Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
ҲНИТ фаъолияти хеш дар хориҷ аз кишварро густурдатар мекунад

ҲНИТ фаъолияти хеш дар хориҷ аз кишварро густурдатар мекунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тариқи созмондиҳии фаъолияти ҷиддӣ ва созандаи аъзову ҷонибдоронаш ва бо ташкили ҷаласаҳои ҳафтавору моҳона дар сутуҳи мухталиф, ба фаъолияти хеш дар хориҷ аз кишвар тақвият бахшидааст.

Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули фаъолияти ҲНИТ дар Олмон дар сӯҳбат ба хабаргузории «Паём» гуфт: “Мо, 40 нафар аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ғарби Олмон бо ширкати бархе аъзои РО, ҷаласаи васеъи моҳонаи худро баргузор кардем ва як баёнияе дар мавриди амалҳои саркубгароёнаи мақомоти тоҷик алайҳи хешу табори фаъолони сиёсӣ қабул кардем.”

Дар баёнияи фаъолони ҲНИТ дар Олмон, ки Ҷаннатуллоҳи Комил як нусхаи онро дар ихтиёри хабаргузории Паём қарор дод, омадааст: “Мо, аъзои Ҳизби назати исломии муқими Олмон, тамоми амалҳои саркубгароёнаи ҳукумати Раҳмон алайҳи хешу табори фаъолони сиёсӣ, аз ҷумла шаҳодати модар Зуҳро Неъматоваи 67-сола бар асари фишорҳои ҳукумат ва “эътироз”-ҳои маҷбурии донишҷуён дар назди манзилҳои фаъолони сиёсиро ба шиддат маҳкум мекунем.”

“Конфронси байналмилалии Варшава нишон дод, ки ҳақ ҳамеша бар ботил ғолиб аст ва золимон аз суҳбатҳо ва муколамаҳои мусолиматомезу созанда метарсанд. Ба ҳамин сабаб аст, ки ҳайати ҳукумати ҶТ дар баробари далелу ҳуҷҷатҳои на танҳо мухолифони тоҷик, балки эътирозҳо ва суолоти сахти созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои демократӣ тоб наоварда, ин конфронсро тарк карданд.”- таъкид шудааст дар баёнияи мазкур.

Дар охири баёнияи фаъолони ҲНИТ дар Олмон омадааст: “Мо — аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Олмон, таъкид мекунем, ки дар сурати қатъ нагардидани қонунвайронкуниҳои мақомот ва нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ дар назди биноҳои СММ, САҲА ва сафоратхонаи ҶТ мезанем.”

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайи мамнуъ шудани фаъолияти ҳизб дар хоки Тоҷикистон, эълон кард, ҲНИТ аз ин ба баъд ба фаъолияташ дар хориҷ аз кишвар дар чорчуби қавонони байналмилалӣ ва қавонони кишварҳои мизбон идома хоҳад дод. То имрӯз, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 3 ҷаласаи Раёсати Олии ҳизб бо ширкати аъзои РО, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, баргузор намуд, ки охиронаш дар нимаи моҳи августи соли ҷорӣ анҷом ёфт.

Пас аз суркуби бераҳмонаи ҳукумат алайҳи масъулин ва фаъолони ҲНИТ дар паи мамнуъияти ҳизб дар моҳи сентбяр, ҳазорҳо аъзои ин ҳизб ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ тавонистанд, худро ба Аврупо, кишварҳое чун Туркия, Русия ва ғайра бирасонанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир фаъолиятҳои худро дар кишварҳои аврупоӣ монанд, Олмон, Лаҳистон, Латвия, Австрия ва ғайра ва ҳамчунин дар Туркия ва дигар кишварҳо созмондиҳӣ ва густариш додааст.