Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми таслияти Раёсати Олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти М. Навид

Паёми таслияти Раёсати Олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти М. Навид

Мо ҳама аз Худоем ва ба суи Ӯ боз мегардем.
Хабардор шудем, ки шоири тавоно, донишманди улуми исломӣ ва собиқ узви Раёсати Олии ҲНИТ марҳум Мирзомуҳаммадии Навид ба раҳмати Худо пайвастанд. Мирзомуҳаммадии Навид ҳамчун узви Комиссияи Оштии Миллӣ ва муовини вазири Фарҳанг ба миллат хидмат кардааст, ки то абад дар таърихи миллат сабт хоҳад шуд.
Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти ин шоири дилсӯзро як зоеъаи бузург барои миллат ва ба хусус барои қишри зиёии кишвар медонад.

Даргузашти ин шахсияти фарзонаро ба тамоми зиёиён, хонаводаи марҳум ва ҳама дӯстдорону наздиконаш таслият гуфта, аз даргоҳи Худованд барои ӯ раҳмату мағфират ва болотарин дараҷаҳои биҳиштро хоҳон аст. Худованд ба бозмондагонаш сабр диҳад.

Навид назме бигӯ бо дилписандӣ,
Худоро шукр аз ин арҷмандӣ.
Касе номи бузургон зинда дорад,
Биёбад дар ду олам сарбаландӣ.
( Навид)