Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Мусоҳиба бо узви Шурои сиёсии ҲНИТ Абдуқаҳори Давлат

Мусоҳиба бо узви Шурои сиёсии ҲНИТ Абдуқаҳори Давлат

“Акнун масъулияти минба- ъдаи таърихӣ бар дӯши мост ва мо ҳам бояд тавре ин мактабро ба мерос гузо- рем, ки роҳу равиш ва ман- ҳаҷи он тибқи хостаи муас- сисон бошад”.

Абдуқаҳҳори Давлат 5 августи соли 1975 дар ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ошноӣ бо улуми исломиро ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар назди домулло Саидхоҷа ва қорӣ Муҳаммадвалӣ дар зодгоҳи худ оғоз намуда, сипас дар назди домулло Муҳаммад- толиб онро такмил медиҳад. Дар авоили солҳои нава- дум дар назди домулло Атохоҷаи Қумсангирӣ касби илм намуда, улуми сарфу наҳвро дар назди қорӣ Саидбек азбар мекунад. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1992 ба Техникуми савдои шаҳри Душанбе дохил мешавад ва баъди сар задани ҳаводиси сол- ҳои 1992 ба Давлати Исломии Афғонистон ҳиҷрат на­муда, аз он ҷо ба Покистон меравад ва Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа (р)-ро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад. Дар Покистон муд- дате ба ҳайси муҳаррири масъули маҷаллаи араби- забони тоҷикон бо номи «Ҷайҳун» кор кардааст. Баъ­ди имзои Созишномаи сулҳ ба Ватан баргашта, фа- култаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи мил- лии Тоҷикистон ва факултаи Иқтисодиёти ҷаҳони До-

нишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст ва унвонҷӯи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷаи Федератсияи Русия мебо- шад. Номбурда дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ёвари директори Хабаргузории илмию таҳлилии «Мизон», сармутахассиси Маркази матбуоти Вазора­ти саноати ҷТ, ёвари директори генералии ҶСНК «Тоҷиктекстил» кор кардааст. Фаъолияти ҳизбии худ- ро аз соли 1999 оғоз намуда, то кунун дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ фаъолият дорад, аз ҷумла, котиби Дастгоҳи иҷроия (1999-2000,) муовини раиси шуъбаи кадр ва омӯзиши сиёсӣ (2001-2004,) сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот», раиси шуъбаи табъу нашри ҲНИТ (2004-2010) ва айни замон раиси шуъбаи роби- таҳои хориҷии ҲНИТ мебошад. Соли 2007 Маркази иттилоотиву таҳлилии «Пресс-панорама» таъсис до- да, то ҳол директори ин марказ аст. Узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИт мебошад. Оиладор соҳиби 1 фарзанд аст.

  • Бародари гиромӣ, шуморо ба муносибати ҷашни 40-солагии Наҳзат табрик мекунем.
  • Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.Бо изҳори ташаккур дар ибтидо аз шумо тамоми баро- дарону хоҳарони наҳзатиро бо ин санаи муҳим табри- ку таҳният мегӯям. Воқеан дар тӯли ин 40 сол ҳизб марҳилаҳои гуногуни ташаккулёбиро аз сар гузаро- нид. Солҳои фаъолияти пинҳонӣ, ширкат дар ҳукума- ти эътилофӣ, ҳиҷрат, муборизаву муқовимат барои бозгашти сарбаландона ба кишвар ва соҳиб шудан ба ҳуқуқҳои аздастрафта, инчунин мушорикат дар КОМ ва ҳукумати давраи гузариш ҲНИТ-ро ба чиҳили камолот расонид. Ин сана маънои онро дорад, ки наҳзатии имрӯз аз наҳзатии ибтидои солҳои навад бо вижагиҳои хосе, ки ба узви як ҳаракати исломии му- осир тааллуқ дорад, фарқ мекунад. Дар гузашта душманони ин ҳаракат бо ангушти иттиҳом онро ба тӯдаи «муллоҳои аз сиёсат» бехабар ташбеҳ мекар- данд, вале имрӯз ин корро карда наметавонанд. Дар ин санаи хеле муҳим шояд таассуфовар ин бошад, ки дар паҳлӯи мо устодону бузургоне, ки дар таъсиси ин ҳизб заҳмат кашидаанд, нестанд. Ба хусус устодон Нуриву Ҳимматзода, Худованд онҳоро шомили раҳ- мати худ гардонида, дар биҳишти ҷовидон маъво диҳад.

