Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.

Навшуда: Эълони ҳукми 13 узви ҲНИТ

Навшуда: Эълони ҳукми 13 узви ҲНИТ

 

Ҳукми Додгоҳи Олӣ барои 13 тан аз узви Раёсати олии ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ содир шуд

Ҳамчуноне хабар дода будем, Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Додгоҳ Раҳматуллои Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат, Саттор Каримов (Махсуми Абдусаттор), Қиёмиддин Авазовро ба муҳлати 28-солӣ, Зубайдуллоҳи Розиқро 25 сол, Маҳмадалии Файзмуҳаммадро 23, Саъдуддини Рустам ва Воҳидхон Қосиддиновро 20-солӣ, Ҳикматуллоҳи Сайфуллозодаро 16, Муҳаммадашариф Набиев ва  Абдусамад Ғайратовро  14-солӣ аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум намуд.

Ягона зан ва ҳуқуқшиноси наҳзат Зарафо Раҳмонӣ ба 2 сол зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.

Ҳамин тариқ ҳукми Додгоҳи олӣ барои ҳамаи 13 тан аз узви раёсати олии ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ содир шуд.

Ин афрод нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2015 дар пайи хунсо шудани ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон боздошт шуда буданд.

Дар охирин мурофиаи додгоҳӣ дар таърихи 11-уми майи соли равон додситонӣ барои чор тан аз боздоштшудагон: Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб ҳукми абад хоста буд.

http://tojnews.tj/tj/news/navshuda-eloni-khukmi-13-uzvi-khnit