Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
НИГАРОНИИ ҲНИТ АЗ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

НИГАРОНИИ ҲНИТ АЗ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

НИГАРОНИИ ҲНИТ АЗ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бо нашри як баёния гуфтааст, вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар дар соли 2016 бадтар шуд ва ҳукумат ба «сиёсати саркӯбгаронаи худ� идома дода, ба самти «як низоми диктотурии мутлақ� қадамҳои бештар гузоштааст.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ дар баёнияе, ки рӯзи 1 феврал нашр кард, ироаи ҳаққи пешбарии бидуни маҳдудияти президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро «бар хилофи ҳама меъёрҳои демократӣ� номида, меафзояд, аз 35 ба 30 пойин овардани синни номзадӣ ба мақоми президент шароитро барои президент кардани писари калонии Эмомалӣ Раҳмон ва «меросӣ кардани қудрат� фароҳам овардааст.

Бино ба ин баёния, ки дар сомонаи «Паём� нашр шудааст, вазъи матбуоти мустақил низ дар Тоҷикистон дар соли гузашта бадтар шуд ва худсонсурӣ афзуда, чанд расона, аз ҷумла ҳафтаномаи «Нигоҳ� ва хабаргузории «Тоҷнюс� ба далели «набудани фазои озоди корӣ ва тоб наовардан ба фишори мақомот� қатъи фаъолият карданд.

ҲНИТ мегӯяд, фишор болои фаъолони сиёсие, ки дар хориҷ паноҳ бурдаанд, ва наздикони онҳо дар нимаи дувуми соли 2016, бахусус баъди нишасти моҳи сентябри САҲА дар Варшава бештар шуд. Ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла ба мақомот даъват шудани Қудрат Оеви 75-сола, бобои фаъоли сиёсӣ Вайсиддин Одинаев дар таърихи 6 декабр ва даъвати се бародари рӯзноманигор Амруллоҳи Низом дар рӯзҳои 29-30 декабр ва ирсоли паёми таҳдидомез ба рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматуллоро, ки агар фаъолияташро қатъ накунад, падари зиндониашро мавриди шиканҷа қарор хоҳанд дод, мисол овардааст.

Дар баёнияи ҲНИТ ҳамчунин фишор ба бародари узви ин созмон Ҷаннатуллоҳи Комил ва наздикони Илҳомҷон Ёқубов, шикастани қабри падари раҳбари «Гурӯҳи 24� Умаралӣ Қувватов ва аз қонуни афв маҳрум кардани вакили зиндонӣ Шӯҳрат Қудратовро ҳамчун намунаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр шуда, гуфта мешавад, ки зиндониёни сиёсӣ, бахусус Муҳаммадалӣ Ҳаит, Абдусаттор Каримов ва Зайд Саидов чандин бор дар маҳбас таҳти ҷазо ва фишорҳои равонӣ қарор дода шудаанд.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву озодии баён ва нақзи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон як раванди рӯ ба афзоиш унвон карда, гуфтааст, бо вуҷуди ҳушдорҳои ҳомиёни ҳуқуқ, «дар умум ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати мусибатҳои миллати тоҷик бетафовутӣ ва бетаваҷҷуҳӣ нишон медиҳад� ва ин аз як тараф, ҳукумати Тоҷикистонро ба саркӯби бештар ташвиқ карда, аз сӯи дигар «ноумедии ҷомеа аз нокоромадии василаҳои қонунӣ ва сулҳомез барои тағйиротро бештар намуда, мардумро ба самти ифротгароӣ мекашонад.�

Мақомоти Тоҷикистон интиқодҳо дар бораи поймол шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишварро ҳамеша рад мекунанд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахираш гуфт, кадом мавриди нақзи ҳуқуқи инсонро дар кишвар мушоҳида накардааст ва «мақомоти Тоҷикистон тамоми талошро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон равона кардаанд.�

ҲНИТ ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта таъсис ёфта, яке аз тарафҳои ҷанг ва сулҳи солҳои 90-уми Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ин ҳизб соли 1998, баъди имзои созиши сулҳ иҷозаи расмии фаъолиятро ба даст оварда, дар се интихоботи парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 соҳиби ду курсии парлумон шуда буд. Вале ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2015 садди панҷдарсадӣ барои роҳ ёфтан ба Маҷлиси намояндагонро гузашта натавонист ва курсиҳояшро дар парлумон аз даст дод.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро дар кишвар расман манъ кард. Дар тирамоҳи соли 2015 беш аз 100 узви ин ташаккули умдаи мухолифин, бо шумули 13 узви раёсаташ дастгир ва дар соли 2016 ба мӯҳлати аз 16 то 28 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ду муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит ҳукми ҳабси абад гирифтанд.

Бахши дигари фаъолон ва раҳбарони ҲНИТ, бо шумули раисаш Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷ ва асосан ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, алайҳи Кабирӣ дар иртибот ба ошӯби генерал Назарзода ва «ҷиноятҳои дигар� парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва ӯ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

http://akhbor.com/-p971-155.htm