Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
ҲНИТ аз ҷомеаи маданӣ ташаккур мекунад

ҲНИТ аз ҷомеаи маданӣ ташаккур мекунад

ҲНИТ аз ҷомеаи маданӣ ташаккур мекунад

Ахиран як идда аз созмонҳои байналмиллалӣ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи башар, инчунин, созмонҳо ва шахсиятҳои ватанӣ ба намояндагӣ аз ҷомеаи мадании кившар нигаронии худро дар бораи идомаи таъқибу фишор ва ҳолатҳои шиканҷаву фавти маҳбусони сиёсии кившар, аз ҷумла, маҳбусини ҲНИТ изҳор намуданд.

Онҳо таъкид намуданд, ки доштани андеша, фикр, дин, либос ва рангу пусти хос набояд боиси он гардад, ки бо инсонҳо муносибати духура сурат бигирад.  Ҳолате, ки мутаъассифона, имрӯзҳо ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам ватанӣ мушоҳида менамоем. Инсонҳо, созмонҳо ва доираҳое вуҷуд доранд, танҳо дарду мушкилоти ҳамдин, ҳамватан ва ҳамфикру ҳамақидаашон онҳоро нигарон месозад ва нисбати дарду машаққатҳои дигарон ба хотири ихтилофи сиёсӣ, динӣ ё фарҳангӣ бетарафӣ мекунанд ва ҳатто, ҳолатҳои помолшавии ҳуқуқи башарро сафед менамоянд.

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ вазифаи худ медонад, ки ба созмонҳои байналмилаливу ватанӣ, шахсиятҳо ва намояндагони ҷомеаи ватании кившар миннатдории худро барои ҳамдилӣ ва мавқеъи шаҳрвандии шоиста баён кунад.

Ин мавқеъгирии инсондустона нишон дод, ки новобаста аз фарқиятҳо, ихтилофҳо ва ҳатто зиддиятҳо, миллат метавонад атрофи арзишҳои муштарак, мисли озодӣ, каромати инсонӣ ва ҳуқуқи башар иттифоқи назар дошта бошад ва золиму мазлумро ба худиву бегона тақсим накунад.

Инчунин, Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ аз мавқеъи бархе расонаҳо ва соҳибфикрони ватанӣ, ки бо вуҷуди шароити хафақони сиёсии кишвар дар лаҳзаҳои ҳассос қарзи инсонӣ ва касбии худро дар масъалаи таҳлил ва хабаррасони холисона анҷом медиҳанд, қадрдонӣ карда, онро шоистаи таҳсин медонад.

Дар сурате, ки баъзе расонаҳои хориҷии тоҷикзабон бо мавқеъҳо ва пушишдиҳии яктарафа, муғризона ва ҳадафмандона на танҳо асли бетарафиро риоят намекунанд, балки имконоти васеъи иттилоъотиро дар ихтиёри як гурӯҳ барои фазосозии ҳадафмандона алайҳи қишрҳои дигари ҷомеа гузоштаанд.

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ
22.08.2016