Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёмҳои таслият аз саросари дунё барои даргузашти падари устод Муҳиддин Кабирӣ

Паёмҳои таслият аз саросари дунё барои даргузашти падари устод Муҳиддин Кабирӣ

Паёмҳои таслият аз саросари дунё барои даргузашти падари устод Муҳиддин Кабирӣ
Садҳо паёми таслият ва изҳори ҳамдардӣ тавассути шахсиятҳои барҷастаи исломӣ, ходимони дин, донишмандону олимон, рӯшанфикрону устодони донишгоҳҳо, мудофеъони ҳуқуқи башару дипломатҳо, роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ва мақомоти давлатӣ аз саросари ҷаҳон ба унвонии ҲНИТ ба хотири даргузашти падари бузургворашон расид.
Аз масъулони созмонҳои байналмилалӣ, доктор Носир Ҷосим Алсонеъ -раиси Анҷумани ҷаҳонии парлумониҳои исломи (Индонезия), доктор Имод Ал-Ҳут — Дабири кулли Анҷумани Адолат ва Демократия (Justice and Democracy Forum- Швейцария), устод Маҳмуд Саъид Ал-Шаҷровӣ – мудири Маркази равобити Туркия ва кишварҳои арабӣ (Истанбул), ҷаноби Абдулазиз Иброҳим — раиси созмони “Ҳикмат” ва дигарҳо таслият ва ҳамдардии худро ба устод Кабирӣ ирсол карданд.
Мушовири Нахуствазири Туркия ҷаноби Коркмаз, инчунин роҳбарият ва масъулини шабакаҳои хабарии »Анадолу» ва TRT, роҳбарияти Созмони ҷамъиятии “Асяд” (ASYAAD), Маркази фарҳангии “Ҳикмат” ва даҳҳо тани дигар аз сиёсатмадорону мақомоти расмӣ, фаъолони сиёсиву ходимони дин ва рӯшанфикрону рӯзноманигорони ин кишвар ибрози таслият намуданд.
Аз кишварҳои исломи ва арабӣ адади зиёде аз паёмҳои таслият расид. Аз ҷумла, устод Абдурразоқ Муқрӣ — раиси Ҳизби ҷомеаи сулҳпарвар (حزب مجتمع السلم بالجزائر «حمس″), ки бузургтарин ҳизби исломӣ дар Алҷазоир маҳсуб мешавад, Шайх Закӣ бани Аршид — боризтарин шахсияти ҳаракати исломии Урдун ва муовини дабири кулли Ҳизби ҷунбиши амали исломӣ (حزب جبهة العمل الإسلامي بالأردن), Саъд Бурҳониддин — масъули равобити хориҷии Ҳаракати исломии Судон ва мудири ҷунбиши “Қудс бар душам амонат аст” (القدس أمانتي), Амр Дарроҷ — роҳбарони Ҳизби озодӣ ва адолати Миср ва собиқ вазири Барномарезӣ ва Ҳамкории Байналмилалии Миср, доктор Муҳаммад Ал-Фиққи — вазири собиқи иқтисод ва Раиси кумитаи иктисоди парлумони Миср, доктор Аҳмад Омир – аз роҳбарони ҳаракати исломии Миср ва масъулину рӯзноманигорони шабакаи ҷаҳонии »Алҷазира» (Қатар) изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилӣ карданд.
Аз кишварҳи ҳамзабони Ирон ва Афғонистон низ паёмҳои ҳамдардӣ ба устод Муҳиддин Кабирӣ ирсол гардид. Аз ҷумла, Иттиҳоди донишҷуёни Донишгоҳи Имом Содиқ (Ирон), шахсиятҳо ва созмонҳои гуногуни аҳли суннати Ирон, масъулин ва аъзои Ҷамъияти исломии Афғонистон, Ҷамъияти ислоҳи иҷтимоии Афғонистон, Роҳбарияти Донишгоҳи “Салом”-и Кобул ва даҳҳо тани дигар аз сиёсатмадорону рӯшанфикрони ин кишварҳо паёмҳои таслияти худро ирсол карданд.
Аз Покистон, устод Абдулғаффор Азиз – мудири Бахши хориҷии Ҷамоати исломии Покистон, ки аз ӯ бештар ҳамчун фарди дуюми ин ҷамоат ёд мешавад, устодони Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломободи Покистон, монанди доктор Сулаймон Ҳавомида, доктор Абдулқодир Ҳорун, доктор Набил Фулӣ, профессор Муҳаммадалӣ Ғурӣ, доктор Акрам Ғуроб, ки аз шогирдони самимии устод Аҳмад Ал-ассол ба шумор меравад ва адади зиёде аз устодони донишгоҳу фаъолони ҳаракати исломӣ низ дар қофилаи таъзия ба муносибати даргузашти падари устод Кабирӣ шарик шуданд.
Ҳамчунин аз донишгоҳҳо ва марказҳои таҳлилӣ, мудофеъони ҳуқуқи башару дипломатҳои аврупоӣ, ки Раиси ҲНИТ онҷо чандин суханрониҳо ё мулоқотҳо доштаанд, барқияҳои таъзия ба унвонии ҳизб ворид гаштанд. Аз ҷумла, аз ҷумла аз номи чанде аз устодони Донишгоҳи Ҳайделберг (Олмон), Донишгоҳи Эгзетер (Британия), Анҷумани Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (Порис), ниҳодҳои илмӣ ва коршиносони Русия, Озарбойҷон, Қирғизситон ва ғайра то ин лаҳза барқияҳои ҳамдардӣ ворид шудааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов,
Сухангӯи ҲНИТ