Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон муроҷиат кард

ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон муроҷиат кард

ҲНИТ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон муроҷиат кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ба кишварҳои кафили сулҳ миёни тоҷикон муроҷиат намуд. ҲНИТ бар ин назар аст, ки зулм нисбати ҳизб метавонад сатҳи тундгароӣ миёни аҳолиро зиёд карда, амният дар минтақаи Осиёи Марказиро зери хатар гузорад.

Муроҷиати расмии Раёсати олии ҲНИТ рӯзи 1 июл ба президенти Русия В.Путин, Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, ба САҲА, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Аврупо, роҳбарони кишварҳои кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон –Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон фиристода шуд. 18 сол қабл бо мусоидат ва сарпарастии маҳз ҳамин кишвару созмонҳо Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид.

«Раёсати Олии ҲНИТ зарур шуморид ва ба чунин қарор омад, ки бо дарназардошти вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати ҶТнисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф ба Шумо муроҷиат намояд», — омадааст дар муроҷиат.

Ҳамчунин ишора мешавад, ки «тарафҳои сулҳ тавофуқ карданд, ки бо ҳусни эҳтиром ва тафоҳуми ҳамдигар ва риояи қонун як кишвари озоду демократӣ месозанд, ки дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодиву тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад. Ва ду ҷониби сулҳкунанда ҳамдигарро бахшида, бо зоҳиру ботин ва ақидаҳои хеш якдигарро қабул карданд».

«Аммо бо гузашти 18 сол, вазъият на танҳо бар хилофи меъёрҳои тавофуқшуда, балки беш аз он бадтар шуда истодааст. Агарчӣ, вайрон кардани бандҳои алоҳидаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле зуд оғоз гашта буд, вале ҲНИТ ба хотири ҳифзи суботу оромиш ва зери хатар қарор надодани дастоварди бузурги тоҷикон-сулҳу ваҳдат, ҳеҷ гоҳ ин масоил ва мушкилотро дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ матраҳ накард. Баръакс, ҳамеша мардум ва ҷонибдорони худро ба сабру хештандорӣ даъват кардааст, то мушкилот аз тариқи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро пайдо намояд», — зикр мегардад дар муроҷиат.

Раёсати Олии ҲНИТ изҳори таассуф мекунад, ки тарафи дигари сулҳ — Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ афзоиш бахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст ва бар замми ин, ки намояндагони ҲНИТ-ро аз сохторҳои иҷроияву қонунгузории кишвар берун карданд, тамоми намуди фишору таъқибҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқиро болои аъзову ҷонибдорони ҳизб раво дида, қатъ намудани фаъолияти ҳизби расмиро дар кишвар ҳадаф қарор додаанд ва бо роҳи фишору таъқиб ва бо парвандаҳоисохтаи ҷиноиву маъмурӣ аз ҳазорон нафар иҷборан аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро гирифта, қисми дигарро ба рӯ овардан ба хориҷи кишвар водор карданд.

Раёсати Олии ҳизб бар ин назар аст, ки чунин рафтори мақомоти давлатии Тоҷикистон на танҳо мухолиф ба Конститутсияи ҶТ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, балки барои оромиш ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хатарнок аст. «Ҳазорҳо нафар аз набудани волоияти қонун, адолат ва имконияти озоди фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ноумед гашта, тарки ватан карданд ва ҳатто иддае ба гурӯҳҳои радикалӣ ҳам пайвастанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷӯ дорад, мақомоти давлатии Тоҷикистон бо ин гуна сиёсатҳои иштибоҳӣ заминасози пайдоиш ва рушди падидаҳои манфӣ дар кишвар ва минтақа гашта истодаанд. Метавон гуфт, ки ноком гаштани таҷрибаи нодири сулҳ ва ваҳдатсози миллати тоҷик, ки бо кӯмаку дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст омад, ба равандҳои минбаъдаи кишвари мо ва минтақа дар оянда таъсири манфӣ хоҳад гузошт», — таъкид мешавад дар муроҷиат.

ҲНИТ хотиррасон менамояд, ки тамоми талошҳо барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти ҶТ ҷиҳати пешгирӣ аз ин ҳама фишору қонуншиканиҳо натиҷаи мусбат надод.

«Бинобар ин, Раёсати олии ҲНИТ аз созмону кишварҳои кафили сулҳ дархост мекунад, ки ба вазъият дахолати бевосита карда, аз Ҳукумати ҶТ риояи Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мақоми байналмиллалӣ дорад, тақозо намоянд», — изҳор мешавад дар муроҷиат

«ASIA-Plus»