— Замони даргириҳо Шумо донишҷу будед, ам- мо чӣ сабаб шуд, ки таҳсилро канор гузошта, ҳиҷратро ихтиёр намоед?

Моҳи сентябри 1992 вақте ба айёдати волидайни худ ба ноҳияи Колхозобод рафтам, гурӯҳҳои мусал- лаҳи сиёҳпӯш ба вилояти мо бо танку зиреҳпӯш ҳуҷум карданд. Аҳлу оила, падару модар ва дигар хешу ақрабо ба Душанбе муҳоҷир шуданд ва мебоист ман ҳам ба Душанбе меомадам, аммо роҳи рафтуомад якбора банд шуду омада натавонистам. Ман таҳсил- ро на аз рӯи ихтиёр, балки аз ноилоҷӣ канор гузо- штам. Агар бигӯем, хотираҳои ҳиҷрат ҳама дарси зиндагӣ ва дарси ҳаёт аст, хато намекунем. Он ша- бурӯз мардум умед доштанд, ки ин мушкилӣ ҳарчи сареътар ҳалли худро хоҳад ёфт, хусусан баъди сес- сияи 16-уми «таърихӣ». Ҳама бо чашми имдод ба қасри «Арбоб» менигаристанд, ки шояд роҳбарияти нави кишвар коре барои қатъи ҷангу хунрезӣ анҷом бидиҳад. Вале рафти ҳаводиси баъдӣ нишон дод, ки ин гумонҳо танҳо орзуву хаёланд. Ҳукумати нав ба ҷои ба мушкили мардум расидан, «отчистка»-ро дар ҷумҳурӣ, ба хусус дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе роҳандозӣ кард. Дар ноҳияҳои Шаҳ- ритус, Қумсангир ва Панҷ мардуми зиёдеро ба шаҳо- дат расониданд. Ҳатто алайҳи бошгоҳҳои мардуми гурезаи бесилоҳ аз он тарафи симхор, дар лаби да- рёи Ому ҳуҷум сурат гирифт, ки ман ва ҳазорон мар­думи дигарро водор ба ҳиҷрат ба Афғонистон кард.

  • Баъд аз ҳиҷрат Шумо дар бархе аз сохторҳои давлатй кору фаъолият намудед, ҳамон вақт назари масъулини ниҳодҳои ҳукуматӣ ба мухо- лифин чӣ гуна буд?
  • Бояд қайд намоям, ки ҳадаф аз фаъолият дар ин сохторҳо танҳо касби таҷрибаи корй буд, на чизе беш аз ин. Дар Вазорати саноат ба ҳайси сармутахассиси Маркази матбуот ва дар ҶСШК «Тоҷиктекстил» дар ибтидо ба ҳайси сардори шуъбаи умумй ва баъдан ба ҳайси ёвари директори генералии корхона фаъолият кардам. Роҳбарияти ин ду сохтор аз фаъолияти бан­да қаноатманд буданд. Дар байни давлатмардон низ афроде буданд, ки ба мухолифин назари мусбат надоштанд, ҳатто агар имкон пайдо мешуд, барои ихроҷи онҳо аз сохторҳои давлатй дастур медоданд ва дар айни ҳол афроди хуб хеле зиёд буданд, ки аз ваҳдату мусолиҳаи миллй ҳарф мезаданд.

