Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Паёми табрикии Раиси ҲНИТ ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикии Раиси ҲНИТ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз! Бародарону хоҳарони мӯҳтарам!
Фарорасии иди шарифи Қурбонро ба якояки шумо табрик гуфта, аз Худованд барои ҳамагон тансиҳатӣ ва саодатро хоҳонам.
Миллати шарифи мо иди Қурбонро ҳамроҳ бо миллионҳо мусалмонони дунё ҷашн мегиранд. Чунончи аз номаш бармеояд ин ид рамзи нисору истодагарӣ ва иродаву азимат аст. Гузаштан аз ҳавову ҳавас ва хостаҳои худ баҳри арзиши болотаре, ки дар рафторҳои Ҳазрати Иброҳим (а) ҳувайдо ҳастанд, яке аз омузаҳои аслии ин рӯз мебошад. Он чизе, ки имрӯз ҳамаи мо дар рафтор, гуфтор ва боварҳои худ ба он ниёз дорем ва бояд аз ин таърих биёмузем, қурбон кардани хоҳишоту ҳавасҳо ва ангезаҳои шахсиву гурӯҳӣ ба хотири арзиши волотаре мебошад.
Дар баробари ёдоварӣ аз рафторҳои Ҳазрати Иброҳим (а) лозим аст, ки нақши ҳамсари шуҷоъу боимони ӯ Ҳоҷарро низ зикр карда бошем. Устуворӣ, талош ва таваккал ба Парвардигори хеш на танҳо боиси наҷоти ӯ ва фарзанди хурдсолаш Исмоил гашт, балки пайдоиши сукунатгоҳе мисли Маккаро низ дар пай дошт. Маҳз ирода ва ҳиммати ин бонуи шикастнопазир ва подоши Парвардигораш ба ӯ, оғози як зиндагӣ ва ободӣ дар биёбони беоб мебошад. Инҷо лозим медонам модарону хоҳарони тоҷикро ба таври хос табрик намоям, ки бо заҳмату талош ва сабр дар баробари дурӣ аз шавҳару фарзандони муҳоҷири хеш душвориҳоро дар биёбони зиндагӣ мисли Ҳоҷар ба душ гирифтаанд.
Имрӯзҳо миллионҳо мусалмонон ва дар қатори онҳо, ҳамватанони мо низ дар маконе барои ибодат ҷамъ омадаанд, ки ҳазрати Иброҳим бо писараш Исмоил онро бо дастури Парвардигор бино карданд. Бо табрики ҳоҷиёни мӯҳтарам ба ин ид, аз онҳо бародарона хоҳиш дорем, ки ҳангоми дуъо барои худ, наздиконашон ва миллат дар ин амокини муқаддас, бародарони зиндонӣ ва муҳоҷири худро низ фаромӯш насозанд. Дуъоӣ шумо барои онҳо осонтарин, вале ҳамзамон, гаронтарин кумак ва дастгирӣ дар ин рӯзҳо мебошад.
Дар ин рӯзҳои иду шодӣ набояд аз ғаму азоби мусалмонони Миянмар дар канор монд ва вазифаи ҳар яки мост, ки бо дуъо ва ҳамдилӣ бо ин мардуми мазлум камтарин масъулияти инсонии худро анҷом дода бошем.
Имсол ба ҳам омадани иди Қурбон ва оғози соли таҳсил дар як рӯз ва тасмимҳои иштибоҳии мақомоти давлатӣ боиси пайдоиши баҳсҳое байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа гашт. Умедворам, ки ин танҳо як иштибоҳ буд, на идомаи сиёсатҳои пайвастаи баъзе гурӯҳҳо барои муқобили ҳам гузоштани арзишҳо ва помол кардани ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва мазҳабии мардум. Дар сурате, ки аксари кишварҳои мусалмонӣ ва ғайримусалмонӣ ба хотири ба ҳам омадани ин рӯз оғози таҳсилро як рӯз ақиб бурданд, лозим буд, ки мақомоти кившар иштибоҳи худро эътироф мекарданд ва ба хотири риояи қонун ва эҳтироми ҳуқуқи конститутсионӣ ва мазҳабии шаҳрвандон дар қарори худ тағйирот ворид мекарданд. Аммо, ин кор сурат нагирифт ва бори дигар паём ба ҷомеа фиристода шуд, ки аз нигоҳи давлатмардони имрӯзи кишвар иштибоҳ метавонад дар Конститутсия, дин ва ҳама қонуну анъанаҳои мардум бошад, вале на дар фикр ва тасмимҳои мансабдорони имрӯза. Пофишорӣ дар мавқеъи иштибоҳии худ аз ҳисоби помол кардани меъёрҳои қонун, ҳуқуқи мардум ба иду истироҳат ва инчунин мухолифи анъана ва таҷрибаи ҷаҳонӣ рафтор кардан, на танҳо аз чорчуби қонун берун рафтан аст, балки боло донистани худ аз қонун ва арзишҳои мардум ба ҳисоб меравад. Чун яке аз далелҳо барои чунин пофишорӣ дар мавқеъи иштибоҳии худ авлавият додан ба дониш пеш оварда шудааст, умедворам, ки дар Рӯзи дониш мансабдорони кившар аз боло то поин як соат вақти худро барои боло бурдани сатҳи дониши ҳуқуқии худ сарф хоҳанд кард. Ва ин ҳатман кумак мекунад то бидонанд, ки вазифаи як ҳукумат ва як давлатмарди муосир дар баробари шаҳрвандони хеш чист, кадом корҳоро бояд анҷом диҳад ва аз чи корҳое бипарҳезад.
Бо истифода аз фурсат, ҳамватанони азизро ба Рӯзи дониш ва фарорасии ҷашни Истиқлолият низ табрик намуда, аз Худованд таманно дорам, ки барои миллат маърифату огоҳии бештар ва барои ватан истиқлолияти воқеъиро насиб гардонад.
Муҳиддин Кабирӣ
Раҳбари ҲНИТ
31.08.2017