Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Номаи Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба СММ, САҲА ва ИА оиди қазияи Ёровҳо

Номаи Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба СММ, САҲА ва ИА оиди қазияи Ёровҳо

Номаи Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба СММ, САҲА ва ИА оиди қазияи Ёровҳо

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ бо ирсоли номаҳое ба Девид Кэй — гузоришгари вижаи СММ, Франк Валтер Штайнмайер — Вазири корҳои хориҷии Олмон ва ҳамзамон Раиси амалкунандаи САҲА, Федерика Могрини – маъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ғайра хостори пайгирии қазияи Ҷамшед ва Бузургмеҳр Ёровҳо, адвокатҳои боздоштшуда шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номаи худ ба ин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гуфт: “Вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон мисли пешин ҳамоно нигаронкунанда буда, ҳукумати Тоҷикистон фишор болои хонавода ва вакилони онҳоро бештар кардааст.”

Дар ин нома омадааст: “Ҷамшед Ёров бародари вакили ҳабсшудаи аъзоёни ҲНИТ буда, танҳо ба хотири ҳимоят аз маҳбусини сиёсӣ дучори туҳмат ва зиндон гашт.”

Роҳбари ҲНИТ дар идома афзудааст: “Бо ҳабс кардани ӯ, ҳукумат ба ҳамаи вакилони кишвар паёми ошкор фиристод, ки ҳимояти ҳуқуқӣ аз зиндониёни сиёсӣ барои озодии онҳо хатарнок аст.”

Муҳиддин Кабирӣ аз масъулини ин созмонҳои байналмилалӣ хост, то барои озодии вакилон Бузургмеҳру Ҷамшед Ёровҳо ва дигар адвокатони боздоштшуда талош намоянд.