Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми таслияти Раёсати Олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Абдусттор Бобоев дар зиндон

Паёми таслияти Раёсати Олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Абдусттор Бобоев дар зиндон

Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи ӯ боз мегардем

Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти узви Раёсати Олии Ҳизб Бобоев Абдусаттор дар зиндони шаҳри Хуҷандро ба хонавода, пайвандон ва ёрону дӯстонаш таслият мегӯяд.

Бобоев Абдусаттор дар соли 1954 дар Исфара ба дунё омада солҳо дар ҲНИТ фаъолият карда буд. Ӯ узви Раёсати Олӣ ва раиси бахши ҲНИТ дар Исфара буд, ки рӯзи 22. 09. 2015 аз тарафи мақомот беасос боздошт ва баъдан ба муддати 11 сол равонаи зиндон гардид. Ӯ ҳамчун инсони донишманду ботақво дар Исфара ва атрофи он ҷойгоҳи хоссе дошт ва ҳамчун шахси озодихоҳу адолатпеша шинохта мешуд.

Саҳари рӯзи 26 уми маи соли 2020 ӯ дар зиндони шаҳри Хуҷанд даргузашт. Иллати марги ӯро исти қалбӣ эълон кардаанд, аммо ҷузъиёти дигар то ҳол маълум нест.

Раёсати Олии ҲНИТ зимни таслият ба хонадону наздикон ва ёрону дӯстони Абдусаттор Бобоев, аз Худованди маннон талаб дорад, ки ӯро дар биҳишти ҷовидон ҳамроҳи шуҳадо, солиҳон ва анбиё маҳшур гардонад. Худованд ба бозмондагонаш сабри ҷамил ва тули умр ато фармояд.

Раёсати Олии ҲНИТ

26. 05. 2020