҳам илова намоям, ки Наҳзат имрӯзҳо ба синни мубораки 40 мерасад ва дар ин муддат ба як нерӯ ва мактаби қавие табдил шудааст. Итминони комил дорам, ки дар Наҳзат афроде ҳастанд, ки омо- даанд ба хотири идомаи ин роҳ ва комёбиву муваф- фақияти он молу ҷон ва тамоми дороии худро дареғ надоранд. Аз Худованд бо тазарруъ дархост дорам, ки сафи чунин ҷавонмардонро дар ин ҳаракат би- афзояд. Наҳзат ҳамеша сулҳу пешрафт ва оромии ҷомеъаро хоҳон аст ва баҳри он талош хоҳад кард. Пешрафту муваффақияти мардуми тоҷик яке аз ар- зишҳои муҳим барои Наҳзат ва наҳзатиён мебошад. Худованд рӯҳи тамоми нафаронеро, ки дар ин роҳ ҷон бохтаанд ва барои ин мактаби бузург хидмат кардаанд, шод бигардонад ва Аллоҳи меҳрубон аз ҳамаашон розӣ бошад.

Ташаккур барои суҳбату маслиҳатҳои ҷоли- батон!

Саломат бошед!

Масоҳиб: М. Орзу