Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Бешак мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Ӯст. Бо қалбе оканда аз андӯҳу таассуфи амиқ реҳлати ҷонкоҳи Ҳазрати Эшони Назархоҷаро ба узви Раёсати Олии ҲНИТ – Эшони Давлатхоҷаи Назар ва пайвандону бозмондагони марҳум таслият арз менамоем. Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои марҳум ъулувви дараҷот ва барои бозмондагони эшон сабру бурдборӣ таманно дорем!
Ҳазрати Эшони Назархоҷа дар баробари доштани шахсияти самимӣ, хушсухан будан ва тақвову садоқат дар зиндагӣ, фарзандони донишмандеро ба монанди Эшони Давлатхоҷа тарбия ва ба воя расонидаанд, ки бешак хидматҳои холисонаашон ба мардуми ҷафокашидаи Тоҷикистон қобили таҳсин ва ифтихор аст.
Марҳум ҳам дар замони Шӯравӣ ва ҳам даврони ҳиҷрати мардуми кишвар ба Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя ва дӯст, таъми муборизаву ҳиҷрату мушкилоти зиндагиро чашид, вале дар баробари зулму истибдод сар фуруд наовард.
Дар охири умр ҳам ба монанди Ҳазрати Яъқуб (а) дар фироқи фарзанди ҷигарбанд сӯхту сохт, аммо мардонавор ва бо рӯи сафед ба даъвати Парвардигораш лаббайк гуфт. Ҷанозаи эшон фардо соати 11:00 дар ноҳияи Панҷ баргузор мегардад.
Худованди мутаъол манзили охирати Ҳазрати эшонро обод ва ҳамроҳи Паёмбарон (а), шуҳадо ва солиҳин маҳшураш кунад ва ба Эшони Давлатхоҷа ва дигар бозмондагонаш сабри ҷамил ато намояд!
Раёсати Олии ҲНИТ
11.02.2020