Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба муносибати Иди Қурбон

Паёми раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба муносибати Иди Қурбон

Паёми раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба муносибати Иди Қурбон

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Ҳамдиёрони азиз !

Фарорасии Иди Қурбонро ба якояки Шумо табрик гуфта, аз Худованди маннон бароятон умри дароз, тани сиҳату зиндагии осуда ва барои кишвари азизамон сулҳу оромӣ ва ояндаи дурахшон орзумандам.

Иди Қурбон, ки паёми аслиаш гузаштан аз худ ба хотири арзиши болотар ва ҳадафе волотар мебошад, танҳо як рӯзи иду хурсандӣ ва баҳонае барои ёдоварӣ аз гузаштагон нест. Балки, фурсатест, то ҳар инсони муъмин бо пайравӣ аз Ҳазрати Иброҳим (а) худро бисанҷад, ки оё омода ҳаст то ба хотири арзишҳо ва ҳадафҳои болотари муштарак аз баҳри хостаҳо ва ормонҳои шахсиву гурӯҳиаш бигзарад ё не. Ҳазрати Иброҳим дар баробари имтиҳони сабр, азхудгузаштагӣ, итоат аз амри Парвардигор ва устуворӣ қарор гирифт ва танҳо пас аз муваффақ гаштанаш ин рӯз ид дониста шуд.

Номи асосии ин ид Азҳо ё Қурбон аст, вале ҳамзамон иди Сабру Устуворӣ ва Худшиносӣ мебошад. Барои он , ки ҳар кадоми мо соҳибҷашн бошему мутаъаллиқ ба ин ид, бояд худро ороста ба ин сифатҳо бисозем, ки ин рӯз ба хотири онҳо ид дониста шудааст.

Имрӯзҳо, ки барои миллати мо арзише болотар аз сулҳу ваҳдат ва суботу оромиш вуҷуд надорад, бояд ҳар кадом талош кунад ки онҳоро аз хостаҳои худ болотар бигзорад. Ҳамчунин, ҳадафе болотар аз ризои Худованд, озодиву каромати бандагони Ӯ, итоат аз амру фармонҳояш нест ва вазифаи ҳар инсон саъй барои расидан ба ин ҳадафҳост, ки танҳо дар партави арзишҳои боло зикршуда анҷом хоҳад гашт.

Имрӯз, ки мусалмонон дар он барои ризоияти Худованд аз моли ҳалолашон қурбонӣ мекунанд ва ба дигарон мебахшанд, намоде аз боло гузоштани ризои Худованд, манфиатхои мардум ва миллат бар манофеъи шахсӣ аст.

Ҳамчунин, дар рӯзи иди Қурбон, ки мусалмонон бо вуҷуди ихтилофи рангу забон ва мазҳаб аз саросари ҷаҳон бо либосҳои яксон ба зиёрати хонаи Худо мераванд, дар як макон Худованди яккаву ягонаро паҳлуи ҳам истода сано мехонанд. Ин маросими пуршукӯҳ дар ин рӯзи муборак рамзи он аст, ки Ислом дини қавме, нажоде ва гурӯҳи хоссе нест, балки дар ин рӯз фарқе байни инсонҳо аз руи рангу забону шакл нахохад буд:

Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,
Ки мо парвардаи як навбаҳорем.

Ба ҳамагон қабулии ибодатҳо ва сарбаландии дунёву охиратро аз Парвардигор таманно дорам!

Бо эҳтиром,
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ.