Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
ҲНИТ вафоти модари фаъоли ҳизб бар асари фишорҳои ҳукуматро маҳкум кард

ҲНИТ вафоти модари фаъоли ҳизб бар асари фишорҳои ҳукуматро маҳкум кард

Модари Абдусамад Абдусатторов, фаъоли Ҳизби наҳзати илсомии Тоҷикистон, ки дар тазоҳуротҳои Варшава ширкат кард, дар пайи фишорҳову таҳдидҳои мақомот даргузашт.

Субҳи дирӯз, 22-юми сентябри соли ҷорӣ, Зуҳро Неъматоваи 67-сола, модари Абдусамад Абдусатторов пас аз ин ки аз тарафи кормандони КДАМ ба сабаби фаъолиятҳои писараш даъват шуда, фишору таҳдид шуда буд, бар асари фишор ва сактаи қалбӣ вафот кард.Абдусамад Абдусатторов ба ҳамроҳи дигар фаъолони тоҷик дар эътирозҳои Варшава дар дохил ва хориҷи бинои САҲА алайҳи нақзи ҳуқуқи башар ва ҳимоят аз зиндониёни сиёсӣ ширкат кард.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саркуби бераҳмонои мақомоти тоҷик алайҳи фаъолони мусолиматомез ва аъзои хонаводаи онҳоро, ки боиси мушкилоти зиёди физикӣ ва равонӣ, монанди вафоти модар Неъматова шуд, бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.

ҲНИТ шаҳодати модари муҳтарамаро хидмати Абдусамад Абдусатторов ва хонаводааш таслият арз намуда, аз даргоҳи Худованд барои марҳума раҳмату омурзиш ва барои бастагонаш сабри ҷамилро масъалат мекунад.

Ҳизби наҳзати исломӣ борҳо дар мавриди рафтори ҳукумат бо аъзои хонаводаи фаъолони сиёсӣ ва паёмадҳои манфии он таъкид карда буд ва мекунад, вале мутаассифони чунин таъкидҳо боиси иттихози чораҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз ин падидаи номаталуб нашуд.

Боиси нигаронӣ аст, ки дар пайи ҳузури фаъоли мухолифони тоҷик дар конфронси байналмилалии Варшава, ҳукумати Тоҷикистон мавҷи нави репрессия алайҳи хонаводаҳои мухолифонро оғоз намуда, занону тифлон ва бузургсолонро ҳамчун гаравгон истифода мебарад. Дар давоми ду рӯзи ахир, дар манзилҳои иштирокчиёни эътирозҳои Варшава ва дигар фаъолоне, ки ҳатто дар ин пикетҳо ширкат накарданд, амалиётҳои кофтуковӣ ва таҳқиру фишор гузаронда, бо таҳдид талаб карданд, ки фарзандони онҳо дар хориҷ аз эътирозҳо даст кашанд.

Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дуст хоҳони он ҳастем, ки аз ҳайати ҳукумати Раҳмон, ки дар бузургтарин конфронси САҲА дар мавриди ҳуқуқи башар ширкат мекунанд, дар мавриди ин амалҳои ғайриинсониву ноҷавонмардона ва мухолиф бо арзишҳои милливу инсонӣ суол кунанд.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ
23.09.2016