Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи ӯ боз мегардем!
Дирӯз Қутбиддин Бобоев бародари узви Раёсати Олии ҲНИТ Абдусатор Бобоев аз олами фонӣ ба олами боқӣ шитофтанд. Марҳум Эшони Қутбиддин дар чанд соли охир зери фишору шиканҷаи мақомоти қудратӣ қарор дошта, ба хотири фаъолиятҳои сиёсии бародараш ҳамеша зери таҳдиду фишор қарор дошт.
Ба хусус пас аз ҷанозаи модараш марҳуми Эшони Қутбиддин бо вуҷуди беморӣ аз тарафи мақомот мавриди таҳдиду фишори шадид қарор гирифта буд, ки ҷузъиёташ аз тарафи наздикони марҳум расонаӣ ҳам шуд.
Аммо билохира дар синни 59 солагӣ ба ин фишорҳо тоб наоварда, даъвати ҳақро лаббайк гӯфт ва ба диёри боқӣ шитофт.
Раёсати Олии ҲНИТ зимни изҳори ҳамдардии амиқ, барои марҳум биҳишти ҷовидон ва барои Эшони Абдусаттор ва хешону наздиконашон сабри ҷамил хоҳон аст.
Раёсати Олии ҲНИТ
09.07.2021