Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Оиди таҳқиқоти дохилии ҳизб дар бораи Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович    (The IRPT’s Internal I

Оиди таҳқиқоти дохилии ҳизб дар бораи Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович (The IRPT’s Internal I

Ахиран, баъд аз ҳодисаи даҳшатноки ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, Вазорати корҳои дохилӣ ва дертар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоми навбатии худ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)- ро такрор намуда, фармоишгари ҳамлаи мазкурро узви фаъоли ҲНИТ номидааст.

Тибқи дастури раҳбарияти ҲНИТ, дар бораи муайян кардани шахсияти Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович (Қорӣ Носир), санҷиши дохилиҳизбӣ гузаронда шуд.

Дар натиҷаи санҷиш, маълум гардид, ки шахсе ба номи Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, ҳечгоҳ узви ҲНИТ набуда ва дар ҳеч санади ҳизбӣ фарде бо чунин ном ва фамилия сабт нашудааст.

Бинобар ин, ҲНИТ иттиҳоми навбатии мақомоти Тоҷикистонро шадидан рад намуда, таъкид менамояд, ки хамеша пойбанд ба василаҳои мусолиҳатомези сиёсӣ хоҳад буд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов
Сухангӯи ҲНИТ
02.08.2018

*****

The IRPT’s Internal Investigation about Ubaidov Nosirkhuja Ahtamovich

Following the shocking attack on foreign tourists in Danghara distt., the Interior Ministry of Tajikistan and later the Prosecutor General’s Office have accused the IRPT and said that the mastermind of the attack, Ubaidov Nosirkhuja Ahtamovich (known as Qori Nosir) was an active member of the IRPT.

The IRPT’s leader has ordered an internal investigation in identifying Ubaidov Nosirkhuja to be conducted.

As a result of the internal investigation, it was discovered that the person named Ubaidov Nosirkhuja Ahtamovich was not a member of the party and no one with this name was registered in any documents.

Mahmudjon Faizrahmonov
Spokesman for the IRPT
02.08.2018