Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Одинабеки Абдусалом

Одинабеки Абдусалом

Одинабеки Абдусалом 25 ноябри соли 1954 дар деҳаи Пилдони ноҳияи Ҷиргатол дар оилаи руҳонӣ ба дунё ома- дааст. Соли 1960 дар сини шашсолагӣ ба мактаби миёна рафта, солҳои 1970-1971 дар Олмон хидмати артиши Шуравӣ намудааст. Маълумоти диниро аз овони туфулат дар назди бобои худ омӯхтааст ва бо Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов аз хурдсолӣ ошно буд. Солҳои 1972 барои идомаи таҳсили улуми динӣ ба назди устод Нурӣ меравад ва муддате дар назди эшон таҳсил мекунад. Соли 1973 ҳамроҳи чор нафар ҷавонони бедору ҳушёр созмони Наҳзати ҷавонони исломиро таъсис медиҳанд ва муддате масъулияти амниятии ин созмонро ба уҳда мегирад. Соли 1978 ҳамчун масъули равобит аз тарафи Наҳзат ба ки- шварҳои собиқ Шуравӣ сафарҳо намуда, дар эҷоди иртибот миёни рӯҳониёни ин минтақаҳо саҳми ар- зандае дорад. Солҳои 1992-1997 ҳамчун муҳоҷир дар кишвари Афғонистон зиндагӣ намуда, яке аз аъзои фаъъоли ҳаракати Наҳзат ва ИНОТ буд. Баъди ба
имзо расидани созишномаи сулҳ солҳои 1997-2000 ба ҳайси узви зеркомиссии низоми КОМ фаъолият меку- над. Баъди ба фаъолияти дубора шуруъ намудани ҲНИТ дар Анҷумани таъсисй соли 1999 узви Раёсати Олии ҲНИТ интихоб мешавад.

Оиладор соҳиби 6 фазанд аст.