Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
ОИННОМАИ ҲНИТ

ОИННОМАИ ҲНИТ

ОИННОМАИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ  ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ном, ҳадаф ва вазифаҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон созмони сиёсӣ буда, дар асоси ақидаи исломӣ бунёд гашта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ фаъолият менамояд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-ҳизби ҷумҳуриявӣ буда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар маъракаҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои оммавӣ фаъолона иштирок менамояд ва намояндагони худро ба мақомоти намояндагии маҳаллӣ, ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;

-       Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар маъракаҳои сиёсӣ метавонад дар алоҳидагӣ ва ё дар иттиҳод бо дигар ҳизбу созмонҳо иштирок намояд.

Ҳадафҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон:

-       ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон;

-       ҳимояти якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон;

-       ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон;

-       густариши арзишҳои волои исломӣ, миллӣ ва умумибашарии шаҳрвандон дар ҷомеаи Тоҷикистон;

-       эҳёи фарҳанг ва маънавиёти шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси арзишҳои волои исломӣ ва миллӣ;

-       инкори қатъии маҳалгароӣ ва қавмгароӣ дар идораи давлат ва сиёсати кадрҳо;

-       мусоидат ба раванди демократикунонии ҷомеа;

-       амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз роҳи иштироки намояндагони ҳизб дар мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор;

Вазифаҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон:

-       мусоидат барои таъмини инкишофи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон;

-       мусоидат барои таъмини инкишофи демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии ҷомеа;

-       мусоидат барои таъмини озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва динии шаҳрвандон;

-       баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, бахусус занон ва ҷавонон аз тариқи чорабиниҳои сиёсӣ барои иштироки онҳо дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва умури давлатӣ.

2. Узвият ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳуқуқ,

салоҳият ва вазифаҳо

Узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди мусалмони Тоҷикистон шуда метавонад, ки ба синни 18 расида:

-       бо ариза ба ташкилоти ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон муроҷиат намояд;

-       нисбати арзишҳои дини мубини Ислом ва фарҳанги миллӣ эҳтиром қоил бошад;

-       оиннома ва барномаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро эътироф намуда, фаъолияти сиёсии худро тибқи он амалӣ созад ва барои дар ҳаёт татбиқ намудани он кӯшиш намояд;

-       бо тавсияи ду нафар аъзо, пешниҳоди ташкилоти ибтидоӣ ва бо ҷонибдории раёсатҳои мазкур узвияташ қабул карда мешавад.

Узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дорои ҳуқуқ ва салоҳиятҳои зерин мебошад:

-       дар интихоби мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб иштирок намояд ва ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб интихоб шавад;

-       дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ иштирок намояд;

-       фикру андешаҳои худро оиди оиннома, барнома ва фаъолияти ҳизб пешниҳод карда, аз он ҳимоя намояд;

-       аз як ташкилоти ибтидоӣ ба ташкилоти ибтидоии дигар вобаста ба тағйирёбии маҳалли зисташ гузарад;

-       барои интихоб шудан дар мақомоти интихоботии ҳокимият аз тариқи ҳизб номзад пешниҳод намояд ва ё пешниҳод шавад;

-       дар мавриди поймолшавии ҳуқуқҳои конститутсиониаш аз тарафи ҳизб пуштибонӣ ёбад;

Узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон вазифадор аст:

-       талаботи оиннома ва барномаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро амалӣ намояд;

-       арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқи исломиро риоя ва пайравӣ намояд;

-       ҳадаф ва сиёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро таблиғ намояд;

-       тибқи меъёри қабулшуда ҳар моҳ ҳаққи узвият пардохт намояд.

2.4 Узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон огоҳонида ва ё аз узвият хориҷ карда мешавад, агар:

-       хоҳиши баромадан аз ҳизбро бо ариза ба ташкилоти ибтидоии ҳизб изҳор кунад;

-       узви ҳизби дигар шавад;

-       беэҳтиромӣ нисбати арзишҳои дини мубини Ислом ва фарҳанги миллӣ зоҳир намояд;

-       коре бар зидди сиёсати муайянкардаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон анҷом бидиҳад;

-       нишондодҳои оинномаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро вайрон кунад;

2.5  Қарор дар хусуси аз узвияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон хориҷ карданро ташкилоти ибтидоии ҳизб бо аксари овозҳо қабул мекунад.

2.6 Аз болои қарори қабулкардаи ташкилоти ибтидоӣ ба раёсати зинаҳои болоии ҳизб шикоят кардан мумкин аст.

3. Сохтори Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар асоси узвияти фардӣ ва ташкилоти ягонаи ҷумҳуриявӣ таркиб меёбад.

