Раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар як суҳбати онлайнӣ Иди Саиди Фитрро ба мардум табрик гӯфт. Ӯ зимни ин суҳбати худ аз ҷонбохтагони ҳодисаҳои марзӣ ва офатҳои табиӣ дар Кулобу Ҳисору дигар минтақаҳо низ ёд кард.
Дар идома Муҳиддин Кабирӣ аз ҷанги Исроилу Фаластин ҳам ёд кард ва таъкид намуд, ки расонаҳои тоҷик набояд бетарафиро аз даст бидиҳанд ва ҳадди ақал куштори кудакони фаластиниро бетарафона пушиш диҳанд.
Замин барои ҳама азиз аст. Вақте мо барои як қитъаи замини худамон дар Ворух омода ҳастем ҷон бидиҳем, мардуми Фаластин ҳам айни чунин ҳуқуқро доранд.