Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо дареғу таассуф аз даргузашти домулло Мирзоалӣ, фарзанди баруманди марҳум домулло Муҳаммадӣ, яке аз донишмандони динии маъруфи кишвар, ки ду ҳафтаи ахир аз маризии куруновирус ранҷ мебурд, хабар ёфта, ба хонаводаи муҳтарами ишон ва тамоми шогирдону муҳиббонаш ҳамдардӣ ва таслият арз мекунад.
Марҳум домулло Мирзоалӣ яке аз донишмандон ва равшанфикрони динии ҷавон буд, ки дар миёни уламои дин ва мардум, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор буд. Ӯ мисли падари худ алайҳи хуруфот ва инҳирофоти динӣ мубориза мебурд ва дар суҳбатҳояш мардумро ба фаҳми дурусти Ислом даъват мекард.
Марҳум барои дарёфти ризқи ҳалол мисли садҳо ҳазор тоҷики дигар ба хориҷ аз кишвар рафт ва дар Бишкеки Қирғизистон кору зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамчун як инсони меҳрубону хушахлоқ, инсони шарифу қадрдон ва як донишманди динӣ ва олими бо амал маъруф буд.
ҲНИТ реҳлати ҷонгудози марҳум домулло Мирзоалиро бори дигар ба аҳли хонадону бастагон ва шогирдону муҳиббонаш таслият гуфта, барои онҳо сабри ҷамил ва барои марҳум ҷаннатул-фирдавсро хоҳон аст.
Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод!
РО ҲНИТ
10.07.2020