Зинаи аввали Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоист, ки:

-       дар асоси аризаи шахсӣ ба узвияти ҳизб қабул ва аз он хориҷ менамояд;

-       аъзои ҳизбро вобаста ба макони истиқомат дар ташкилотҳои ибтидоӣ муттаҳид менамояд;

-       роҳбари ташкилоти ибтидоиро интихоб менамояд;

-       сиёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ба омма мерасонад;

-       дар ҳайати ташкилотҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дохил мешавад.

3.3 Дар вилоят, шаҳр ва ноҳия конфронси ҳизб, раёсати вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизбро интихоб менамояд.

3.4 Конфронсҳои ҳизб дар шӯъбаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар муддати на бештар аз 2 сол як маротиба даъват карда мешаванд ва дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи вакилон баргузор мегарданд. Дар ҳолатҳои зарурӣ конфронсҳои ғайринавбатӣ даъват карда мешаванд.

3.5 Қарорҳои конфронс бо тарафдории аксарияти вакилони иштирокунанда қабул мешаванд.

3.6 Конфронс ваколатдор аст:

-       раёсати шӯъба ва ҳайати комиссияи тафтишотиро дар ду сол як маротиба интихоб намояд;

-       раиси шӯъба ва раиси ҳайати тафтишотиро бо пешниҳоди раёсат интихоб намояд;

-       ҳисоботи раиси шӯъба ва комиссияи тафтишотиро шунавад ва кори онҳоро баҳо диҳад.

-       номзадҳоро ба мақомоти интихоботии ҳокимият, инчунин ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намояд;

3.7 Раёсати шӯъба мақоми роҳбарикунандаи шӯъбаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб дар байни конфронсҳо мебошад. Раёсати шӯъба бо тарафдории аксарияти аъзои он қарор қабул мекунад.

3.8 Раёсати шӯъба вазифадор аст:

-       кори ҳаррӯзаи шӯъбаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро раҳбарӣ намояд;

-       номзадии раис ва раиси ҳайати тафтишотиро барои тасдиқ ба конфронс пешбарӣ кунад;

-       аъзои бесалоҳияти раёсати шӯъбаро бо пешниҳоди раиси шӯъба ва ё аз се як ҳиссаи аъзои раёсат муҳокима намуда, бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳо аз ҳайати худ хориҷ намояд.

4. Мақомоти олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Мақоми олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон анҷуман мебошад. Анҷумани ҳизб дар муддати чаҳор сол як маротиба даъват карда мешавад. Раёсати Олии ҳизб тибқи зарурат метавонад анҷумани ғайринавбатиро даъват намояд.

Вақт ва ҷои гузаронидан, шумора ва тартиби пешниҳоди вакилон ва рӯзномаи анҷуманро раёсати ҳизб муайян мекунад.

Анҷуман дар сурати ҳозир будани аз се ду ҳиссаи вакилон баргузор мешавад.

Қарорҳои анҷуман бо тарафдории аксарияти вакилони иштироккунанда қабул карда мешавад.

Анҷуман ваколатдор аст:

-       Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро интихоб намояд;

-       раиси ҳизб, ҳайат ва раиси комиссияи тафтишотиро бо пешниҳоди раёсати ҳизб интихоб намояд;

-       хатти машйи ҳизбро муайян кунад;

-       оиннома ва барномаи ҳизбро қабул намуда, дар онҳо тағйироту иловаҳо ворид намояд;

-       рамз ва парчами ҳизбро тасдиқ ва қабул намояд;

-       дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад, баъзе салоҳиятҳои худро бо тарафдории аз се ду ҳиссаи вакилони иштироккунанда ба Раёсати Олии ҳизб диҳад;

-       пешниҳоди Раёсати Олии ҳизбро дар хусуси истеъфои раис, раиси комиссияи тафтишотӣ ва ҳайати он баррасӣ ва тасдиқ намояд;

-   номзади ҳизбиро ба мақоми президентӣ, инчунин рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ намояд.

Раёсати Олии ҳизб мақоми роҳбарикунандаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар байни анҷуманҳо мебошад. Ҷаласаи Раёсати Олии ҳизб дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат баргузор мегардад ва бо тарафдории аксарияти аъзои иштирокунанда қарор қабул мекунад.

