Чеҳраҳо дар зеҳнҳо ҳамонгунае нақш мебанданд, ки бештар дида шаванд. Чеҳраи ӯ ҳам дар зеҳни ман бо ҳамон табассуми ҳамешагиаш нақш бастааст. Чашмони нофиз ва хандонаш аз пушти айнак ва руймолчаи дасташ, ки ҳамеша ҳамроҳ дошт. Тозагиву олуфтагиаш ҳам хосси худаш буд. Инсон фикр мекард, гарду ғубор бо кафшҳои ӯ қаҳранд. Ҳаргиз кафшашро ғуборолуд ва куртаашро дарзмолнокарда надидаам. Бо вуҷуди онки бештари вақтҳо куртаи сафед мепушид, ҳаргиз доғ ё гарде дар он намедидед. Ҳангоми вузу гирифтан ҳам хеле эҳтиёткору дақиқ буданд.
Мошине, ки дошто ҳамеша тоза ва озода буд. Дар дохили мошинаш ҳама васоили беҳдоштиву тозакорӣ пайдо мешуд. Як суханаш ҳаргиз аз ёдам намеравад. Боре гӯфт ман ҳар вақт мошин мешӯям баъдаш борон мебораду мошинам чиркин мешавад. Дар ин ҳолат ӯ мошин мешуст. Ҳаво ҳам абрӣ набуд. Аммо вақте мошиншуияш тамом шуд, аз куҷое як борон омад ва мо ҳама хандидему ба ӯ ишора кардем.
Ӯ дар кишвари Либия дарси забони арабӣ хонда, ҳамзамон қуръонро ҳифз карда аст. Садои зебое ҳам дорад. Илова бар ин донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро ҳам бо ихтисоси иқтисод ва молия хатм карда аст. давраи магистратураро бошад дар ҳамин донишгоҳ дар риштаи забон ва адабиёти араб хатм кардааст.
Дар вазифаҳои мухталиф дар ҲНИТ кор кардааст. Аз ҷумла раиси шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ буданд, ки аксарияти ҷавонон ӯро ба ёд доранд ва мешиносанд. Аз фаъолиятҳои ин даврони ӯ метавон ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дар ҲНИТ ишора кард. Ҳамчунин ӯ барои аввалин бор дар рӯзи Ҷаҳонии Кӯдак ҷашнеро баргузор кард, ки то ҳол дар ёди кудаконе, ки дар он ширкат карда буданд, боқист.

Ҳамчунин дар даврони раиси шӯъбаи ҷавонон будани ӯ буд, ки Мавзуна Чориева хона ва ба Расул Боқиев мошин ҳадя кард.
Қиёмиддин борҳо ба кишварҳои Ҳиндустон, Туркия ва Америка сафарҳои омӯзишӣ ва корӣ анҷом додааст.
Агар хулоса карда гӯем ӯ як инсони воқеъӣ, Ватандӯст, боимон, амин ва дар як калом фариштагуна аст. Ёд надорам, ки дар ин муддат касеро озор дода бошаду бо касе даъво карда бошад. Бо хурду калон мунсоибати яксон ва самимӣ дошт ва бовар дорам ҳоло ҳам дорад.
Аммо дар 16 уми сентябри соли 2015 вақте аз Қурғонтеппа аз зиёрати падараш бармегашт дар Душанбе дар назди хонааш боздошт шуд. Ӯро дар боздоштгоҳ мисли дигар ҳамкоронаш туҳмат карданд. Муҳокимаи пушти дарҳои бастаи ӯ низ киссаи ҷолибест.
Мақомоти “одили” кишвар Сафарилӣ Оевро бо шиканҷа маҷбур ба он мекунанд, ки бар алайҳи Қиёмиддин шаҳодат диҳад. Дар суд вақте онҳоро бо ҳам рубарӯ мекунанд, Қиёмиддин мегӯяд “акаи Сафаралӣ худат медонӣ бо ин иттиҳомҳо ба сари ман чӣ меояд? Медонӣ , ки ман фарзандони хурдсол дорам.” Аммо Оев ҳам дар ҷавоб бо гиря мегӯяд “маро бубахш ки дигар тоқат надорам. Ҳоли ман аз ту бадтар аст.” (сабти ин гуфтаҳо аз суд вуҷуд дорад). Ҳатто баъдан Сафаралӣ Оев дар суд ин иттиҳомро дар карда ва гуфтааст, ки ӯро маҷбур кардаанд, ки бар алайҳи Қиёмиддин шоҳидӣ бидиҳад.
Аммо ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ӯро бе ягон гуноҳ ба 28 сол зиндон маҳкум карданд.
Ҳоло 5 сол аст, ки ӯро надидаам ва садояшро нашунидаам, аммо ҳамеша он чеҳраи хандону садои меҳрубонаш дар зеҳну ёдам нақш баста аст.
Дар ин муддат падари Қиёмиддин ҳам дурии ӯро таҳаммуд накард ва ҷон ба ҷонофрин супурд. Як бародари дигараш, ки мехост барои раҳоии Қиёмиддин сахт кор кунаду пул ҷамъ оварад дар Русия бар асари садамаи нақлиётӣ шаҳид гардид. Ҳоло намедонам ин ҳама ғаму андӯҳро бародарам Қиёмиддин дар пушти миллаҳои зиндон чигуна таҳаммул мекарда бошад!? Худованд ба ӯ сабр диҳад ва ҳарчӣ зудтар аз чанголи аҳримансифатон наҷоташ диҳад.
Бо орзӯи озодии ҳарчи зудтари Қиёмиддин ва ҳамаи бегуноҳони асири зулм!
Зодрузат муборак бародари асирам! Ӯ зиндонӣ нест, асир аст!
#ОЗОДӢБАҚИЁМИДДИН
Бобоҷон Қаюмзод сухангуи ҲНИТ