Дар ин ҷо мехоҳам, як қиссаи воқеъиро аз фаъо- лиятам дар ҶСНК «Тоҷиктекстил» ёдовар шавам. Ҳар ҳафта ҷаласаи Шӯрои директорон баргузор мешуд ва ман ҳам ба ҳайси ёвари директори генералй дар ин ҷаласаҳо ширкат мекардам. ҲХДТ барои ҷалби аъзои нав бо як гурӯҳ коргарзанони ҶС «Нассоҷ» муроҷиат мекунад, дар он ҷо посух мешунаванд, ки мо аъзои ҲНИТ мебошем. Ин хабар онҳоро сахт нороҳат меку­над ва баҳсро то Шӯрои директорон мекашанд. Аҷи- баш ин буд, ки маро барои суҳбат кардан бо ин кор- гарзанон муваззаф сохтанд ва ҳатто ёдам меояд, ки ба ман гуфтанд: «Куҷоро нигоҳ мекунӣ, ки Наҳзат дар корхона ячейкаҳояшро ташкил кардааст……

-Фарҳанги коргузории Наҳзат аз ниҳодҳои ҳукуматӣ чӣ фарқият дорад?

Ба назари ман муҳимтарин фарқият дар фарҳанги муносибат ва кории исломӣ аст, ки дар асоси арзиш- ҳои диниву мазҳабӣ пайдо мешавад. Дар Наҳзат ин фарҳанг роиҷ аст ва ҳамаи масъалаҳо дар доираи ҳамин арзишҳо, яъне арзишҳои исломӣ ҳаллу фасл мешаванд. Вале дар ниҳодҳои ҳукуматӣ то ҳол фарҳанги кӯҳнаи Шуравӣ роиҷ аст. Сабабаш дар он аст, ки афроде, ки сари қудратанд, аз мактаби Ҳизби коммунистӣ гузашта, тарбиядидаву таҳсилкардаи он замонанд. Муншии аввали ҳизби Коммунист, мунши- ҳои вилоятиву ноҳиявӣ таҳқиру дашном медоданд ва онҳо дар навбати худ ин фарҳангро дар маҳалҳо ис- тифода мекарданд. Ҳанӯз ҳам аз ин гуна фарҳанги коргузорӣ дар идораҳо истифода мешавад. Дар баъ- зе ҳолатҳо ҳатто ҳайсияти коргар ба инобат гирифта намешавад, вале мардум аз рӯи ночорӣ маҷбуранд, кор кунанд ва зиндагии худро пеш баранд.