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ваколат дорад:

-       номзадии раиси ҳизб, ҳайат ва раиси комиссияи тафтишотиро барои интихоб ба анҷуман пешниҳод намояд;

-       лоиҳаи оиннома, барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳизбро омода намуда, барои тасдиқ ба анҷуман пешниҳод намояд;

-       фаъолияти рӯзмараи ҳизбро муайян намояд;

-       сохторҳои ҳизбӣ ва ниҳодҳои заруриро таъсис ва барҳам диҳад;

-       номзади ҳизбиро ба мақоми президентӣ, инчунин рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон барои тасдиқ ба Анҷуман пешниҳод намояд;

-       арзу шикоятҳои зинаҳои поёнии ҳизбро баррасӣ намуда, қарор қабул намояд;

-       дар таъсис ва ташкили кори зинаҳои поёнии ҳизб ёрӣ расонад;

-       бо пешниҳоди раиси ҳизб интихоб ва истеъфои муовини аввал ва муовинҳои раис, инчунин истеъфои ҳайат ва раиси комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Раёсати Олии ҳизбро баррасӣ намуда, бо тарафдории аксарияти овозҳо қарор қабул намояд;

-       анҷуманҳои навбатӣ ва ғайринавбатиро даъват намояд;

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои 4-сол интихоб карда мешавад ва салоҳиятҳои зеринро дорад:

-       роҳбарии умумии ҳизбро ба ӯҳда дорад;

-       масъулони дастгоҳи иҷроияи ҳизбро таъйин ва озод мекунад;

-       Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;

-       ҷаласаи Раёсати Олии ҳизбро даъват мекунад ва онро раисӣ мекунад;

-       раисони бахшҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва шӯъбаҳои вилоятии ҳизбро дар сурати аз тарафи онҳо содир шудани кирдори мухолифи сиёсати пешгирифтаи ҳизб аз вазифа озод менамояд;

-       масъалаи истеъфои муовинҳои раиси ҳизб, раиси комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Раёсати Олии ҳизбро барои баррасӣ ва тасдиқ ба раёсати ҳизб пешниҳод менамояд;

-       қарорҳои Раёсаи Олии ҳизбро имзо мегузорад.

Комиссияи тафтишотии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон:

-       комиссияи тафтишотии ҳизб дар ҳайати се нафар дар анҷумани ҳизб интихоб карда мешавад ва Раёсати Олӣ номзадии раиси комиссияи тафтишотиро аз байни онҳо барои интихоб ба анҷуман пешниҳод менамояд.

-       фаъолияти ҳамаи зинаҳо ва шӯъбаҳоро тафтиш мекунад;

-       дар анҷуман, конфронс ва Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;

-

Дар сурати ғайри қобили амал шудани раис, вазифаи ӯро то анҷумани ҳизб бо қарори Раёсати Олӣ яке аз муовинҳои раис ба ӯҳда мегирад.

5. Фаъолияти молиявию хоҷагии Ҳизби Наҳзати

Исломии Тоҷикистон

5.1 Ҳамаи зинаҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон метавонанд, суратҳисоби банкӣ, мӯҳр ва сиккаи худро дошта бошанд:

- инчунин метавонанд фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии худро ба роҳ монда, корхона ва муассисаҳо ташкил намоянд.

5.2 Сарчашмаҳои даромади Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон иборат аст аз:

- ҳаққи узвият;

- ёрдампулии яквақта бо қарори раёсат дар ҳолатҳои зарурӣ;

- даромад аз нашрияҳои ҳизбӣ;

- даромад аз корхона ва муассисаҳои ҳизб;

- хайрияҳои шахсони алоҳида, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунҳои амалкунанда мухолиф нестанд.

5.3 Ҳамаи ташкилотҳои поёнии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба сохторҳои болои 50% даромади худро интиқол медиҳанд;

5.4 Маблағу ашё, ки барои гузаронидани чорабиниҳои хос пешбинӣ шудаанд, ба сохторҳои болоӣ гузаронида намешаванд.

5.5 Маблағу ашё, ки баъди барҳамхурии яке аз ташкилотҳои ҳизб боқӣ мемонад, ба сохторҳои болоӣ гузаронида мешавад.

6. Нашрия ва воситаҳои ахбори Ҳизби Наҳзати

Исломии Тоҷикистон

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дорои нашрияҳо, воситаҳои ахбори ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда ба қайд гирифта мешаванд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон метавонад дорои матбаа, маркази интишорот ва студияи садо ва симои худ бошад.

7. Робитаҳои хориҷӣ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо ҳизбу созмонҳои хориҷӣ робита барқарор намояд.

8. Рамз ва парчам

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дорои рамз ва парчами худ мебошад, ки онро анҷуман муайян мекунад ва тибқи қонунҳои амалкунанда ба қайд гирифта мешавад.

9. Тартиби қатъи фаъолияти ҳизб

Фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо қарори анҷуман бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳо ба мақсади аз нав ташкилкунӣ ва ё барҳамдиҳӣ қатъ мегардад ва мутобиқи қонунҳои амалкунанда бо қарори суд қатъ карда мешавад.

Молу ашёи ҳизб, баъди қатъшавии фаъолияташ ба мақсадҳое, ки дар оинномаи мазкур нишон дода шудааст, сарф карда мешавад.

10. Маҳали ҷойгиршавии  Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар суроғаи зерин қарор дорад:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад, хонаи 1.

10.2 Дар сурати тағйир ёфтани суроға ба Вазорати адлия хабар дода мешавад.