ُقل مَتَاعُ الدُّنْيَا قَلِيلٌ وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ لِّمَنِ اتَّقَىٰ وَلَا تُظْلَمُونَ فَتِيلً
«Бигў: -Баҳрамандии дунё андак аст ва охират барои касе, ки Худотарсӣ пеша кунад, беҳтар аст…». (сураи Нисо, ояти 77)
Рӯзи гузашта мусибати сангине ба сари мардуми кишвар ба хусус мардуми ноҳияи Ашт омад, ки дили хурду калонро ба дард овардааст. Яке аз шахсиятҳои заҳматкаш, донишманд, ориф ва ботақво, домулло Абдураҳими Понғозӣ, ки бо заковату хушрафторияшон, натанҳо ба қалби мардуми ноҳияи Ашт, балкӣ дар дилу дидаи мардуми зиёди ин сарзамин маскан гирифта буданд, дар шаҳри Ижевски кишвари Русия аз олам чашм пушиданд.
Домулло Абдураҳими Понғозӣ тамоми умри хешро сарфи хидмати мардум намуда, барои ободии Ватан, танҳо дар деҳаи Понғоз аз худ се иншооти бузурги меъморӣ ҳамчун садақаи ҷория ба мерос гузоштаанд. Якум бинои масҷиди бузарг ба номи Нури Имон маъруф аст дар Понғоз, ки бо беҳтарин меъмории шарқиёна бино ёфтааст ва мавриди истифодаи намозгузорон қарор дорад. Дуввум бинои сохтмони мадраса, ки мутаассифона чанд сол қабл ба таълимгоҳи ронандагӣ табдил дода шуд. Ба ҳар ҳол он ҳам хуб аст, чун дар роҳи омӯзиши касбу ҳунар мавриди истифода қарор гирифтааст. Саввум бинои табобатхонаи замонавӣ бо таъмини васоили нави замонавӣ ва пешрафта, ки ҳоло дар хидмати мардуми дардманд ва ниёзманди ноҳияи Ашт қарор дорад. Марҳум дар роҳи таълиму тарбия ва кумакҳои инсонӣ дар кишвар ва берун аз он ҳам корҳои зиёде кардаанд. Бешак ин амалҳои хайр ва садақаи ҷория мебошанд, ки аз марҳум домулло Абдураҳим боқӣ мемонанд..
Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти домулло Абдураҳимро зоеъаи бузург на танҳо барои мардуми Ашт, балки барои тамоми мардуми кишвар, уламо ва хайрхоҳон медонад ва ин мусибатро ба ҳамагон таслият мегӯяд.
Аз Худованди маннон барои марҳум биҳишти ҷовидон ва барои хонадону ёрону дӯстдоронашон сабри ҷамил хоҳон аст.
Хушо онон, ки бо иззат зи гетӣ,
Бисоти хеш барчиданду рафтанд.
Зи колоҳои ин ошуфтабозор,
Муҳаббатро писандиданду рафтанд.
Раёсати Олии ҲНИТ
23.06.2020