Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.

Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин

 

 Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин

Зодаи деҳаи Яхаки ноҳияи Дарбанд. Соли 1951 дар оилаи деҳцон ба дунё омадааст. Дар зодгоҳаш улуми ибтидоии динӣ ва ҳамагонии дунявиро омӯхтааст. Соли 1970 баъди даргузашти падару модараш ба Вахшонзамин кӯчида, дар шаҳри Қӯргонтеппа рахти ицомат андохт. Ӯ дар ин цо дар цамъияти матлуботи ноҳияи Коммунистӣ (ноҳияи Бохтар) ба ҳайси мудири магоза ба кор даромада, сипас то соли 1992 сарварии корхонаи зарфсозии цамъияти Тоцикматлуботро ба ӯҳда дошт. Соҳиби маълумоти олист, Донишгоҳи давлатии Тоцикистонро дарриштаи молия ва қарз ба таври гоибона хатм кардааст.

Яке аз асосгузорони ҲНИТ мебошад. Ҷаласаи нахустини муассисони созмони «Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоцикистон», яъне ҲНИТ 20-апрели соли 1973 дар манзили ӯ баргузор гардидааст. 30 сол боз дар сафи ҲНИТ дар риштаҳои мухталиф ва дар сатҳҳои гуногун фаъолият пеш мебарад. Дар соли 1990 ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидааст.

Бар асари цанги дохилӣ аз моҳи ноябри соли 1992 то соли 1997 дар цаламрави Афгонистон дар ҳицрат умр ба сар бурдааст. Баъди имзои Созишномаи умумии истицрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Ватан баргашта, ба ҳайси коршиноси зеркомиссияи муҳоцирини КОМ ифои вазифа намудааст.


Аз соли 2000 то ба имрӯзраиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Хатлон мебошад.

Оиладор, соҳиби фарзандон аст.