Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми таслияти РО ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Абдуқаҳори Давлат

Паёми таслияти РО ҲНИТ ба муносибати даргузашти модари Абдуқаҳори Давлат

Мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳамаи мо  ба сӯи Ӯст.

Чанде пештар хабар расид, ки модари узви зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлат дар фироқи фарзанд аз олам чашм пушиданд. Боз як модари тоҷик ба дарди ҷудоӣ ва дурии фарзанд тоб наоварду ба суи парвардигораш шитофт, то шикояташро аз золимон ба назди Ӯ барад.

Модаре, ки шахсияте мисли Абдуқаҳҳорро тарбият кардааст ва дар дунё фарзанди солеҳеро боқӣ гузоштааст инсони хушбахту саодатманди дунё ва охират хоҳад буд.

Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти модари азизро ба Абдуқаҳҳори Давлат ва дигар пайвандонаш таслият гуфта, аз Худованди маннон барои марҳума биҳишти ҷовидон ва барои Абдуқаҳҳори озода ва наздиконаш сабри ҷамил хоҳон аст.

Раёсати Олии ҲНИТ

31. 10. 2021