  • Шумо замоне раиси шуъбаи табъу нашри ҲНИТ будед ва ин шуъба дар пайи ислоҳоти сохтории ҳизб барҳам хӯрд. Ислоҳоти сохторӣ дар пешрафти кори ҲНИТ чӣ таъсир расонид?
  • Албатта, ҳар ислоҳот ҷанбаи мусбии худро до­рад, вале гумон мекунам, барҳам додани ин шуъба ҷанбаҳои манфӣ низ дошт. Он замон як блоки қавии иттилоотӣ ва расонаӣ ба вуҷуд омада буд, ки нашри ҳама гуна матолиб бо ҳамоҳангии комил ва барно- мавӣ сурат мегирифт. Ҳафтаномаву маҷаллаҳо ва сомона дар таъмини маводу мақолаҳо комилку- нандаи якдигар буданд. Маводе, ки хусусият ва тала- боти жанрӣ дар он мутобиқат ба мӯҳтавои ҳафтано- ма, маҷаллаҳо ё ин ки сомона мекард, дар ҷои худ нашр мешуд. Мушкили асосие, ки имрӯз дар саҳифаҳои расонаҳо мебинем, ин баъзан ба хусуси- ятҳои жанрӣ ҷавобгӯ набудани матолиб аст, ки ба нашр мерасанд. Дар ҳоли ҳозир ҳар як расонаи мо ба шакли инфиродӣ ва барномаи дохилии худ фаъолият дорад, ки эҳтимолан дар баъзе ҳолатҳо корҳои муҳими расонаӣ ба сабаби ҳамоҳанг нашудан ё нао- мадани барномаҳои онҳо аз мадди назар дур мемо- над. Ин амал дар инъикоси ҳаёти ҳизбӣ ва нашри ма­толиб таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин, шуъбаи табъу нашр як идда корҳоеро барои худкифо шудани расонаҳои ҳизбӣ рӯи даст гирифта буд, ки ба ҳизб фоидаи молӣ меовард.
  • Шумо яке аз номзадҳои ҲНИТ ба МН будед ва бо интихобкунандагони худ вохурӣ ва суҳбатҳо доштед, ҳоло мегуфтед, ки тақаллубкориҳо дар интихобот аз бетафовутии мардум нисбат ба сиё- сат сар мезананд, ё мубтанӣ бар ташаккул наёфтани шууру фарҳанги сиёсии эшон аст?
  • Дар ин ҷо ҳаргиз намешавад бетафовутии мар- думро сабаби тақаллубкориҳо дар интихобот донист. Дуруст аст, ки фарҳангу шуури сиёсӣ дар мо тоҷикон ҳанӯз ҳам ба таври комил ташаккул наёфтааст, вале мо дар роҳи ташаккулёбӣ ва рушди ин фарҳанг ҳас- тем. Агар интихоботҳои баъди мусолаҳаи миллиро мо мавриди таҳлил қарор бидиҳем, мебинем, ки интихо- боти 2010 комилан аз интихоботҳои қаблӣ фарқ ме­кард. Яъне ширкати густурдаи мардум дар интихобот ва муборизаи номзадҳо ба вакилӣ бозгӯи он аст, ки фарҳанги сиёсии мардуми мо як каме пеш рафтааст. Ба фикрам, аввалин бор баъди истиқлолият мақомот ва ҳизби ҳоким заъфу нотавонии худро дар пеши рақибони сиёсиаш бо чашми сар диданд. Барои уму- мигӯӣ нашудан, метавон аз ҳавзае, ки худи ман ном- зад будам, мисол биёрам. Рақибам, ки раиси ноҳия буду бар замми ин қаробати хешу таборӣ бо Прези- денти кишвар дошт, аз гузаронидани мулоқотҳои муштарак худдорӣ мекард. Ҳатто яке аз мулоқот- ҳоеро, ки мақомот ва ҳавза дар беморхонаи марказӣ бо ширкати фаъолони ноҳия ташкил карда буд, нахо- станд моро даъват кунанд. Мо рафта, ба толор даро- мадем, талаботи қонунгузориро барояшон фаҳмон- дем, ки мо низ ҳаққи ширкатро дорем. Аз соати 9.00 то 30 ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, мо ҳамроҳи мардум мунтазири ӯ шудем, вале ӯ наомад. Аниқ- тараш аз дарвозаи беморхона ворид шуду ба толор надаромад.

Тақаллубкориҳо танҳо аз афроде сар мезанад, ки тааллуқ ба элитаи ҳоким доранд. Онҳо супориш меги- ранд ва супориш иҷро мекунанд. Ин албатта, барме- гардад, боз ба надоштани фарҳанги сиёсӣ, тамаъҷӯӣ, тамаллуқкорӣ ва тарси аз даст додани мақому ҷой- гоҳи ин гуна афрод.

