Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
ҲНИТ ҳамлаи маргбори Барселонаро маҳкум кард

ҲНИТ ҳамлаи маргбори Барселонаро маҳкум кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ва маргбори ахир дар маҳаллаи гардишгарӣ ва пуриздиҳом дар маркази шаҳри Барселонаи Испанияро, ки мунҷар ба кушта шудани 13 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар гардид, шадидан маҳкум намуда, таслият ва ҳамдардии хешро ба давлат ва миллати Испания иброз медорад.
Ин ҷинояти хунин ва амали террористӣ муғоир ба омузаҳои дини ислом ва арзишҳои инсонӣ буда, террористҳо бо ин корашон мехоҳанд таҳаммулпазириву дигарпазирӣ ва ҳамзистии мусолиматомези ҷомеаи Испанияро халалдор кунанд, аммо онҳо ҳечгоҳ ба аҳдофи шуми худ нахоҳанд расид.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин вақти душвор дар канори миллат ва давлати Испания буда, барои хонаводаҳо ва бозмондагони қурбониёни ин ҳамла

сабру бурдборӣ ва барои маҷруҳин шифои оҷилу комилро таманно дорад.
Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ
18.08.2017

 

The IRPT Condemns the Terrorist Attacks in Barcelona, Spain

The Islamic Revival Party of Tajikistan condemns the terrorist and deadly attacks on tourists and crowded Las Ramblas in Barcelona Spain that killed 13 innocent people and injured dozens of others, expressing condolences and solidarity with the government and people of Spain.

This bloody and terrorist crime is completely opposed to the teachings of Islam and human values. Terrorists have targeted the tolerance and the peaceful co-existence of the Spanish community, but they will not be able to achieve it.

The Islamic Revival Party of Tajikistan stands in this difficult time with the government and nation of Spain, offering condolences to the victims’ families and wishing the injured people will recover as soon as possible.

The Executive Council, IRPT

18.08.2017