Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми табрикии раҳбари наҳзати исломии Тоҷикистон  ба муносибати оғози моҳи шари?

Паёми табрикии раҳбари наҳзати исломии Тоҷикистон ба муносибати оғози моҳи шари?

Ҳамватанони гиромӣ!
Фарорасии моҳи шарифи рамазонро ба якояки Шумо табрик гуфта, аз худованди маннон таманнои пазируфтани ибодатҳо ва омурзиши хатову гуноҳҳои ҳамаамонро дорам.
Парвардигор дар ҳадиси Қудсӣ ибодати рӯза доштанро хос барои Худ дониста, подоши онро ҳам сирре байни Худ ва бандаи рӯзадор медонад
(الصوم لي و أني أجزي به).
Миқдори савоби рӯзаи холис доштан ба касе маълум нест, фақат он маълум аст, ки Парвардигор Сахӣ, Раҳим, Ғафур ва Раҳмон асту ин сифатҳои Ӯ беканор ва ҳатман подоши бандагони рӯзадораш ба ҳадде бузург хоҳад буд, ки зебандаи сифот ва шаъни худи Ӯст, на тасаввур ва гунҷоиши маҳдуди зеҳни башарии мо.
Албатта, шарти рӯзаи холис барои Худо доштан ин танҳо худдорӣ аз хурдану ошомидан ва лаззоти дунё дар ин моҳ нест, балки дур нигаҳ доштани забон ва фикр аз ҳама чизи нораво аз лавозими он мебошад. Паёмбари акрам дар ҳадиси шариф мефармояд: ‘’Ҳар касе суханони дурӯғ (нописанд) ва амал ба онҳоро тарк нанамояд, Худованд ҳеҷ ниёзе ба тарки хурдану нушидани ӯ (яъне, рӯзаи ӯ) надорад’’. Пас, ҳикмат ва фалсафаи рӯза талош барои инсони беҳтар шудан дар давоми як моҳ ва баъди он мебошад, ки худдорӣ аз хурдану ошомидан дар соатҳои муайян чузъи ин раванди худсозӣ мебошад.
Ҳар инсон бояд аз худ бипурсад, ки давоми ин моҳ ва баъди он чӣ тағйири мусбате дар гуфтор, пиндор ва кирдори ӯ сурат гирифт ва танҳо худи ӯ ва Парвардигор медонанд, ки оё гирифтани рӯза барои банда ҷуз худдорӣ аз хурдану ошомидан боз натиҷае доштааст ё на.

Дар баробари парҳез аз дурӯғ, туҳмат ва кинатузӣ, лозим аст, ки инсон дар ин моҳ ба сухани ҳақ, адолатхоҳӣ ва кумак ба мардуми ниёзманд наздиктар бошад. Садақа кардан, эҳсонкорӣ ва баровардани ниёзи эхтиёҷмандон дар ин моҳ назди Парвардигор подоши худро дорад. Мутаъассифона, бархе садақа кардан, эҳсонкорӣ ва кумак ба мардумро танҳо дар додани мол ва либосу ғизо ба муҳтоҷон медонанд ва рӯзадоронро ҳам бештар ба ҳамин кор ташвиқ мекунанд. Даъвати мансабдорон ва уламо аз рӯзадорон барои кумаки молӣ ба ятимон, пиронсолон ва эҳтиёҷмандон дар ҳама суҳбату паёмҳо дар арафаи моҳи рамазон ва дигар идҳои мазҳабӣ бештар мегардад. Ҳамчуноне, ки рӯза доштан ба нахурдану наошомидан дар ин моҳ маҳдуд намешавад, садақа ва кумак ба мардум ҳам танҳо додани чанд маблағ ва ё молу ғизо ба камбизоатон нест. Тибқи фармудаи Паёмабари акрам (с) ‘’ Гуфтани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золим бузургтарин садақа аст. ‘’ хамон тавре, ки як ракаъат намоз ва ё як кори хайри мо дар моҳи Рамазон подоши чандбаробар дар муқоиса бо рӯзҳои дигар дорад, подоши як сухани ҳақ дар баробари зулм имрузҳо на танҳо садақа аст, балки бештарин подошро дорад. Ба хусус, барои касоне, ки аз лиҳози молӣ тавони кумак ба ниёзмандонро надоранд, фурсати хубест, ки инро аз ҳисоби кумаки маънавӣ ба онҳо ҷуброн кунанд. Агар аз кумаки молии мо танхо як нафар ё як оила истифода кунад, аз сухани ҳақ ва мубориза барои адолат ҳамаи миллат истифода хоҳад кард.
Имрузҳо ҳазорҳо зиндонӣ паси панҷара мунтазири кумаки маънавӣ ва ҳуқуқии мо нишастаанд. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ниёз ба адолат ва будан дар паҳлуи наздикони худ доранд. Ҳазорҳо соҳибкори тоҷик аз фишори андозу ришвархорҳои ҳукумат азият мешаванд. Магар садақае беҳтар ва бештар дар моҳи рамазон хоҳад буд, агар ба пштибонӣ аз ин гурӯҳҳои маҳрум ва мазлум садо баланд шавад? Оё эҳсоне бештар аз он хоҳад буд, ки дар ин моҳ пуштибонии саросарии миллӣ аз ду бонуи шуҷоъи тоҷик карда шавад, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи миллионҳо мусалмони ҳамватани худ мавриди туҳмат ва таҳқири мақомот қарор гирифтаанд? Оё даҳҳо шаҳрванде, ки барои талаби ҳақи қонунии худ аз ширкати ‘’Фароз’’ таҳти фишор қарор доранд, ниёз ба кумаки мову шумо надоранд? Оё кумак ба ин ҳама ҳамватанон ва гуфтани сухани ҳақ дар баробари зулм садақа нест? Агар ҳаст, пас беҳтар аз моҳи шарифи рамазон чи вақте хоҳад буд?

