Мо ҳама аз Худоем ва бозгашти ҳама ба суи Ӯст!
Модари Неъматуллоҳи Амонбек узви Раёсати Олии ҲНИТ дар синни 72-солагӣ ба дидори Ҳақ шитофтанд. Аз даст додани модаре, ки фарзандони фарзонае мисли Неъматуллоҳ тарбият мекунанд воқеан мусибати бузургест.
Ва аз тарафи дигар аз даст додани модар барои фарзанд ҳам зарбаи сахт ва дарди ҷонкоҳест.
Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти ин модари бузургворро ба бародари азиз Нематуллоҳи Амонбек таслият гуфта, барои эшон ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳон аст.
Худованд марҳумаро дар биҳишти ҷовидон ҷой диҳад ва бо солиҳину авлиёву анбиё маҳшур гардонад.
Раёсати Олии ҲНИТ
15. 01. 2021