Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми таслияти Раёсати Олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Муҳаммадалии Аҷамӣ

Паёми таслияти Раёсати Олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Муҳаммадалии Аҷамӣ

Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бармегардем!

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз даргузашти нобаҳангоми шоири хушсалиқа, номдор ва тавонои тоҷик, Муҳаммадалии Аҷамӣ андӯҳгин буда ба аҳли қалам, дӯстон, хонавода ва бозмондагони эшон арзи таслият менамояд.

Муҳаммадалии Аҷамӣ 21-уми январи соли 1954 дар деҳаи Ғайрати ноҳияи Бохтари собиқ вилояти Қӯрғонтеппа чашм ба олами ҳастӣ кушода дар синни 66 солагӣ олами ҳастиро падруд гуфт. Вай хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Муддате ба унвони хабарнигори рӯзномаи “Навиди Вахш” ва сипас корманди масъули шӯъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардааст.

Бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон соли 1992 ба кишвари Афғонистон ва сипас ба Ҷумҳурии исломми Эрон ҳиҷрат намуд.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ, корманди бахши матбуотии Комиссияи Оштии Миллӣ буд.

Муддате корманди маҷаллаи бонувони ҲНИТ “Найсон” буд ва ҳамзамон барои рӯзномаи “Наҷот” мақола ва матлаб менавишт.

Вай аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Аз вай маҷмӯъаи ашъори зиёд ва дигар осори адабӣ ва матлабҳое ба ҷой мондааст, ки аз ҷумла метавон аз : ”Кокули боро”, “Ватан”, “Сари об”, “Андӯҳи сабз”, “Оинаи ноз”, “Биҳишти Одаму гандум”, “То фасли рангҳо”, “Атри шабҳои Хуросон”, “Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам”, ва мақолаҳое ба мисли “Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ”, “Ҳар ки ин оташ надорад…”, “Бедил ва каломи Ҳофиз…”, «Хиттаи муаттари шеър”, “Ҳақ бо сукут буд”, “Марде аз ҷинси ғазал”, “Сарвҳои баланди андеша”, “Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир”, “Гулдони ҳафтранг”, “Тафаккур ва ҳис дар шеър”, “Шеър чист?!” ном бурд.

Осори насрии ӯ низ иборатанд аз:

1. Эътиқоду эътикоф, маҷмӯаи мақолот, Душанбе 2003

2. Хиттаи муаттари шеър, баррасии ашъори Мӯъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ ва Салмони Ҳиротӣ, чопи Ройзании ҶИЭ дар Тоҷикистон, Душанбе 2002

3. Нур дар зиндон, роман Теҳрон 1997 бо хатти форсӣ

Раёсти олии ҲНИТ аз даргоҳи Худованди мутаъол барои марҳум охирати обод, биҳишти ҷовидон ва барои бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.

Раёсати Олии ҲНИТ

04.05.2020