Яке аз мушкилоте, ки ҳамасола миллати моро дар арафаи идҳо домангир аст, ин болоравии нархҳост. Дар сурате , ки тибқи арзишҳои мазҳабӣ ва меъёрҳои иқтисодӣ ҳама чиз бояд баръакс бошад. Дар тамоми олам , ғайр аз Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо нархҳо поинтар мераванд. Ҷои таассуф аст, ки мақомот, раснаҳо ва бархе аз мардум болоравии нархҳоро дар арафаи идҳо бар души соҳибкорон гузошта, онҳоро ба ‘’кимматфурӯшӣ’’ ва ‘’беинсофӣ’’ муттаҳам мекунанд. Мақомот бо ташкили чанд ярмаркаи фуруши маводи ғизоӣ ва фиристодаи нозирон ба бозорҳо, инчунин, даъвати соҳибкорон ба арзонфурушӣ, масъулияти худро анҷомшуда меҳисобанд. Дар чашми мардум соҳибкорони ватаниро ‘’ фурсатталаб’’ ва ‘’ беинсоф’’ ҷилва дода, худро ғамхору дилсӯзи миллат метарошанд. Соҳибкоре, ки илова бар пардохтани болотарин андоз дар сатҳи минтақа ва ришваи саросарӣ ба ҳама мақомоти кишвар, боз маҷбур аст, ки тибқи дастур маҳсулоташро поинтар аз нархи бозор фурушад. Барои зарар накардан маҷбур аст, ки ба тақаллуб дар сифат ва ҳаҷми моли фурушӣ бизанад, ки боз ҳам бар зарари мардум анҷом мешавад.
Барои ҳар иқтисодшинос маълум аст, ки нархи бозорро танҳо қоидаи маъруфи ‘’пешниоҳод ва талабот ‘’ муайян мекунад, на супориш ва танзими мақомот ё даъват ба инсофу арзонфурушӣ. Таносуби табиии ‘’ пешниҳоди мол’’ ва ‘’ талаботи харидор’’, ки мувофиқ ба қудрати молии мардум бошад, натиҷаи сиесатҳои иқтисодии ҳукумат аст. Пас маълум мешавад, ки ҳукумат натавонистааст заминаҳои рушди иқтисоди бозаргонии устувор ва бозори озод дар кишварро фароҳам созад ва маҷбур аст сиёсатҳои авомфиребонаро (популистӣ) дар ин самт пеш бигирад. Вазифаи ҳар ҳукумат пеш аз ҳама эҷоди фазои солими иқтисодӣ, рақобатпазирии соҳибкорӣ ва таъмини бозор бо маводи ниёзи аввалияи мардум мебошад, на ҳар сол даъват кардан ба ‘’сарфакорӣ’’ ва ‘’инсоф’’. Мардуми шарифи тоҷик бояд бидонад, ки сабаби аслии гаронии нархҳо на соҳибкорон ё истеҳсолкунандагон, балки ришваситонии масабдорон, баландии андозҳо ва пардохти гумрукӣ, инчунин, номуносиб будани нархи об, барқ ва роҳҳо мебошад, ки дар ниҳоят болои нархи маҳсулоти бозор таъсир мерасонад.

Вақти он расидааст, ки миллат муборизаи воқеъиро алайҳи ришва, гаронии нархҳо ва андозҳои баланд оғоз кунад ва барои ин кор беҳтар аз моҳи Рамазон замоне нахоҳад буд. Чун ин беҳтарин Садақа ва Эҳсон ба худ ва миллионҳо ниёзманди миллат мебошад. Мо метавонем дар ин моҳ як бурда ноне ба камбизоате дароз кунем, ки ин ҳам хуб аст ва ҳамзамон метавонем коре кунем, ки миллионҳо нафари миллат аз садақапурсӣ наҷот биёбанд, балки худашон садақадиҳанда бишаванд.

Дар охир дуъо мекунам, ки Худованд дар қатори пазируфтани ибодатҳо, моҳи муборакро барои миллати мо оғози марҳалаи бедорӣ , рушд , фарохдастӣ ва озодӣ бигардонад.

Бародари Шумо,

Муҳиддин Кабирӣ