  • Наҳзат дар барномаи кор ба муҳоҷирин хеле фаъол буд, вале ҳоло аҳзоб ва ба хусус ҲХДТ низ ба масъалаи муҳоҷирин аҳамият медиҳад. Ба ан- дешаи Шумо рақобат миёни аҳзоб барои ҷалби аъзо ва ҷонибдорон аз ҳисоби муҳоҷирин шуруъ шудааст?
  • Таваҷҷуҳи ҲНИТ ба муҳоҷирон то ҷое ҳизби ҳокимро ба андеша водор кард ва як навъ рақобатро байни ду ҳизб ба вуҷуд овард. Наҳзат пешниҳод кард, ки дар кишвар як ниҳоди мустақил дар сатҳи вазорат бояд барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ташкил шавад ва мақомот бо таъсиси як хадамот иктифо намуд. Бояд ёдовар шавам, ки ҲНИТ се сол қабл бо даъвати худи муҳоҷирин як ҳайати 20 нафараро ба шаҳру вилоятҳои мухталифи Федератсияи Русия ра- вон кард, ки ҳайат аз шаҳрҳои Владивосток, Новоси­бирск, Екатеринбург, Перм, Самара, Қазон, Уфа, Ниж­ний Тагил, Сургут, Маскав, Санк-Петербург ва мин- тақаҳои дигар дидан намуда, бо муҳоҷирон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Ин барнома ҳанӯз ҳам идо- ма дорад ва ҳамасола баъзе бародарон барои ин кор сафарбар карда мешаванд. Ба назари ман, ҷалби муҳоҷирин ба ҳизб он қадар муҳим нест, муҳим ба қалби муҳоҷир роҳ пайдо кардан аст, то ӯ ба қаноати қалбӣ бирасад ва дар ҳизб пуштибони ҳуқуқу озоди- ҳои шаҳрвандӣ ва конститутсиониашро бубинад ва пойбандӣ ба ормону арзишҳои ҳизб нишон би- диҳад.Дар ғайри сурат узвияти нафаре, ки ба ормону арзишҳои ҳизб пойбанд нест, ҳеҷ маънӣ ё манфиате ба ҳизб расонида наметавонад.
  • Наҳзат дар алоқа бо хориҷ бештар бо ҳуку- матҳо робита ва ҳамкорӣ дорад ва ё бо созмон ва ташкилотҳои гайридавлатӣ?
  • Наҳзат бо ҳама доира ва қишрҳои дохиливу хо- риҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ҳамин гуна ҳамкориҳо буд, ки имрӯз Наҳзатро дар ҳама самтҳо мешиносанд ва аз он ҳамчун ҳизби дорои ҷаҳонбинии Исломи муътадил ном мебаранд. Дар баъзе аз кишварҳо таҷрибаи фаъолияти Наҳзат мавриди омӯзиш қарор дорад ва ҳамчун намуна истифода мешавад. Ин эътироф, ал- батта, саҳлу осон ба даст наомадааст ва робитаҳои доимии роҳбарияти ҳизб бо доираҳои мухталифи хо- риҷӣ, корпусҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлиливу омӯзишӣ сабаби аслии ин эътироф аст.
  • Оё Наҳзат дар сиёсатҳои худ зери таъсири барномаҳои ҳизбу ҳаракатҳои кишварҳои дигар қарор мегирад?
  • Чунин таъсир вуҷуд надорад, вале Наҳзат аз таҷориб ва фаъолияти онҳо истифода мебарад ва ин кори маъмулии ҳар ҳизб аст. Табодули таҷриба ҳар- гиз маънои зери таъсир қарор гирифтанро надорад. Фитрати инсонӣ ҳам ин гуна хусусиятҳоро дорад ва баъзан мешавад, ки гароишҳо пайдо мешаванд, ки дар кори ҷамъиятӣ ва гурӯҳӣ ҳаргиз таъсиргузор нест. Наҳзати мо наҳзати сирф, исломӣ бо андешаҳо ва ҷаҳонбинии тоҷикӣ аст.
  • Шумо бо Вазорати хориҷии кишвар ва дигар сохторҳои он чӣ гуна ҳамкорӣ доред?
  • Ҳамкориҳо ҳаст, вале қонеъкунанда нестанд. Ин албатта, боз ба ҳамон фарҳангу муносибати сиёсӣ ва ҷаҳонбиние, ки дорем, бармегардад. Вале қадам ба қадам пеш рафта истодаем ва умед аст, ки ин ҳама бу хубӣ паси сар хоҳад шуд.
  • Дар охир чӣ гуфтании дигаре доред?
  • Ҳифзи ин мактаб, ки аз бузургони мо ба мерос омадааст, аз масъулиятҳои мост. Онҳо дар сахттарин шароит тавонистанд аз ин мактаб ҳифозат кунанд ва нагузоранд, ки роҳи оғозгашта дучори лағзишҳо ша- вад. Хатарҳо ва адовати душманонро бо иноят ва сабри илоҳӣ паси сар карданд ва нагузоштанд, то Наҳзат як абзор барои доираҳои дигар бошад. Акнун масъулияти минбаъдаи таърихӣ бар дӯши мост ва мо ҳам бояд тавре ин мактабро ба мерос гузорем, ки роҳу равиш ва манҳаҷи он тибқи хостаи муассисон бошад.

Саломат бошед.

Мусоҳиб: М.Орзу