Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми таслияти РО ҲНИТ ба муносибати даргузашти узви РО Эшони Давлатхуҷаи Муҳаммадулло

Паёми таслияти РО ҲНИТ ба муносибати даргузашти узви РО Эшони Давлатхуҷаи Муҳаммадулло

Марги соҳибдил ҷаҳонеро нишони кулфат аст...

Хабари даргузашти яке аз рӯҳониёни шинохта ва узви Раёсати Олии ҲНИТ эшони Давлатхуҷаи Муҳаммадулло Раёсати Олии ҲНИТро сахт андуҳгин намуд.

Давлатхуҷаи Муҳаммадуллоҳ соли 1935 дар деҳаи Ярхичи миёна ҷамоати Ҳоити Ноҳияи Ғарм (Рашт) дар оилаи диндор ба дунё омадааст. Эшони Давлатхуҷа маълумоти аввалияи диниро дар назди падари худ эшони Аҳмадуллоҳ, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи руҳонии даврони худ буд, омӯхтааст. Сипас идомаи таҳсил дар улуми диниро дар назди уламои кишвар амсоли мулло Муҳаммадикорм, домулло Валӣва домулло Муҳаммадии ҳоитӣ азбар намуд. соли 1988 ба сафи Наҳзат пайвастаат ва то имрӯз яке аз узви фаъъоли он ба шумор меравад. Соли 1992 ба Афғонистон ҳиҷрат намудааст. Дар Афғонистон масъулияти иршод ва таблиғи Наҳзатро ба уҳда дошт. Баъди ба фаъолияти дубора пардохтани Наҳзат аз соли 1999 то имрӯз дар ҳама давраҳо узви Раёсати Олии ҲНИТ интихоб шуд ва аз соли 2001 корманди маҷмаи уламои ҲНИТ ва солҳои 2007-2008 раиси ин ниҳод буд.

Марҳум то соли 2015 узви РО ва мушовири раиси ҲНИТ буданд.

Эшон дар даврони ҷавонӣ бо устоди марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ якҷоя дарсҳои исломӣ мехонданд ва бо ҳам дар як ҳуҷра зиндагӣ мекарданд ва дӯстиву робитаи хоссе бо устоди марҳум доштанд.

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон даргузашти ӯро барои ҳизб ва мардуми кишвар зоеъаи бузург медонад ва ба хонаводаву наздикону шогирдону муридонаш таслият арз мекунад. Худованд ӯро бо анбиёву авлиё маҳшур гардонад. Омин!